Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нуқра
Аз ҳар бобНуқра дорои хосиятҳои зиддимикробӣ ва антибиотикӣ буда, бар зидди бактерияҳо ва микроорганизмҳои зараровар самаранок истифода мешавад. Пӯшидани ҷавоҳироти нуқрагӣ, дар ангушт ва даст муҳофизати масунияти баданро афзоиш медиҳад.
Ин металл қобилияти ҷавонсозӣ ва рушди эҳсоси мусбиро дорост. Он соҳибашро аз чашми бад нигоҳ дошта, эҳсосоти манфиро ба худ мекашад. Нуқра ҳамчун воситаи пурқудрати руҳонӣ истифода шуда, ҷавоҳироти нуқрагӣ аз қабили гӯшвору гарданбанд, дастбанд ва ангуштарин соҳибашро ҳамчун сипари муҳофизатӣ эҳтиёт мекунад.
Пӯшидани нуқра маблағ ва равнақро низ ҷалб менамояд. Мегӯянд, ки доштани тангаи нуқра дар ҳамёнатон метавонад шахсро бадавлат гардонад. Нуқра бо қувваи зуҳуру фаровонӣ алоқаманд буда, ба соҳибаш бахту сарватро насиб мегардонад.
Нуқра табъро хуш, қувваро дучанд ва хастагиро рафъ мекунад. Истифодаи дурусти нуқра системаи иммунии инсонро мустаҳкам, шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хунро зиёд ва сатҳи гемоглобинро афзоиш медиҳад.
Нуқра барои занон муфид буда, асабҳоро ором ва кори дилро беҳтар мекунад. Бар зидди бехобӣ низ беҳтарин восита ба шумор меравад. Занонро ҳимоят карда, ҳисси ботиниашонро тақвият бахшида, намуди зоҳириашонро боз ҳам зеботару бовариро ба худашон меафзояд. Ҷавоҳироти нуқрагӣ ба ҷинси латиф бахт ва шукуфоиро ҳадия менамояд.
Ин металлро барои табобати бемориҳои пӯст ва захмҳо, дерматозҳо, сӯхтаҳо, псориаз, бавосир, артрит ва вулвовагинит истифода мебаранд. Нуқра инчунин қобилияти табобати яраҳои трофикиро дорад, ки бо ихтилоли гуногуни гардиши хун ба вуҷуд меоянд.
Аз зарфҳои нуқрагӣ хӯрок хӯрдан аз пешгирии бемориҳои илтиҳобӣ, мустаҳкам кардани системаи масуният ва беҳтар кардани мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунанд. Зарфҳои нуқрагӣ дорои хосиятҳои солимгардонӣ ва шифобахшӣ мебошанд.
Доруҳои дар таркибашон нуқрадошта, барои бемориҳои гулӯ, чашм ва системаи пешоб, инчунин барои табобати захмҳо ва эрозияи бофтаҳо истифода мешаванд. Нуқра ҳатто барои табобати бемориҳои вазнин, ба монанди саратон фоидаовар аст.
Нафароне, ки мунтазам ҷавоҳироти нуқра мепӯшанд, эҳтимолияти камтар ба бемории артрит гирифтор шуданро дошта, дарди буғумҳоро эҳсос намекунанд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











