БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Синтетика

Аз ҳар боб

            Матоъҳои синтетикӣ нафаскашии пӯстро заиф намуда, аз худ намӣ мебароранд.  Махсусан дар ҳавои тафсон, ки он  боиси зиёд шудани арақи бадан  ва гармӣ мешаванд. Ин ҳолат дар бештари мавридҳо боиси пайдоиши  доғҳои пӯст,  махсусан дар одамони гирифтори ҳассосият ба назар мерасанд.

Рахти хоби аз матоъои синтетикӣ буда   моддаҳои заҳролудро хориҷ мекунанд, ки боиси мушкилот дар  системаи дилу раг ва асаб мегарданд. Он  метавонад нафастангиро ба вуҷуд оварда,  инчунин ба  парвариши микроорганизмҳо ва занбӯруғҳо замина гузоранд.

Матоъҳои синтетикӣ одатан нафаскашии заифи пӯсти баданро  ба вуҷуд оварда,  имкон намедиҳанд, ки ҳаво дар рӯи пӯст хуб гардиш кунад. Ҳангоми пӯшидани либоси синтетикӣ дар ҳавои тафсон  ё ҳангоми машқҳои вазнини  ҷисмонӣ нороҳатӣ ва аз ҳад зиёд гармшавӣ ба вуҷуд меояд.

Матоъҳои синтетикӣ  рутубат  ва ҳаворо нагузаронда,  мубодилаи гармии табиии баданро вайрон менамояд. Дар натиҷа  шахс  тамоми шаб арақ карда,   ё хунук мехӯрад. Чунин рахти хоб метавонад барои онҳое, ки ба ҳассосият гирифторанд, зараровар бошад. Бо вуҷуди ин, чунин ҷойхоб  барои одами солим низ хоби бароҳатро таъмин наменамояд.

Ҳамин гуна дарди буғумҳо,  мушакҳо ва бемориҳои дил метавонанд  аз он ҷо сарчашма гиранд. Матоъҳои синтетикӣ ҷойи ҳавокашӣ  надоранд ва гигроскопӣ нестанд. Ин гардиши ҳаворо вайрон намуда,  боиси зиёд шудани арақ мегардад. Барои афзоиши бактерияҳо, махсусан дар тобистон, шароити мусоид фароҳам меорад.

Олимон мушоҳида кардаанд, ки одамоне, ки бештари либосҳояшон аз  маводи синтетикӣ аст, аз хобҳои даҳшатнок, хастагӣ ва хашмгинӣ азият мекашанд. Таҳдиди асосӣ аз  матоъҳои синтетикӣ дар он аст, ки  миқдори зиёди моддаҳои кимиёвии гуногунро  дар таркиби хеш доранд.                                                           

                                                                                                          Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон