Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Аз фарзандон амалҳои ғайриимконро талаб накунед»
Аз ҳар боб«Аз фарзандон амалҳои ғайриимконро талаб накунед»
Ё бист маслиҳат барои волидон
1. Беитоатӣ ё ба истилоҳ волидонро гӯш накардани фарзанд ин амалест, ки кӯдак барои муқобила бо бадрафторӣ онро иҷро менамояд.
2. Гапгардон ва нописандии кӯдакон ба калонсолони хонавода натиҷаи муносибатҳои дурушт дар оила аст.
3.Кӯдакро беғаразона ё холисона дӯст доред! На барои зебову оқил буданаш ё на барои қобилияти хуб доштанашу хонанди беҳтарин ва фаъоли мактаб буданаш.
4. Чӣ қадаре ки кӯдакро маломат кунанд, ҳамон қадар бадтар мешавад. Чаро? Зеро волидон барои инкишоф додани рефлексҳои шартии фарзандони худ масъул нестанд.
5. Ҳар қадар волидайн нисбати фарзанди худ бо хашму ғазаб муносибат намояд, ӯро сарзаниш ва танқид кунад, андешаи «Онҳо маро дӯст намедоранд» як умр кӯдакро домангир мешавад.
6.Интизом замоне дар оила побарҷост, ки таҳкурсии асосӣ дар хонадон муносибати нек нисбати кӯдак бошад.
7. Дар ҳолати машғул будани кӯдак ба коре ё дарс тайёр карданаш ба ӯ халал нарасонед, то он даме, ки худаш аз шумо кӯмак напурсад. Бо он ки дахолат мекунед, беҳтараш тавсиф аз амали ӯ кунед. Масалан: «Ту тавонистӣ! Ту албатта метавонӣ» ва ғайра.
8. Агар фарзанди шумо дар ҷараёни дарсхонӣ ё иҷрои амале душворӣ кашаду ниёз ба кумаки шумо дошта бошад, ҳатман ба ӯ ёрӣ расонед.Дар ин ҳолат танҳо он чизеро, ки худаш карда наметавонад, ба дӯш гиред ва боқимондаашро ба худаш вогузор кунед.
9. Шахсият ва қобилияти кӯдак танҳо дар ҳамон вақте инкишоф меёбад, ки ӯ бо хоҳиши худ ва бо шавқ ба он машғул шавад.
10. Давраи наврасӣ мисли бемории «сурхча» аст, ки онро ҳар кӯдак ба ҳар гуна мегузаронад. Баъзеҳо давраи ба балоғатрасиро ба истилоҳ «вазнин» мегузаронад, ки баъди солҳо ёд аз он замон намуда, дар дил механданд. Дар ин синну сол, яъне замони наврасӣ набояд волидайн бо фарзандон муноқиша ё баҳсҳои бемаънӣ кунанд.
11. Фарзандон дар он сурат ба камол мерасанд, ки бо амалҳои манфӣ рӯ ба рӯ шаванд ё ба хатоҳо роҳ диҳанд. Пас, аз иштибоҳ намуданашон эрод нагиред ва барои ҳар хатояшон сарзаниш накунед.
12. Мегӯянд, ки амал кардӣ, одат шавад, одат кардӣ, хислат шавад ва хислат оқибат такдир шавад! Яъне, он чӣ аз хислати инсон ба сари худи ӯ меояд, аз тақдир мебинем. Пас, на ҳар рафтори инфиродии кӯдак боиси норозигии волидон бошад. Кӯшиш намоед, ҷилавгирӣ аз рафторҳои ношоистаи фарзанд намоед.
13. Шумо метавонед рафтори кӯдакро муҳокима кунед, аммо на эҳсосоти ӯро. Норозигӣ аз амали кӯдак набояд мунтазам идома ёбад.
14. Рафтори номатлуби кӯдак ин амали маъмулист.
15. Фарзанд меандешад, ки модари сахтгираш аз эҳсосоти ӯ бехабар аст. Волидон мебоист чун равоншинос эҳсосоти кӯдакро низ ба инобат гиранд.
16. Кӯдакро баъзе ҳолатҳо ба ҳоли худаш гузоред. Ҳама вақт ӯро барои ҳар амалаш танқид карда, зиёд пургӯӣ накунед. Ба ҳар коре маҷбур насозед!
17. На ҳама вақт назорати аз ҳад зиёд натиҷаи хуб медиҳад. Ба мисоле, ки агар ба ҳусни хати равону зебо аҳамият диҳем, маънии матнро гум мекунем.
18. Рисолати аввалиндараҷаи волидону омӯзгорон аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандон талош варзанд ва худшиносию худомӯзиро дар ботини онҳо ҷой намоянд.
19. Вақте кӯдак дар ҳолати ғамгину хаста аст, тарс аз чизе дорад, ё умуман, ҳолати равониаш хуб набошад, ба ӯ фаҳмонед, ки аз аҳволаш бохабар ва омодаи кӯмак намудан ҳастед.
20. Аз фарзандатон чизе ё амалеро, ки барои ӯ анҷом доданаш ғайриимкон ё душвор аст, талаб накунед. Баръакс, кӯшед, ки дар муҳити кӯдак тағйиротеро ба вуҷуд оред, ки ӯ тавонад дар иҷрои ин ё он амал худаш завқ пайдо кунад.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо











