БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ростқавлӣ хислати наҷибест 

Аз ҳар боб

         Ростқавлӣ ба саломатӣ таъсири судманд расонда ба   коҳиш додани асабоният ва беҳтар кардани ҳолати  руҳӣ ва ҷисмонӣ боис мегардад. Нафарони  ростқавл  бо фишори хун ва бемориҳои дил камтар дучор мешаванд.

Ростқавлӣ метавонад ба муносибатҳои мустаҳкам бо дӯстон, оила ва ҳамкорон оварда расонад. Ростқавл будан ба таҳкими эътимод ба худ кӯмак намуда ба  солимии равонӣ ва зиндагии комил сабаб мегардад.

 Муносибати софдилона ба ҳаёт инсонро  беҳтар, қавӣ ва хирадмандтар  мегардонад. Ростқавлӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бо нафарони гирду атроф муносибатҳои дурустро ба роҳ монем.  

Ҳангоме,  ки мо дар фикрҳо, ҳиссиёт ва амалҳои худ ростқавл ҳастем, заминаи эътимодеро эҷод мекунем, ки дигарон метавонанд ба он такя кунанд. Ростқавлӣ барои эҷоди муносибатҳои солими шахсӣ ва ҳам касбӣ муҳим ҳисоб меёбад.

Ростқавлӣ яке аз муҳимтарин хислатҳои инсонист. Он ҷасорат ва боварии инсонро ба худ  мустаҳкам мекунад. Нафари ростгӯ аз  оромии руҳии худ лаззат мебарад. 

     

Ростқавлӣ як хислати нек ҳисоб шуда,  ҷузъи ҷудонашавандаи хислатҳои ахлоқӣ мебошад. Он заминаи эътимодро дар муносибатҳо ба вуҷуд оварда  имкон медиҳад, ки бо дигарон робитаҳои мустаҳкамро ба роҳ монем.

Ростқавлӣ мисли оинаест, ки дар он шахс симои ҳақиқии худро мебинад. Агар мо нисбат ба худ софдилона назар кунем, метавонем ҷиҳатҳои қавӣ ва сустии худро, фазилат ва камбудиҳои худро беҳтар дарк кунем.

Қувваи ростқавлӣ аксар вақт бо худтанзимкунӣ алоқаманд буда ҳадафҳои ва  арзишҳои шахсро  дақиқ инъикос мекунанд. Ростқавлӣ ба одамон имкон медиҳад, ки барои эҳсосот ва рафтори худ масъул буда онро  эътироф намоянд  ва аз онҳо баҳра баранд.

                                                                                        Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 48)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон