Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рангҳо ба инсон чӣ таъсир мерасонанд?
Аз ҳар бобРангҳо ба руҳияи инсон таъсири қавӣ расонда, ба набз, фишори хун, ва ҳормонҳо таъсири мусбӣ мерасонанд.
Ранги сурх узвҳои даруниро фаъол карда, ба гардиши хун таъсири мусбӣ мерасонад. Марказҳои асабро фаъол намуда, ба ҷигар ва мушакҳо нерӯ мебахшад ва афсурдаҳолиро рафъ мекунад.
Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки ранги сурх метавонад барои кам кардани вазни бадан кумак карда, мубодилаи моддаҳоро афзоиш диҳад. Он ҳамчунин ба табобати захмҳо муфид аст.
Ранги норанҷӣ кори меъдаву рӯдаҳоро ба таҳрик оварда, ба узвҳои дохилӣ, аз қабили испурч, ғадуди зери меъда, гурдаҳо таъсири судманд мерасонад. Он барои табобати мушкилоти роҳҳои нафас кумак карда, иштиҳоро бедор мекунад.
Ранги зард шиддати асабро рафъ карда, барои мушакҳо қувваро фароҳам меорад. Он ҷигар, рӯдаҳо ва пӯстро тоза мекунад.

Сабз кашиши рагҳоро рафъ карда, фишори хунро паст ва дарди сарро табобат мекунад. Рагҳои хурдро васеъ карда, ба бемориҳои дилу рагҳо, асаб, нафастангӣ, буғумдард, беқувватӣ ва бехобӣ кумак мекунад.
Ранги кабуд фишори хунро паст карда, набзи дилро суст ва барои бехобӣ кумак мекунад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои безараргардонии ҳуҷраҳо ва табобати бемориҳои гӯш, бинӣ, гулӯ ва чашм истифода мешавад.
Ранги бунафш фаъолияти испурчро беҳтар карда, барои мустаҳкамии мушакҳо, ба эътидол овардани системаи савдоӣ (лимфа) барои бемориҳои дил, нимсар ва табобати устухонҳо кумак мекунад.
Ранги сафед шахсро ором карда, бовариашро ба худ зиёд ва барои дур кардани фикрҳои манфӣ, эҳсосот ва руҳия кумак мекунад. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар лаҳзаҳои душвор ва афсурдаҳолӣ либоси сафед ба бар намоед.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо










