БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хотираро мустаҳкам намоед!

Аз ҳар боб

      Инсон новобаста аз синну сол, дар  давоми зиндагӣ ба мушкилоти хотира дучор мегардад. Фаромӯшхотирӣ дар натиҷаи асабоният, афсурдаҳолӣ ё камхобӣ  ба вуҷуд меояд. Заифии  хотира ба  зиндагии инсон таъсири манфӣ мерасонад.  

Чойи сабз изтиробро рафъ намуда,  хотираро  беҳтар мекунад. Ҳар рӯз нӯшидани шарбати афлесун ва чой аз одамгиёҳ (женшен), қаҳва ва ҷурғот  солимии майнаро  нигоҳ медорад. 

Қулфинай ва марминҷон дорои антиоксидантҳо, витамини C ва флавоноидҳо буда,  ба беҳтар шудани хотира ва муҳофизат кардани майна аз осеб мусоидат мекунанд.

Хондани китоб  бо овози баланд як роҳи муассири таҳкими хотира мебошад. Муҳим аст, ки ҳар як калима бурро  талаффуз шавад. Кӯшиш кунед, то ин амалро бо эҳсосот иҷро намоед. Мисле, ки шумо бо шахси дигар муошират карда истодаед.

Ҳал кардани кроссворду муаммоҳо, бозии калимаҳо, шашка,  шоҳмот ва навохтани асбобҳои мусиқӣ фаромӯшхотириро рафъ менамояд.

Себ, меваҳои ситрусӣ, банан, кабудӣ, карам, чормағз, пиёз, сир, сабзавоти сабз ва помидор  хотирараро бақувват мекунанд.   Йод як микроэлементи муҳимест, ки барои хотираи хуб ва рушди равонӣ  зарур аст.

Ғизои нодуруст, бисёр  нишастан,  истеъмоли машрубот ё маводи мухаддир, тамокукашӣ ва дигар одатҳои бад вазъи  саломатии майнаро  вайрон карда фаромӯшхотириро ба вуҷуд меоранд.

Ҷароҳатҳои тасодуфӣ, бемориҳои музмин, варамҳо,низ хотираи инсонро  пурра ё қисман коста менамояд.

Ҳафтае ҳадди аққал 150 дақиқа машқҳои мӯътадили аэробикӣ, аз қабили пиёдагардӣ ё  давиданро  анҷом диҳед, то ба фаромӯшхотирӣ гирифтор нашавед.

                                                                                   Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 51)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон