БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Чаро модарон ба сари фарзандон маҷбуран кулоҳ мепӯшонанд?

Аз ҳар боб

То ҳол миёни мардум баҳсе вуҷуд дорад, ки магар кас аз сардӣ бемор мешавад? Худи сардӣ сироят намекунад, аммо метавонад қобилияти муҳофизатии организмро заиф гардонад. Вақте ҳарорати бадан ҳатто ним дараҷа пойин мешавад, рагҳои луоби бинӣ ва гулӯ фушурда шуда, гардиши хун кам мегардад. Дар ин ҳолат дилхоҳ микроб, ки пеш ворид шуда наметавонист, осон худро “ҷо” мекунад. Аз ин рӯ, шамолхӯрӣ на аз шамол, балки аз вокуниши заифи бадан ба бактерияҳо пайдо мешавад. 

Вобаста ба ин пӯшидани кулоҳ муҳим аст, ки он на барои гарм кардани гӯшҳо, балки барои фаъолияти муътадили майнаи сар зарур аст. Зеро 30 % гармии бадан маҳз тавассути сари инсон берун меояд, махсусан дар кӯдакон. Вақте майнаи сар сахт хунук мехӯрад, ба организм мефармояд, ки гармии даруниро ҳифз намояд. Бадан хунро аз ангуштони дасту по, бинӣ ва гулӯ мегирад. Маҳз ҳамин вақт роҳҳои нафас сахт шамол мехӯрад. Инсон на тавассути бадан, балки аз сар хунук мехӯрад.

 

Кулоҳи ҷома (капюшон) сарро наметавонад аз сардӣ пурра муҳофизат кунад. Ҳавое, ки байни пӯсти инсон ва матоъ мегузарад, гармиро дар худ нигоҳ намедорад, балки ҷараёни ноаёни ҳаво хунукхӯриро ба вуҷуд меорад. Кулоҳ баръакс, гармиро дар сар нигоҳ дошта, аз тангшавии рагҳо эмин медорад. Гарм нигоҳ доштани сар на танҳо барои ҳузур ҳаловат, балки барои гардиши муътадили хун дар бадан зарур аст. 

Аз ҷанбаи нейрофизиологӣ бошад ҳангоми сардӣ сарриштаи сегонаи асабҳо (тройничний нерв) фаъол мегардад ва агар онро сармо занад, метавонад ихтилоҷи рагҳои рӯй, дарди сар ва ҳатто дарди гӯш пайдо гардад. Баъдан мегӯянд, ки “гӯшам шамол хӯрд”, лек гӯш на шамол, балки гӯш аз ҳарорати хунук зарба мегирад. Ин ҳолат бо занҳо бештар рух медиҳад, зеро рагҳо ба тағйирёбии ҳарорат зуд вокуниш нишон медиҳанд.  Барои ҳамин кулоҳ пӯшидан танҳо “тавсияи модар” набуда, балки роҳи хуби пешгирӣ аз бемории нефрит (илтиҳоби гурдаҳо) маҳсуб меёбад.    

Ва аз ҳама муҳим, эҳсоси гармӣ дар сар бевосита ҳисси бехатариро меорад. Вақте бадан гарм аст, миқдори кортизол (ҳормони стресс) дар организм пойин рафта, нафаскашӣ устувору руҳия ором мегардад. Ин аст, ки кӯдакони дар сардӣ кулоҳ надошта дилтангиву инҷиқӣ мекунанд, ки ин на аз якравӣ, балки аз стресс гирифтани онҳо бармеояд.  

Аммо рамзист бидонем, ки кулоҳ сарро на аз вирусҳо, балки аз он муҳите, ки ин вирусҳо дар он шароит пирӯз меоянд, муҳофизат мекунад.

                                                                                              Таҳияи Ситора Ашӯрова    

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 53)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон