Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Расмкашӣ
Аз ҳар бобРасмкашӣ асабониятро коҳиш дода, ҳаракати нозуки дастҳо, хотира, тафаккур ва таваҷҷуҳро инкишоф медиҳад. Эҳсосият ва худшиносиро беҳтар карда, эҷодкориро дар ниҳоди шахс бедор менамояду ӯро водор мекунад, то ҷаҳонро бо диди беҳтар назар кунад.
Расмкашӣ барои хубтар намудани руҳия ва бо ғаму андуҳ ва афсурдаҳолӣ мубориза бурдан кумак карда, хотираро мустаҳкам менамояд. Чӣ қадаре инсон бештар расм кашад, ҳамон қадар хоҳиши расмкашӣ дар ӯ бештар бедор мешавад. Санъати тасвирӣ ҳамчунин раванди пиршавиро суст карда, ақлро бурро менамояд.
Ҳангоме, ки шумо расм мекашед, майнаи шумо аз фикрҳои ташвишовар ба эҷодкорӣ мегузарад. Интихоби ранг ва тамаркуз дар коғаз сатҳи кортизол, ҳормони афсурдаҳолиро коҳиш медиҳад. Равоншиносон бар он назаранд, ки ҳатто 20 дақиқаи расмкашӣ давоми рӯз метавонад системаи асабро ором кунад.
Расмкашӣ ба кас имкон медиҳад, то эҳсосотро, ки аксар вақт бо калима ифода кардан ғайриимкон аст, баён кунад. Новобаста аз синну сол, таҷриба ва сатҳи истеъдод он барои ҳама муҳиму дастрас аст. Аз ин рӯ, шумораи бештари одамон дар саросари ҷаҳон расмкаширо барои худ ҳамчун як шакли табобати равонӣ кашф кардаанд.
Расмкашӣ чун кори фароғати эҷодӣ ба инсон қувваи зиёдро фароҳам меорад. Он ба шахс неруи тоза дода, дурнамои тоза ва хоҳиши эҷодиро ба вуҷуд меорад. Расмкашӣ як тадбири олии пешгирикунанда бар зидди бемориҳои мағзи сар аст. Ин фаъолияти эҷодӣ барои мубориза бо бемориҳои деменсия ва Алтсгеймер беҳтарин восита аст.
Расмкашӣ таҷрибаи тағйирёбанда бо манфиатҳои гуногунҷабҳа аст. Он малакаҳои мушоҳидакориро такмил дода, эҷодкориро инкишоф медиҳад ва ба худнамоӣ мусоидат мекунад. Машқҳои мунтазами рассомӣ сабрро инкишоф дода, тамаркузро беҳтар мекунад.
Расмкашӣ ифодаи эҳсосот бидуни калима мебошад. Он метавонад ба осонӣ дар бартараф кардани шармгинӣ ва баланд бардоштани эътимоди шахс ёрӣ расонад. Зеро нафароне, ки ба фаъолияти эҷодӣ машғуланд, нисбат ба онҳое, ки ба ин машғулият сарукор надоранд, худшиносии бештар доранд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











