Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Қувваи меҳрубонӣ
Аз ҳар бобМеҳрубонӣ неруест, ки ба инсон таъсири мусбӣ расонда, сатҳи ҳормонҳои хушбахтиро боло бурда, асабониятро коҳиш медиҳаду дил ва масуниятро мустаҳкам мекунад. Ҳамчунин, он барои баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ, коҳиш додани танҳоӣ ва дароз кардани умр муфид аст. Зеро амалҳои нек марказҳои ба ҳаловат вобаста будани майнаро фаъол карда, ба ташаккули робитаҳои мусбати иҷтимоӣ мусоидат намуда, некиро ба вуҷуд меорад.
Меҳрубонӣ дар амал кардан бо муҳаббат, ҳамдардӣ ва фаҳмиш нисбат ба дигарон ифода меёбад. Меҳрубонӣ қудрати тағйир додани муносибатҳо, фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусоидат ба некуаҳволии умумиро дорост.
Меҳрубонӣ на ҳамеша қурбонии бузургро талаб мекунад. Баъзан ин танҳо қобилияти пурсабр будан ва дигаронро сахт маҳкум накардан аст. Он метавонад бахшиш, фаҳмиш ва ба додани имконияти дуюм алоқаманд бошад. Меҳрубонӣ дар атрофи шахс фазои мусбӣ ба вуҷуд оварда, муносибатҳоро беҳбуд бахшида, бовариро фароҳам меорад.
Нишон додани меҳрубонӣ ба мо кумак мекунад, ки робитаҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани эътимод ва қабул дар муносибатҳо ва баланд бардоштани хушбахтии умумӣ сабаб гардад. Аҷибтарин хосияти меҳрубонӣ дар он аст, ки ҳар қадар меҳрубонӣ зоҳир кунед, ба ивазаш ҳамон қадар меҳрубонӣ мебинед.
Меҳрубонӣ аксар вақт ҳамчун нишонаи заифӣ ё соддагӣ ҳисобида мешавад, аммо дар асл он як қувваи тавоноест, ки ҷаҳони моро ба сӯи беҳтар тағйир медиҳад.
Амалҳои меҳрубонӣ на танҳо ба нафари гиранда, балки ба онҳое, ки ин амалро иҷро мекунанд, фоида меорад. Онҳо ба ин восита худбаҳодиҳии худро баланд карда, душвориҳои шахсиашонро бартараф мекунанд.
Меҳрубонӣ дар қобилияти гуфтани суханони нек зоҳир мешавад. Ба монанди тавсиф намудани каси дигар, суханони руҳбаландкунандава ғайра. Охир, сухани нек метавонад руҳияи касро баланд бардошта, бовариашро ба худ зиёд карда, шахсро хушҳол кунад. Меҳрубонӣ ҳатто дар як табассуми оддӣ низ ифода меёбад.
Олимон кашф кардаанд, ки анҷом додани корҳои нек барои саломатии кас метавонад муфид бошад. Одамони меҳрубон ва дилсӯз аз асабоният эмин буда, ба фишорбаландӣ камтар дучор мешаванд. Бо анҷом додани корҳои нек онҳо худро нисбат ба дигарон хушбахттар эҳсос мекунанд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











