БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Барф

Аз ҳар боб

Барф бактерияҳо ва вирусҳоро нест карда, маҳсулнокии майнаро аз ҳисоби зиёд шудани таъминоти оксиген зиёд мекунад. Бо вуҷуди ин, тоза кардани барф гардиши хун, мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва мушакҳоро мустаҳкам мекунад.

Рӯзҳои барфӣ асабониятро аз байн бурда,  ба шахс  неру мебахшад. Манзараҳои барфӣ руҳияи манфии инсонро  коҳиш медиҳад.  Барфбозӣ  на танҳо ба кӯдакон, балки ба  калонсолон низ  эҳсосоти мусбатро ба вуҷуд меорад.

 

Барф ҳамчун табобати табиӣ барои рӯй истифода мешавад. Барои тароватбахш шудани рӯй барфро ба  рӯй истифода баред. Барои тароватбахш шудани рӯй  барфро ба пӯсти рӯй  молед.

Аз боридани  барф ҳисси оромӣ инсонро фаро мегирад. Пас аз боридани барфи зиёд ҳаво тоза шуда,  моддаҳои зарарнок ва  бӯй маҳв мегарданд. Одамон худро ҳангоми резиши барф  ором ва қаноатманд ҳис мекунанд.

Ҳамин тавр, вақте ки шумо пас аз боридани барфи тоза ба берун мебароед, аксар вақт бӯи тароватбахш ва тозаро дар ҳаво мушоҳида мекунед.

Барф барои пӯст муфид буда, рагҳои хунро тобнок карда, ранги  рӯйро беҳтар мекунад.  

Барф як унсури муҳими тартиби экологӣ буда, ба рушди  растаниҳо манфиат мебахшад. Дар фасли зимистон, дар муҳофизат ва зинда мондани онҳо нақши муҳим мебозад.

Қабати барф  барои танзими ҳарорати сатҳи замин кумак карда,  пас аз об шудани барф дарёҳо ва обанборҳо дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, пур аз об мегардад. Барои захира кардани об барф беҳтарин восита ба шумор меравад.   

                                                                    Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон