БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Орзу   

Аз ҳар боб

Орзу падидаи нодири физиологӣ барои инсон буда, майнаро фаъол ва асабониятро коҳиш медиҳад. Руҳияро тавассути истеҳсоли дофамин ва эндорфинҳо беҳтар намуда, эҷодкориро инкишоф медиҳад. Шахс ба ин васила пеши худ ҳадаф гузошта,  худбаҳодиҳиро қавӣ мегардонад.

Он ба муайян кардани самти ҳаёт кумак карда, ба шахс имкон медиҳад, ки инсон  рушд намояд ва  имкониятҳояшро васеъ кунад. Дар лаҳзаҳои душвор орзу  ба инсон қувват бахшида, барои  истодагарӣ кардану беҳтар шудани ҳаёт кумак мекунад.

 

Шахс ҳини орзу намудан ояндаи дурахшон ва ҷолиберо тасаввур мекунад. Ин ба ӯ ҳавасмандӣ бахшида, барои анҷом додани корҳои бузург руҳбаланд мекунад. Инсон дар бораи қадамҳо ва корҳое, ки барои амалӣ кардани орзуҳояш заруранд, фикр карда, нақшаи амал ва роҳи муваффақиятро эҷод мекунад.

Орзу равандҳои тафаккурро тезонда,  ҷиҳатҳои мусбии шахсро инкишоф дода, барои рушд кардан ёрӣ мерасонад. Орзу руҳияи касро беҳтар карда, умри инсонро дароз менамояд.

Бе орзу ҳаёти инсон  дилгиркунанда ва якранг гузашта, шахс дар зиндагӣ ба чизе ноил намегардад.

Орзу кардан барои  зиндагиро дӯст доштан муҳим аст. Он барои бартараф кардани душвориҳо, инкишоф ёфтан ва беҳтар шудан кумак мекунад.

Орзу кардан яке аз хусусиятҳои муҳими шахси хушбахт ба ҳисоб меравад.  Орзуҳо, мисли сухан, қудрати азимро доро буда,  ба  тафаккури инсон таъсир мерасонад. Ҳангоми орзу кардан  тасаввурот ва тафаккури эҷодии шахс инкишоф меёбад.

 Он барои ба  қобилияти худ бовар кардан ва маънои ҳаётро дарёфтан кумак мекунад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки одамон боорзу хушбахтаранд.

                                                                           Таҳияи Мадина Балаҷанова

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 58)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон