БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

     Манфиати ғизои хонагӣ

Аз ҳар боб

       Таҳияи ғизо  дар хона сифати  онро беҳтар карда, умрро дароз ва ҳазмшавии маводи ғизоиро беҳтар мекунад. Кори рӯдаи ҳозимаро низ осон намуда, сироятҳоро пешгирӣ мекунад. Ҷӯшондану буғ кардан ғизоро бехатар ва нармтар карда,  пайдоиши моддаҳои зарароваре, ки меъдаро осеб мерасонанд,  пешгирӣ менамояд.

Пухтупаз барои рафъи эҳсосоти манфӣ кумак карда, сабру тоқатро дар вуҷуди инсон инкишоф дода, ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад. Фаъолияти майнаро беҳтар карда,  метавонад ҳолати руҳиро  хуб гардонад.

Ҳатто тайёр кардани хӯрокҳои оддӣ дар хона метавонад қаноатмандии эҷодиро ба вуҷуд орад. Гузариш ба парҳези солим аз хӯрокҳои дар хона пухташуда метавонад устувории шуморо ба асабоният ва изтироб зиёд намояд. Пухтупаз ва истеъмоли ғизо бо аҳли оила роҳи хуби  робита бо наздикон ҳисоб меёбад.

Нафароне, ки дар хона хӯрок мепазанд, нисбат ба онҳое, ки мунтазам дар берун хӯрок мехӯранд, калорияҳои камтар истеъмол мекунанд. Ҳамчунин барои харидани ғизо аз берун маблағро  сарфа  карда,  бо мурури замон вазни камтар мегиранд.

Усулҳои аз ҳама солим дар  пухтупаз  ҷӯшонидани маҳсулот ба  ҳисоб меравад. Зеро  сабзавотҳо, гӯшт ва моҳӣ ба осонӣ ҳазм мешаванд. Ғайр аз он, ғизоҳои обпаз эҳтиёҷ ба равғанро аз байн бурда, калориянокии ғизоро камтар  мекунад.

Пухтупаз метавонад дар мубориза бо танҳоӣ, ки бо асабоният, ноҷӯрии дил ва дигар бемориҳо алоқаманд аст, кумак кунад. Ҳамчунин омода кардани ғизо метавонад шахсро хушмоимила   кунад.

Хӯроктайёркунӣ барои солимии равонӣ манфиатҳои зиёд дошта ба рушди тафаккур, коҳиш додани асабоният ва изтироб, баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ аз  ҳисси муваффақият ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ  мусоидат менамояд.

                                                                               Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон