Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Асрори табассум
Аз ҳар бобТабассум воситаи пурқувват кардани саломатӣ ҳисоб ёфта, фишорро тавассути паст кардани сатҳи кортизол коҳиш ва истеҳсоли эндорфинҳо (ҳормонҳои хушбахтӣ)-ро фаъол мекунад. Он системаи масуниятро мустаҳкам карда, фишори хунро муътадил, гардиш ва хобро беҳтар менамояд. Табассум яке василаҳои машқҳои хурд буда, мушакҳои рӯйро қувват мебахшад.
Табассум дар баробари саломатии ҷисмонӣ ба саломатии руҳӣ низ фоидаовар буда, суръати кори дилро хуб намуда, касро аз асабоният нигоҳ медорад.
Табассум шушҳоро васеъ, мушакҳоро суст ва ором намуда, гардиши хунро беҳтар ва ҳуҷайраҳоро бо оксиген пур карда, фишори хунро мувозинат нигоҳ медорад.
Табассум ба дарозумрӣ низ таъсири мусбат расонда метавонад онро то ҳафт ҳашт сол зиёд кунад.
Воқеан, табассум метавонад ҳолати инсонро беҳтар карда, ӯро хушбахттар намояд. Нафароне, ки кам табассум мекунанд, аксар ҳолат руҳафтодагӣ доранд.
Олимони амрикоӣ собит кардаанд, ки табассум фишорро коҳиш дода тавлиди нейротрансмиттерҳоро афзун мекунад, ки он барои саломатии инсон муфид аст. Истеҳсоли ҳуҷайраҳои сафеди хунро, ки бо вирусҳо ва сироятҳо мубориза мебаранд,табассум метавонад зиёд кунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки онҳое, ки зуд-зуд табассум мекунанд, эҳтимоли то 80 сол ҳаёт ба сар бурданро доранд.
Аз табассум дур будан метавонад ба саломатии эҳсосии кас зарар расонад. Он метавонад дар вуҷуди инсон танҳоӣ ва ғамгиниро ба бор оварда, муоширатро бо атрофиён душвор созад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо










