БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ифтихори ҷумҳурӣ

Аз ҳар боб

Зимни сафар ба Ховалинг андешае дар зеҳнам шакл гирифт: агар аз ин ноҳия яке аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро пайдо намоям, матлаби ҷолибу ибратомўзе рўйи коғаз хоҳад омад. Бо ҳамин ният ба мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Садафмоҳ Назарова гуфтам, ки мехоҳам ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» ҳамсуҳбат шавам. Ин пешниҳод ба ў писанд омад ва қаҳрамони матлабро бароям муаррифӣ намуд.

 

Шахсе, ки зиндагии ў намунаи ибрат, меҳнатдўстӣ ва тарбияи солими оила аст, Бахтинисо Одинаева мебошад. Суҳбат бо ин модари меҳрубон, шунидани розҳои хушбахтии зиндагии ў ва шиносоӣ бо сирри оилаи намунавӣ буданаш бароям хеле ибратомўз буд. Бону зодаи Ховалинг буда, тамоми ҳастии худро ба ин гўшаи диёр пайванд медонад. Падари Бахтинисо омўзгор буда, аз овони кўдакӣ муҳаббат ба илму донишро дар дили фарзандон ҷой медод.

- Падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки одами соҳибдониш ҳама ҷо иззату эҳтироми худро пайдо мекунад. Аз ин рў, мо, ҳафт фарзанди падар, кўшидем нағз хонем, китобҳои бадеӣ мутолиа намоем ва бо баҳои хуб мактабро хатм кунем, - иброз дошт бонуи заковатманд.

Бо вуҷуди завқи баланд ба таҳсил, шароити вазнини зиндагӣ ва имкониятҳои маҳдуди деҳот имкон надод, ки ҷавондухтар таҳсили худро идома диҳад. Бо дуои падар ба зиндагии мустақилона қадам гузошта, бо Амирхон Саидзода оила барпо намуд.

- Имкониятҳое, ки имрўз барои ҷавонон фароҳаманд, замони мо вуҷуд надоштанд. Аз деҳот таҳсили духтарон дар шаҳр кам ба назар мерасид. Шукри истиқлолияти Ватан, ки имрўз духтарон метавонанд дар пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар таҳсил намоянд ва дониши худро такмил диҳанд, - иброз дошт бону Бахтинисо.

Зиндагӣ, ба қавли ў, худ мактаби бузурги таҷриба аст. Ҳар инсон дар ин мактаб сабақҳои зиёдеро меомўзад.

- Замоне, ки оила барпо намудам, ҷавон будам. Ҳама пастиву баландиҳои рўзгорро аз сар гузарондам. Гарчанде ҳамсарам шахси ҷамъиятӣ буд, ман тамоми масъулияти тарбияи фарзандонро бар дўш гирифтам. Шукр, ки имрўз фарзандонам соҳиби зиндагии ором ва ҳар кадом мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардааст, — бо ифтихор гуфт модари хушбахт.

Имрўз Бахтинисо Одинаева соҳиби 10 фарзанд, 50 набера ва 11 абера аст. Баракати зиндагии худро маҳз дар оилаи бузурги хеш мебинад.

 

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалу намоишҳо ва озмунҳои фарҳангию маърифатӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир шуд. Дар ин Озмун оилаи Амирхон Саидзода ва Бахтинисо Одинаева бо тарзи зиндагии намунавӣ, тарбияи шоистаи фарзандон ва муносибатҳои солими оилавӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Зиндагии хонаводагии онҳо намунаи равшани оилаи солим ва устувор дар ҷомеаи имрўза мебошад. Сабру таҳаммул, эҳтироми ҳамдигар, тарбияи дурусти фарзандон ва меҳнатдўстӣ асоси хушбахтии ин хонавода аст. Дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат ва фароҳам омадани шароити мусоид дар замони истиқлол имкон додааст, ки чунин оилаҳо қадр ва ташвиқ гарданд.

Рўзгори Бахтинисо Одинаева таҷассумгари қаноатмандӣ ва масъулияти баланди модарӣ мебошад. Ў, бо вуҷуди мушкилиҳои зиндагӣ, тавонист оилаи мустаҳкам бунёд намуда, фарзандонро дар руҳияи меҳнатдўстӣ, ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбият намояд. Муваффақияти хонаводаи онҳо далели он аст, ки оилаи солим пояи ҷомеаи солим буда, чунин оилаҳо боиси таҳкими ахлоқ, ваҳдат ва суботи иҷтимоӣ мегарданд. Зиндагии ин бону метавонад барои насли ҷавон ва дигар оилаҳо намунаи ибрат бошад.

                                                                                             Гулшан АМИРЗОДА,

                                                                                   Душанбе - Ховалинг - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон