Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Соҳибкори соҳибзавқ
Аз ҳар бобЎро дар ноҳия бо суханҳои неку ҷолиб хуб сифат карданд. Гуфтанд бонуест серкору сертараддуд, дар макони фаъолияташ бонувони зиёдеро сарҷамъ намуда, дар ҳама ҳолат дастгиру мададрасони онҳост. Ҳини суҳбати рў ба рў дарёфтам, ки Гулрў, воқеан, бонуи пуркору мушоҳидакор аст. Ў дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, ба камол расидааст. Дар корхонаҳои давлатӣ чандин сол фаъолият намуда, азм кард, ки барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бонувони деҳот ҳиссаи худро гузорад.
Гулрў Аҳадова дар ноҳияи Ашт ба камол расида, падараш Фахриддин Турсунматов омўзгор, шоир, нависанда, тули 29 сол роҳбарии матбааи ноҳияро ба уҳда дошт. Модараш Шарифаҷон Турсунматова, собиқ корманди соҳаи амнияти миллии ноҳия, алҳол бознишастаанд. Гулрў аз хурдӣ зеҳни тоза ва дили нарм дошта, пайваста мекўшид, ки дасти фитодаеро бигирад, зеро зодмандонаш мекўшиданд, ки дар вуҷуди фарзандон меҳру муҳаббат ба атрофиён, меҳнатдўстиву саховатмандиро ҷой созанд.
Вай дабистонро соли 1995 бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамон сол ҳамчун мусаҳҳеҳ дар рўзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» ба кор даромад. Пайи касби падар шуда, дар омода намудани саҳифаҳои ҷарида саҳм гузошт. Соли 1996 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2021 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кард.
Баъдтар дар шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳия ба фаъолият пардохт. Ҳангоми кор бо муаммоҳои зиёди ҷавонон рў ба рў мешуд. Бисёр бонувони корҷўй дари шуъбаи онҳоро мекўфтанду мадад мехостанд. Дар ин лаҳзаҳо орзу кард, ки агар имконият даст диҳад, баҳри бо кор таъмин намудани бонувон, коргоҳе бунёд менамояд. Барои ҷомаи амал пўшондани орзуяш дар ҷустуҷўи сармоя шуд ва ба муҳоҷирати корӣ рафт.
- Солҳо дар Россия кор кардам, дилам ҳамеша бо ёди Тоҷикистон метапид. Орзуям ҳамоно кушодани коргоҳи хурде буд. Соли 2019 ба Ватан баргашта, коргоҳи қаннодӣ таъсис додам ва дар он занону духтарони маҳалро ба кор гирифтам. Ин ба онон имкон дод, ки ба оилаҳои худ ёрӣ расонда, боз мустақилона дар ин самт фаъолият баранд, - изҳор дошт Гулрў. Бонувон ба истеҳсоли шириниҳои гуногун машғул буда, ҳамчунин маҳсулоти нонӣ, аз қабили фатир, кулча, санбўса ва ғайра мепазанд. Онҳо ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, технологияи пухтани бештари маҳсулотро худашон таҳия менамоянд. Масалан, нони машҳури «Фатири Гулрў», ки дар дохил ва ҳатто ба хориҷи кишвар фиристода мешавад, яке аз серхаридортарин маҳсулоти коргоҳ ба шумор меравад.
- Мо бештар аз маҳсулоти маҳаллӣ истифода мебарем. Равған, чормағз, мавиз, зардолу, шир ва дигар ғизоҳои табиӣ маҳсулоти моро на танҳо болаззат, балки барои ҷисми солим фоидабахш мегардонанд, - мегўяд ў.
Соли 2021 Гулрў Аҳадова барои васеъ намудани фаъолият гранти раиси вилоятро соҳиб шуд. Солҳои 2020–2022 бо Маркази таълимии калонсолони ноҳия шартнома ба имзо расонда, барои бонувони бешуғл омўзиши ҳунари пазандагиро ба роҳ монд. Дар мактаби ҳунармандии ў 300 нафар ҷавондухтар ҳунар омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардид, ҳоло қисме аз онҳо рўзгори худро бо пазандагӣ пеш мебаранд.
Гулрў соли 2023 бо Маркази хизматрасонии иҷтимоии МИМҲД-и ноҳияи Ашт шартнома баста, 4 нафар бонуи оилаҳои камбизоатро ройгон ҳунар омўзонд. Дар партави «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Ашт корҳои зиёде ба сомон расонда шуда, чандин корхонаҳои саноатӣ ифтитоҳ ёфтанд. 22-юми ноябри соли 2023 ҶДММ «Кошонаи Лайло»- ро Гулрў Аҳадова таъсис дод. Барои вусъати кор се тафдон ва хамиршўракҳои барқии замонавӣ харид.
- Дар ноҳия чандин коргоҳҳои қаннодӣ фаъолияти пурсамар доранд. Қаннодхонаи мо аз онҳо ба куллӣ фарқ мекунад, зеро мо ҳам шириниҳои қадими милливу ҳам муосир, маҳсулоти нонии миллӣ, аз қабили фатир, қотурма, қатлама, санбўсаҳои гуногун, чак-чак ва ғайра истеҳсол менамоем, - изҳор намуд бону Гулрў.
Орзу, меҳнат ва муҳаббат ба Ватан — се неруе, ки ин коргоҳро ба миён овард. Имрўз Гулрў дар ҷамъомадҳо ба бонувон таъкид менамояд, ки имкониятҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон зиёданд. Ў на танҳо орзуи худро амалӣ намуд, балки барои пешрафти дигарон ҳам роҳ кушод.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
ноҳияи Ашт
Мубодила:
Шарҳҳо











