БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дуои падар

Аз ҳар боб

Ҳангоми мактабхонӣ бештар ба фанни физика ва математика рағбат дошт. Аъло мехонд, мехост пас аз хатми МТМУ №2-юми рустои Шехмизони ноҳияи Ховалинг, маълумотӣ олӣ ё касбии техникӣ ба даст орад, аммо шароит имкон надод. Балки ба зодмандонаш, ки соҳиби 11 фарзанд буданд, ёвар шуд. Фирўза Одилова мегўяд:

 

-Падари бузургворам мошини дарздўзиам хариду аз модар чеварӣ омўхтам. Ў куртаҳои гиребондори тоҷикӣ, ҷомаҳои мардона, кўрпаву кўрпача медўхт, ҳамчунин, дар корхонаи дўзандагии деҳа фаъолият мебурд. Лаҳзаҳое, ки модарам дар хона ба дарзу дўз машғул буд, куртадўзиро ёд гирифтам, аммо бештар ба пухтупаз шавқ доштам. Аз маҷаллаву рўзномаҳо тарзи тайёр намудани ғизоҳои гуногунро омўхта, омода мекардам.

Пас аз шаш соли хонадорӣ Фирўза ҳамроҳи шавҳар ба шаҳри Душанбе кўчид. Дар коргоҳҳои дўзандагӣ заҳмат кашид. Шавҳараш орзуи ўро, ки мехост соҳибтахассус шавад, дастгирӣ намуд. Фирўза дар 51-солагӣ дар курси шашмоҳаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии дўзандагии шаҳри Душанбе» хонда, соҳиби маълумот ва ихтисоси дўзандаи касбӣ гардид. Чор писару ду духтарро тарбия ва соҳибилм карданд.

Ба андешаи Фирўзабону ҳунар инсонро бар замми хўрондану пўшондан боз номвар месозад, дар зиндагӣ ҳамеша ба кор меояду ҳунарвар муҳтоҷи касе намегардад. Аз ин рў, ба занону духтарон тавсия медиҳад, ки ҳатман ягон ҳунар биомўзанд, то дар моварои рўзгор ҳайрон намонанд.

- Ҳафт духтари хонавода ҳамагӣ дўзандагиро медонем, вале аз ин се нафар дўзандаи касбиему аз ҳамин пеша рўз пеш мебарем. Аз уҳдаи дўхтани ҳама гуна либоси миллию аврупоӣ мебароем. Ба аҳли хонавода худ либос медўзам. Духтарону келинҳоям низ ба ин пеша алоқаманданд, ғайр аз ин ба духтарони зиёде ҳунар омўзондам. 38 сол аст ба чеварӣ шуғл дорам. Шукр, боре аз саломатӣ шикоят набурдаам. Ҳар гоҳе паси дастгоҳи дарздўзӣ мешинам, саломаш медиҳам ва ба мисли инсон ҳамроҳаш суҳбат меороям. Зиёд маҷаллаву рўзномаҳо мехонам. Агар ягон сухан ё байте дар бораи ҳунар бубинам, онро дар дафтари хотираҳоям менависам, ба мисли:

Фарзанди ҳунар бош, на фарзанди падар,

Фарзанди ҳунар зинда кунад номи падар.

 Ин зани ҳунарманд гулпараст низ ҳаст. Ҳавлию кошонааш моломоли гулҳои рангоранганд.

- Ҳар гоҳе гулҳоро мебинам, хастагиам зуд рафъ мегардад. Дуои падар гирифтаму дар зиндагӣ хор нагаштам. Дўзандагӣ барои мо меросист. Ҳафт пушти модарам ҳама ҳунарманди номӣ буданд. Фарзандонам мегўянд, оча, биёед, ба ҷои мошини куҳна нав бихарем. Мегўям, ки то ҳастам, ин мошина бо ман мемонад. Бо диданаш мепиндорам, ки падарам ҳамроҳам аст, зеро он аз қиблагоҳ ёдгорӣ мондааст. Фарзанди калонӣ будам, падар ба ман «писарам»-гўён муроҷиат мекарду «Фирўз» номам мебурд. Зодмандонро тезтез хабар нагирам ҳам, ҳар рўз тавассути телефон ҳол мепурсам. Мутолааи маҷаллаву рўзномаҳоро онҳо дўст медоранду дар ҷамъият обрӯманданд. Аз онҳо ифтихор дорам, - гуфт бону Фирўза дар фарҷоми суҳбат.

                                                                                           Мадина БАЛАҶОНОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон