Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуи пойафзолдӯз
Аз ҳар бобПойафзолдўзӣ дар ҳама давру замон пешаи зарурӣ буда, аз қадимтарин ва маъмултарин касби аҷдодӣ маҳсуб меёбад. Маҳз ба туфайли ҳамин шуғл ва амал ҳунармандон ному нон ёфта, дар байни мардум соҳиби иззату эҳтиром мегардиданд. Имрўз низ пойафзолдўзони касбӣ ҳастанд ва аз ҳисоби ин ҳунар рўз мебаранд. Бо сабаби заҳматталабу мушкил буданаш, бархе онро касби мардона медонанд.
Дар ноҳияи Ховалинг бонуе бо ному насаби Моҳикалон Холова умр ба сар мебарад ва маҳз бо баракати ҳамин шуғл рўзгори хонаводаашро пеш мебарад. Бонуи ҳунарманду чирадастест, ки аз нозукиҳои ин касби аҷдодӣ бохабар буда, ҳунарманди шинохта асту сарфи назар аз мушкилиҳои пеша дархостҳои муштариёнро бо сифат ва сари вақт анҷом медиҳад.
Моҳикалон вақте мактаби миёнаи №1-уми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба итмом расонд, падарандар ўро ба сокини ноҳияи Фархор Сафар Усмонов ба шавҳар дод. Пас аз оиладор шудан, ҳамсарашро чун ронандаи автобус ба ноҳияи Ховалинг ба кор даъват намуданд. Инак 39 сол аст, ки дар ин ҷо умр ба сар мебарад.
- Шавҳарамро дар Ховалинг ҳама бо номи Сафари мўзадўз мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Пас аз сар задани нооромиҳо дар кишвар ҳамсарам, ки ронандаи автобус буд, бекор монду аз соли 1992-юм ба кафшдўзӣ рў овард. Он солҳо нафарони зиёде аз пушти ин шуғл нон меёфтанд. Азбаски мизоҷонаш зиёд буд, шабҳо дар хона низ корашро давом медод. Ҳар амали ўро бодиққат назора мекардам. Соли 1997 марди хона маро ҳамроҳаш ба дукони пойафзолдўзиаш овард. Бори аввал як ҷуфт туфлии сафеди мардонаро таъмир намудам, ки хеле босифат омад, - ёд меорад бону Моҳикалон.
Обила ва захмҳои сершумори дастони ҳунарманд аз натиҷаи заҳматҳои бешумораш дарак медиҳанд.
- Дар амали мо аз захмҳо канорагирӣ намудан ғайриимкон аст, зеро бо сўзану ришта, меху болға сари кор мегирем. Ман ба ин дардҳои ҷисмонӣ одат кардааму ҳатто онҳоро ба зудӣ фаромўш мекунам. Ростӣ, дар зиндагӣ азобу машаққати зиёде кашидаам. Вақте ки падари ҷигарбандонам ба Россия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, бо баҳонаи писар надоштанамон дигар ману фарзандонамро суроғ накард. Аз ин рў, ҳамроҳи духтараконам, бар замми пойафзолдўзӣ боз дигар корҳои фармоиширо низ анҷом медодам. Бо чунин заҳмати сангин панҷ паричеҳраамро ба воя расондам. Онҳо ҳама оиладор. Шавҳарам бо бемории сактаи қалб ба зодбум баргашту аз дунё гузашт, - изҳор дошт бо алам Моҳикалон Холова.
Бо таъмир намудани садҳо пойафзол усто таҷрибаи ғанӣ дарёфта, маҳораташ афзуд ва ба кафшдўзӣ пардохт, ки он ҳунарест басо нозук, ки омўзиш, таҷриба, дониш ва шавқу ҳаваси бештарро тақозо мекунад.
- Ҳадафи асосӣ дар кори ман ин аст, ки онро ба сатҳи баланд иҷро намуда, қаноатмандии муштариёнро ба даст орам. Хоҳиши фармоишгаронро ба инобат гирифта, вобаста ба талаботи онҳо пойафзол медўзам. Дар сурати аз ҷониби муштариён зиёд дархост шудан, корро дар хона низ давом медиҳам. Аз он шодам, ки рўзҳоро ба бекорӣ нагузаронда, аз ҳунари дастонам рўзгор пеш мебарам, - гуфт бо ифтихор бонуи ҳунарманд.
Аз модар на танҳо панҷ гулдухтараш, балки чандин ҷавони гирду атроф низ аз ў касб омўхтанд.
- Ба онҳое, ки барои ҳунарандўзӣ наздам меоянд, ҳамеша омодаам шогирд бигирам ва касбамро ба онҳо омўзонам. Маҳсули эҷодкор ҳангоми ба дасти мизоҷ расидан содаву осон ба назар мерасад, аммо барои саранҷоми он заҳмати зиёду иродаи мустаҳкам ва шавқ ба кор заруранд, ки ғайрату кўшишро талаб мекунанд. Чандин шогирд дорам, ки ҳоло мустақилона ба коранд,- ёд овард Моҳикалон.
Духтарони дилбанди хонадон давомдиҳандаи кори зодмандон буда, пойафзолдўзӣ воситаи ризқу рўзиашон гаштааст. Яке аз духтаронаш Сайёра Усмонова ин касби аҷдодиро дар шаҳри Душанбе давом медиҳад.
- Азбаски рўзгузаронӣ мушкил буд, дастам нарасид, то фарзандонро хононда, соҳибмаълумот гардонам, аммо барои худам қарз донистам, ки бояд ҳатман онҳоро ҳунарманд намоям. Ба хотири дасткўтоҳ набудан дар зиндагӣ фарзандонамро назди чеварон ба шогирдӣ мондам, аммо онҳо аз риштаву матоъ дида, ба пойафзолдўзӣ бештар рағбат доранд, - изҳор медорад ў.
Барои Моҳикалон Холоваи ҳунарманд таъмиру дўхти пойафзол на танҳо манбаи даромад ва касби авлодист, балки сабаби иштирокнамудан дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятии ҳунармандӣ гашта, маҳсули заҳматаш дар намоишгоҳҳо диққати муштариёнро ҷалб месозад.
Чанде пеш ин бонуи дастандаркор дар қатори дигар ҳунармандон соҳиби гранти Президент гашт.
- Бо ба даст овардани маблағи пулӣ асбобҳои заруриро барои корам харидорӣ намудам, зеро бе техникаи муосири пойафзолдўзӣ фаъолияти мо пеш намеравад. Асбобҳои дастии босифат, аз ҷумла болға, анбўр, корд, таҷҳизоти махсус, ҳамчунин, мошинҳои чармдўзӣ ва маводҳои кимиёвӣ захира намудем, ки онҳо ба пешравии корамон сабаб гардид. Мушкили асосии ман надоштани устохонаи алоҳидаи таъмири пойафзол мебошад. Шояд дар ояндаи наздик ин орзуям ҷомаи амал пўшад, - мегўяд бо умед бонуи ҳунарпеша.
Шахс, агар ҳунаре дошта бошад, онро бубоист ба фарзандону набераҳо ва шогирдон мерос монад, зеро инсон маҳз ба воситаи ҳунараш маҳбуби ҳамагон мегардад. Гоҳе фарзандони бонуи соҳибкасб таъкид менамоянд, ки солатон ба ҷое расидаасту дигар кор накунед. Аммо ў мегўяд: «То даме неру дорам, ба мардум хидмат мерасонам».
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Ховалинг – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











