БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модар - оғози ҳама оғозҳо

Аз ҳар боб

      Бузург шудам, вале хеле дер дарк кардам, ки қаҳрамони ҳақиқӣ дар хонаамон будааст. Модар ҳамон шахсест, ки ҳеҷ гоҳ шикоят намебарад, аммо тамоми сангинии зиндагиро бар дӯш мегирад. Имрӯз мехоҳам аз дарду бехобиҳои модарон ҳарф бизанам,  аз он шабҳое, ки пур аз дуо ва нигаронӣ буданд, вале субҳ бо лабханди ором бедор мешуданд, дар риштаи сухан бикашам.

 

Модар будан мактаби сабр ва мактаби фидокорист.Модар дар хомӯшӣ месӯзад, то фарзанд дар оташ насӯзад. Шабҳои бедорӣ барои ӯ одат аст, на ранҷ. Модар дар торикӣ дасти дуо мебардорад, то роҳи ҷигарбандаш рӯшан бошад.

Қаҳрамонӣ ҳамеша дар саҳнаҳои бузург нест, гоҳе қаҳрамон дар хонаи хоксорест, ки орому осуда умр ба сар мебарад. Гоҳе дар ҳуҷраи хомӯшест, ки модар болои болини фарзанд то саҳар бедор менишинад. Ин қаҳрамонӣ бесадост, вале поянда.

Модар оғози ҳама оғозҳост, зеро аз домани поки ӯ инсоният оғоз мешавад.

Дар фарҳанги тоҷикон модар на танҳо узви оила, балки сутуни хонадон аст. Агар ин сутун устувор бошад, хона низ устувор мемонад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳар пешрафти ҷомеа аз домани модар сар мешавад. Модар аст, ки дар қалби кӯдак аввалин донаи меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиромро мекорад.

Баъзан, зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Имрӯзҳо занони зиёде  дар миёни имтиҳонҳои сахти рӯзгор фарзанд ба воя мерасонанд. Онҳо шояд аз берун одӣ намоянд, аммо дар асл неруи бузурге доранд. Зане, ки дар тангдастӣ низ умедро аз даст намедиҳад, зане, ки дар танҳоӣ ҳам фарзандро бо муҳаббат ба камол мерасонад, қаҳрамони ҳақиқист.

Модарон меомӯзонанд, ки сабр заъф нест, балки қувват аст. Онҳо нишон медиҳанд, ки меҳр метавонад ҳама сахтиҳоро нарм созад, бо амал исбот месозанд, ки зан будан маънои сохтани ояндаро дорад.

 

Модари ман:

Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,

Фош бигӯям ин сухан, шамси ману Худои ман.

 

Аксар вақте қадри модарро дарк мекунем, ки худ ба марҳалаи масъулият мерасем ва он гоҳ мефаҳмем, ки шабҳои бехобӣ, дуоҳои пинҳонӣ ва ашкҳои ноаёни модар чӣ қадар гарон будааст. Он гоҳ дарк месозем, ки пушти ҳар қадами устувори мо, қадами хастаи модар истодааст.

Модар оғози ҳама оғозҳост, зеро аз муҳаббати ӯ на танҳо инсон, балки ҷомеа шакл мегирад.

Гоҳи ҷудоӣ, гоҳи танҳоӣ, гоҳи тангдастӣ, ҳамаи инҳо метавонанд занро бишкананд, аммо модар будан маънои таслим шуданро надорад. Шабҳое ҳастанд, ки бехобӣ ҳамнишини модар мешавад. Танҳо болин шоҳиди ашкҳои хомӯш аст, вале субҳ фарзанд танҳо чеҳраи ороми модарро мебинад. Модар дардро дар қалб ниҳон медорад, то руҳи фарзанд осеб набинад. Ӯ метавонад хаста бошад, метавонад ранҷида бошад, вале муҳаббаташ ҳеҷ гоҳ кам намегардад...

Шояд бузургтарин иштибоҳи инсон он бошад, ки қадри модарро дер дарк мекунад. Мо дар гармии меҳри ӯ ба воя мерасем, аммо он гармиро одат мепиндорем. Шабҳои бехобии ӯро намебинем, зеро худ осуда мехобем. Нигарониҳои хомӯшашро эҳсос намекунем, зеро роҳи мо ҳамвор менамояд.

Инсон танҳо вақте маънии сабри модарро мефаҳмад, ки худ дар баробари имтиҳонҳои зиндагӣ меистад. Вақте масъулият бар дӯш мегирад, дарк месозад, ки устуворӣ чӣ қадар гарон аст.

Аз қаҳрамонии модар ҳарф задем,  аз он модароне, ки мардонавор дар набардҳои зиндагӣ танҳо меразманд. Онҳо дар ҳар қадам меафтанду боз боло рост мешаванд, бо ҷасорат гом мегузоранд ва аз сахтиҳо пул месозанд...

         Ин меҳрнома, ба кулли модарони дунё бахшида мешавад, ба онҳое, ки бо сӯхтан месозанд ва бо сабр оянда меофаранд. Бигзор зиндагӣ ба ҳама ҳамон меҳру оромишеро баргардонад, ки шумо ба ҷаҳон бахшидаед.

Иди кулли модарон муборакамон бод!

                                                                                                     ЗАБАРҶАД

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон