Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ЁДИ МОДАР
Аз ҳар бобАё модар! Имшаб асири ёди ту будам. Миёни ангораҳои хаёл, даме ки мардуми даҳр хуфта буд, миёни андешаҳои чигил, аз дунёи нофармон ба танг омадам.
Миёни рўзгори пурпечутоб, он даме ки ахтарони сипеҳр зери абри тира мондаву нолаи мурғи шаб ба дилҳо ваҳм меандохт, чеҳраи нурониат пеши назарам ҷилвагар бишуд.
Ҳар саҳар аз хоби ноз хезондаву бо дуои нек ба дабистон гуселам мекардӣ. Гузашта аз ин, сарамро рўи зонувонат гирифтаву қиссаҳои ширин мегуфтӣ.
Оҳ модар! Ягона ғамгусорам!
Ту чӣ олиҳаи тобнокӣ! Аз бари домани ту бузургон ба дунё омаданд ва ба авҷи аъло расидаанд. Ҳастии пайғамбарон аз вуҷуди туст. Мардони паҳлавон, донишмандони олишон ва сиёсатмадорони соҳибтадбирро ту ба воя расондаӣ, ту неруи Яздонӣ додаӣ!
Агар падар қиблагоҳам буд, ту паноҳгоҳам, такягоҳам будӣ. Имрўз баъди 36 соли рафтанат боз ба руҳи ту роз мегўям, дардҳои дари дил мекушоям, ҳамеша бо ёди ту ба корҳои некам оғоз мебахшам. Ифтихор аз он дорам, ки касби шумою падари бузургворамро интихоб карда, тайи солҳо дар ин касби бароям муқаддас фаъолият намуда, шогирдони беҳтаринро бо муҳаббат фазилати инсонӣ меомўзонам, ки барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузорӣ менамоянд.
Модар, ягона ҳамрозам ту будиву ҳастӣ. Ҳатто дар лаҳзаҳои охирини умрат, даст ба дуо бардошта: “ту духтар будӣ, вале хизмати писарро баҳрам ато кардӣ”, гӯён арзи сипос намудӣ, модаро! “Баъди сари ман рафту омадро аз наздиконам барнакан, илм омўзу бузургонро эҳтиром намо, сари ятимонро сила кун, то Яздони пок баҳрат баракати умр ато намояд”, - гуфтӣ.
Модаро! Ягона шахсе ҳастӣ, ки меҳрубониҳои зиёдро нисори фарзандон сохта, ҳамеша дар орзуи бахти неку зиндагии хуши онҳо будӣ. Барои он ки фарзанд хоксору нексиришт ба воя бирасад, чӣ азобҳое кашидӣ.
Фозилони дунё мудом бузургиатро васф намудаанду менамоянд. Ва ин гуфтаи ононро бори дигар исбот намудӣ. Аз бузургии аҷдодат шаҷараат гувоҳ аст. Хоҳарону додарони зиёд дорӣ.Вале аз баҳри он, ки ман заҳримусофириро начашам, худро то абад мусофир сохтӣ. Ҳар вақте, ки ба хонаи бародарам Файзуллоҷон ба меҳмонӣ равам, ҳама лаҳзаҳои беҳтарини умрамро, ки ҳамроҳат гузарондам, мисли китобе варақгардон менамоям.
Ниҳоле, ки бародарам ба номат ва ёдат шинондааст, то ба хонаам баргаштан об медиҳам, навозишкунон бо ў суҳбат меороям, гўё ки бо ту суҳбат дошта бошам.
Ҳамсояҳои вафодорат маро модарвор навозиш мекунанд, хўрокҳои лазиз бароям меоранд, то ки холӣ будани ҷоятро ҳис накунам. Албатта, ман низ онҳоро дўст медорам, сипосгузорам.
Вале дареғу сад дареғ, ки ҷойи навозишҳои туро ягон навозиши дигар гирифта наметавонад ва сахттарин дард бароям рўзи дунёро падруд гуфтани шумою падари бузургворам буд, ки то ҳол диламро ба дард меорад.
Аз Офаридгор умеди онро дорам, ки хонаи охирати шумовупадари бузургворам, ки дар панҷсолагиам чашм аз дунё пўшиданд, ободва ҷоятон ҷаннат шавад.
Дўсти ҷонию зиндагибахшам, модар, модаро!
РЎЗИ МОДАР
Дар баҳорон Рўзи Модар мешавад,
Шуълаи меҳраш мунаввар мешавад,
Бо занони номбардору наку
Ин Ватан аз нав муаттар мешавад.
Рўзи Модар бас наку сар мешавад,
Иди занӽои музаффар мешавад,
Бо дуои неки модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Гавҳар МУРОДОВА,
омўзгор
Мубодила:
Шарҳҳо











