Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ду ҳолати зиндагии як модар (лавҳа)
Аз ҳар бобЗиндагии ором, хонаи обод, шавҳари меҳрубон, фарзандони дилҷӯ. Зоҳиран ҳама олист, аммо барои хушҳолии самимонааш чизе намерасид. Қаҳру ғазаб ва дуруштхӯии гоҳ - гоҳ ба атрофиён ӯро носипосу ношукр нишон медод. Гӯё даруни дилаш оташе аланга мезад, ки гоҳу ногоҳ тару хушкро ба ҳам месӯзонд, оромишро барҳам медод ва ба қавли шавҳараш «баракати зиндагиро мепаронд». Вақти хурӯҷи хашми ӯ, ки субҳи содиқ шурӯъ мешуд, маъмулан ҳама ё сер буданд, ё дер мекарданд, ё иштиҳо надоштанд. Дар асл касе ҳозир набуд ба хотири як коса «қути лоямут» бар оташи қаҳру ғазаби модар равған резад.
-Гуноҳи худам. Шавҳар гуфтам, зиндагӣ гуфтам, фарзанд гуфтам. Ҳавлии калони мисоли биҳиштро гузошта ба ин занбӯрхона омадам. Модоме, ки сабри бо ман нишастан надоред, аз буданам бароятон ягон нафъ намерасад, чаро маро овардед, - нимшунаво шиква мекард.
О ваъда дода будӣ, ки рӯзҳои истироҳат ба деҳа меравем.Таъкид ҳам кардӣ, ки роҳ чандон дур нест, мошин дорем... Аммо аз куҷо? То ягон маъракаву зодрӯзу беморӣ нашавад аз ин қуттии гӯгирд одам намебарояд. Дар ин шаҳри бегона куҷо ҳам меравӣ? На як хешу табор, на ёру рафиқ. Ҳатто ҳамсоягариро ҳам намебинӣ. Ба ғайр аз нимкосаи хӯрок ва саломи нӯгилабӣ дигар умеди хайре нест, баландтар менолид, то ҳамдарде дошта бошад. Аммо бар хилофи хоҳишҳояш дар авҷи шиквапардозӣ ё аз шавҳараш ягон ҷавоби тунд мешунид ё дӯстдориву "насиҳат" - и духтари донишҷӯяш оромаш мекард ё меҳрубониҳои навасаи даҳсолааш ба оташи дилаш як панҷа об мезад.
Аммо инбор ба ҳолаш камтарин таваҷҷӯҳ ҳам накарданд. Бе хайру хуш, пешу қафо дар ин "зиндони бетонӣ" модару ҳасратҳояшро танҳо гузошта рафтанд. Ғурураш шикаста буду худро аз латтаи полшӯи ҳам ҳақиртар эҳсос кард.
Одатан баъди гусели шавҳару духтараш садои радиоро баланд мекарду рӯзи худро ба пухтану шустану рӯбу чин сарф мекард. Кори чангкашаку мошини ҷомашӯӣ ба табъи дилаш набуд. Ҳатто мошинаи зарфшӯӣро, ки соли гузашта писари муҳоҷираш тӯҳфа кард аз бастааш накушод. Ҳамеша мегуфт, ки техника ҳалол кор намекунад ва агар касе ба ин суханаш зид мебаромад, бо садҳо далелу бурҳон худро ҳақ мебаровард.
Радио ӯро ба рӯзҳои хуррами бачагиаш мебурд. Ба он рӯзҳо, ки мардум шабу рӯз кор мекарданд, заҳматашон миёншикан буд, аммо барои ёрии ҳамдигар ҳамеша омода буданд. Шикамашон гурусна бошад ҳам, чашмашон сер буд. Дар гандумдараву хӯшачинӣ 10-12 нафар аз як табақ хӯрок мехӯрданд. Се хоҳар зери як кӯрпа, ҳафт фарзанди падар дар як хона хоб мерафтанду аз зиндагӣ қаноатманд буданд. Ҳозир чӣ?
Ба ҳар кас хонаи алоҳида, ҷевони алоҳида, ҳатто табақу коса чумчаву пиёлаи алоҳида. Аммо меҳру муҳаббат коста.
Ин ҳасратҳои модар ба фарзандон чун афсонаи такрори кӯҳна дилбазан шуда буд. Танҳо сунҳораш, ки ҳар рӯз ду маротиба занг зада, аз ҳоли писаракаш ҷӯё мешуд, модарро дилбардорӣ мекард.
Аммо имрӯз ки суханҳояш дар ҳавои хона муаллақ монданд, сунҳораш ба занги пай дар пай ҷавоб надод, наберааш ман дигар бо шумо будан намехоҳам, пеши падару модарам меравам гуфт, дарро ба хашм ба рӯяш пӯшида рафтанд, дигар тоқати ӯ тоқ шуд. Корд ба устухонаш расид. Дасту дилаш ба коре нарафт. Хело гирист. Ранги сурмаву қалами чашмонаш рӯяшро мисли дилаш тира карданд. Ба оина нигарист, хориаш омад.
Аввалин рӯзи ба шаҳр омадани худро ба хотир овард. Меҳрубонии духтаракаш, меҳмондории келину писараш, гулдастаи зебои шавҳараш зеботарину ширинтарин хотираи тамоми зиндагияш буд. Акнун гуноҳро дар худаш меҷуст. Варақ варақ китоби ҳафт соли ҳаётро мурур кард, то бинад ки дар куҷо хато кардаву ба ин хорӣ, ба муҳтоҷии меҳрубонии азизтарин инсонҳои зиндагиаш расидааст. Оташи нафрат ба ҳастиаш аз фикрҳои дар ҳам бар ҳам аланга мегирифт, ҳарчӣ бештар меандешид, бештар сараш гиҷ мешуд.
Навтарин либосҳояшро пӯшиду каме аз пасандози баҷоияш пул гирифта аз хона баромад. Хело роҳ гашт. Ба ягон қарор омада наметавонист. Хост ба деҳа равад. Таксиеро киро карда то истгоҳи Садбарг расид. Вақте дарк кард, ки онҷо ҳам касе ӯро мунтазир нест, аламаш зиёдтар шуд.
Худро маломат мекард, ки се сол боз дар шаҳр зиндагӣ мекунад, аммо касеро намешиносаду ҷоеро намедонад.
Тоблуҳои тарғиботии кӯчаҳоро мехонд, аз гашту гузори чаҳорсоатаи бемаъно дигар пойҳояшро идора карда наметавонист. Ба наздиктарин тарабхона ворид шуд. Пешхидмат бо табассуми малеҳ ва ширинтарин суханҳо ӯро ба мизи назди саҳна раҳнамоӣ кард. Аммо ӯ хилваттарин гӯшаи тарабхонаро ихтиёр намуда, аввал ба таомнома, сипас ба ромишгар, ки асбоби ба ӯ бегонаеро ба лабонаш гузашта мусиқии начандон дилнишин менавохт, хира шуд.
Мисли гиёҳи кӯҳӣ дар анбӯҳи гулҳои ороишӣ ғариб афтода буд. Ҳарчанд ба ҳолу ҳаво ва руҳияаш мувофиқ набуд, берун рафтан нахост. Фазои ором ва бошукуҳи тарабхона зеҳнашро машғул медоштанд ва равонашро аз фишори таҳқирҳои ин саҳар дидааш берун меовардан.
Картошка кабоби кӯбида бо лимӯчой фармоиш дод.
Пешхидмат бо табассуми фарох ва адои эҳтиром дар рӯйи лаъличае як истакон чой, ду дона қанди сафед, ва як бурида лимӯ овард.
Вақте истакони чойро дид, хандаи худро нигоҳ дошта натавонист. Диққати атрофиён ба ӯ равона шуд ва пешхидмати музтармонда нимшунаво гуфт, ки агар хоҳед метавонам чойро бо чойнику пиёлаи бобоӣ орам. Аммо чойро аз ин истакони булурӣ нӯшидан ҳаловати дигар дорад.
Аз он ки ба чунин як ҷойи берун аз ҳадди тасаввураш даромада буд каме хиҷолат кашид ва пушаймон шуд, ки чаро вақте шавҳару духтараш ба хӯроки шом дар тарабхона даъват мекарданд, рад мекард. "Худо гирад хӯрокҳои аз заҳр ҳам қиммати кӯчаро", - мегуфт ҳамеша.
Хӯрокашро ба ҳавас ба дигарон тақлид карда бафурҷа хӯрду ҳисобро пардохт, бовиқорона 3 сомонӣ бақияаш лозим нест, гӯён берун рафтанӣ шуд. Пешхидмат аз рӯйи дилсӯзӣ ё шояд таомули ин тарабхонаи пуршукуҳ ӯро то баромадгоҳ гусел кард.
Аз ин муносибат он қадар хурсанд шуд, он қадар болид, ки ҳеч гоҳ чунин ҳаяҷон надошт. Аз аспи ҷаҳл фаромада буд, мехост ба хона баргардад.
Аммо не, аз фикраш гашт. Бигзор маро кобанд, бигзор хавотир шаванд, бигзор худашон либосҳояшонро басар карда барои шом ғизо пазанд. Барои гузарондани вақт намедонист боз ба куҷо сар занад. Пойҳояш хаста шуда буданд. Дар нимкатҳои қади раҳ, дар назди фаввораҳои муҷалло нишасту нафас рост кард. Мисли касони чизгумкарда ба чаҳор сӯ менигарист. Ба одамон бо диққат зеҳн мемонд. Дид, ки зани тақрибан ҳамсоли худаш либосҳои шинам дар бар ба дӯконе даромад, ки занҳои зебо даро-баро доштанд. Наздик рафту лавҳи даромпдгоҳро хонд:
"Толори зебоӣ"
Бахт аз таваккал ворид шуд. Дид, ки якеро қош мечинанд, якеро сар мешӯянд, якеро нохун мегиранд, чанди дигар дар курсиҳои роҳат нишаста чою қаҳва менӯшанд.
Духтараки тозаруву кушодачеҳра ба истиқболаш омад:
– Ба шумо чӣ кӯмак кунам?
Чун одати дерин дуру дароз, бо ӯ салому пурсупос кард. Намедонист чӣ гӯяд. Як - як ба машшотаҳо зеҳн монд ва барои аз вазъи ноҳинҷор баромадан гуфт, мехоҳам муйҳоямро ранг кунам.
Духтарак ӯро ба тарафи занони дар навбатбуда роҳнамоӣ кард:
-Тақрибан баъди як соат ё бештар навбататон фаро мерасад. Инҷо интизор шавед – гӯён, мисли пешхидмати тарабхона дар як даст китобча ва дар дасти дигар истакони чой ба наздаш ҳозир шуд.
Дар се варақ қариб 60 намуд ранг буд ва мебоист якеро интихоб кунад. Се бонуе ки дар навбат буданд мисли дугонаҳои дерин бо ӯ гарм салому дуруд карданд.
Ӯ ҳам, ки сандуқчаи рози дилашро ба дугонаҳои наваш боз кард, он қадар гуфту шунид, ки як соат мисли як нафас гузашт. Дар рафти суҳбат маслиҳат пурсид, ки мӯяшро чӣ хел ранг кунад. Онҳо ҳам мувофиқ ба солу абрувонаш ранги шоколадию боимҷониро тавсия доданд.
Вақте назди оина нишаставу рангмолии бонуи зебоибахшро наззора мекард, эҳсосоти мухталиф дар вуҷудаш байни ҳам набард доштанд.
Аввал аз мӯйҳои ғафсу мошу биринҷии худ, ки ҳафтае як маротиба шонаро медиданд, шарм дошт. Аммо кор аз кор гузашта буд. Рӯйи андешаҳояш, ки рафтан ба ороишгархонаро ҳам хилофи шариату ҳам хилофи саломатӣ медонист, по гузошт. Танҳо ба он хотир, ки аз чаҳор девору сақфи хона ба фазои бекарони шаҳр пайвандад. Шаҳре, ки дар ин муддати 7 сол натавонист дар дилаш хурдтарин ангезаи меҳрро бедор кунад.
Охир, гуноҳи худаш буд, ки деҳаю ҳавлиашро биҳишт медонисту ба шаҳру одамони ӯ тавҳин мекард.
Машшотаи дигаре, ки зоҳиран навкора буд ва супоришҳои хонуми рангмолро дар они воҳид иҷро мекард, ӯро ба самти курсии саршӯйӣ раҳнамоӣ кард. Бо оби ширгарму бо дастони мисли пахта нарми худ навозишкунон сарашро шуста бо маҳлули хушбӯй маҳс кард.
Ба сари аз бори фикрҳои подарҳаво хастаи модар оромиш мебахшид. Ҳеҷ гоҳ ин лаззатро ҳис накарда буд. Фақат гоҳ гоҳ вақте духтараш мактабхон буд аз рӯйи ҳавас ба сари модар шона мезаду муйҳояшро мебофид. Акнун ки калон шудааст, дигар вақту ҳавсала надорад. Ҳатто барои худаш низ аз ороишот истифода намебарад ва рӯзҳое ки саросема аст, муйҳои парешонашро зери рӯймол пинҳон мекунаду мешитобад пайи дарсу кору ташвишҳои ҷавонии худаш.
Ҷуръат карда аз бонуи саршуй илтимос кард, ки каме дигар маҳси сарашро идома диҳад. Мизоҷи доимӣ шудану чойпулӣ медиҳам гуфтанаш чини абруи машшотаро кушод ва ба шогирд ишора кард, ки маҳлули нармкунанда бимолад, то аз маҳси зиёд решаҳои мӯйи сараш озор набинанд.
Мисли пари қу сабукруҳу сабукбол аз ороишгоҳ баромад модар. Он қадар ба зиндагӣ дилгарм шуда буд, ки гӯё нав ба ҳаёти мустақилона қадам монда бошад. Аз дуртарин гӯшаҳои дилаш муҳаббатро ҷамъ карду ба шаҳр бахшид. Ба шаҳре, ки чашми дидан надошт. Ба шаҳре, ки ӯро аз биҳишти кӯдакиҳояш дур афканда буд, ба шаҳре, ки ҷавонии дар панҷаи меҳнату заҳмат фишорхӯрдаашро ба ӯ бозгардонд.
Дар 65 солагӣ худро ҷавон эҳсос кард модар. Ҷавони бакамолрасида!
Мафтунаи Қосим
Мубодила:
Шарҳҳо











