БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Картошкапарварӣ - соҳаи муҳими кишоварзӣ

Аз ҳар боб / Слайдер

Бо раиси хоҷагии деҳқонии «Сомониён»-и ноҳияи Айнӣ Ҳилола Раҳмонова, ки заминҳои обии хоҷагиаш 14,36 гектарро ташкил медиҳад, тобистони соли сипаришуда дидор доштем. Ин бонуи тануманд бо чеҳраи офтобхӯрда, дастони қавӣ чун заргари замин аз заҳмати деҳқонӣ баҳра бурда, ҳамчунин, ба 60 нафар сокини маҳаллӣ ҳамчун саҳмдор заминҳои хоҷагиро дар ҳаҷми 3, 4, 5 ва 10 садякӣ қисмат намудааст, то аз баракати ин пешаи пуршараф аз ранҷҳои бурдаи хеш ганҷе ба даст оранд. Шоёни зикр аст, ки аз 60 нафар саҳмдор 50 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

 

Бо Ҳилолабону миёни замини кишти картошка роҳакӣ мешавем, ки ниҳолҳои он тақрибан 20–30 сантиметр қад кашидаанд. Ин замини яке аз саҳмдорон аст, канортари он дарахтони зиёди зардолу, тут, себ ва олуҷа қомат афрохтаанд. Баъзе аз саҳмдорон дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Сомониён» боз хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ низ таъсис додаанд. Онҳо дар канорҳои заминҳои киштшуда дарахтони мевадиҳанда шинондаанд. Манзараи басо дилфиребу рӯҳафзо, ки сабзаву буттаҳо, дарахтони сафедору мевадиҳандаро талу теппаҳои канори он возеҳтар мегардонад.

Ҳилолабону тӯли 9 сол аст, ки роҳбарии хоҷагиро ба уҳда дорад. Қисми зиёди заминҳо, ки дар ихтиёри саҳмдоронанд, ҳосили бадастовардаро пурра бар суди худ истифода мебаранд ва танҳо маблағи обу андозро пардохт месозанд. Кишоварзон дар 6,6 гектар замин картошка, дар 2 гектар сабзавот ва дар заминҳои боқӣ юнучқа кишт намудаанд.

Имсол кишти картошкаро васеъ ба роҳ мондем. Ҳамчунин, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, помидор, бодиринг, лӯбиё, нахӯд, мош, боқило ва дигар сабзавоту лӯбиёгиҳоро парвардем. Тибқи нақшаи дурнамо бояд дар 6 гектар картошка мекоштем, аммо кишти майдони онро ним гектар зиёд кардем. Сабзавотро аз 1 гектар ба 1,5 гектар расондем. Деҳқонон ҳосили ба дастовардаро нахуст барои ниёзҳои хеш масраф месозанд ва барзиёдии онро ба бозор, ба фурӯш мебароранд. Ҳамчунин, ҷуворимаккаву гандум парварида, баъди ҷамъоварии ҳосили онҳо пояҳоро барои хӯроки чорво захира менамоянд ва боз зироати дигар мекоранд. Дар заминҳои мо сабзавот хуб нашъунамо меёбад, хосса картошка ҳосили хуб медиҳад, - изҳор намуд Ҳилолабону.

Бояд гуфт, ки картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ дар ноҳияи Айнӣ буда, иқлими кӯҳистон барои парвариши картошкаи хушсифат мусоид аст. Онро мардум «нони дуюм» ҳам меноманд. Парвариши картошка на танҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки дар бештари заминҳои наздиҳавлигӣ низ васеъ ба роҳ монда мешавад. Кишти он одатан дар моҳҳои март ва апрел оғоз меёбад.

Барои дуруст ба роҳ мондани парвариши картошка риояи як қатор қоидаҳои агротехникӣ муҳим аст, аз ҷумла коркарди дурусти хок, интихоби тухмии босифат, обёрӣ ва истифодаи нуриҳо.

-Замин бояд пеш аз кишти картошка шудгор ва нарм карда шуда, бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ ғанӣ гардад. Ин амал барои нест кардани алафҳои бегона ва беҳтар сохтани сохтори хок муҳим аст. Пеш аз кишт картошкаро дар ҷои рӯшан мегузоранд, то нешҳои солим бароранд. Вобаста ба иқлим картошка дар чуқурии 10–15 см шинонда мешавад, то аз сармои эҳтимолӣ ҳифз гардад. Тухмӣ, яъне лӯндаҳо бояд солим, бе нуқс ва вазнашон тақрибан 50–80 грамм бошад. Барои ба даст овардани ҳосилнокии баланд ғизодиҳӣ ва обёрии картошка бояд бо меъёр ва реҷаи муайян сурат гирад, зеро картошка ба намӣ ниёз дорад, хосса дар давраи гулбандӣ ва лӯндашавӣ. Барои беҳтар намудани нашъунамои картошка каландкунӣ, хок пур кардани бехи рустаниҳо, нармкунии байни қаторҳо ва пок сохтан аз алафҳои бегона муҳим аст. Вақте ниҳоли картошка 10–15 см қад мекашад, гирди онро бо хок пур мекунанд, то лӯндаҳо беҳтар сабзанд. Миёни қаторҳо 60–70 см ва байни ниҳолҳо 25–30 см масофа бояд нигоҳ дошта шавад, - фаҳмонд бонуи заҳматписанд.

Барои ҳифзи рустаниҳо аз зараррасонҳо, ба мисли гамбуски колорадоӣ, куяи картошка, бемориҳои фитофтороз ва пӯсиши тухмӣ онро бо маводи зиддиқорчӣ (фунгиситҳо) коркард менамоянд. Истифодаи поруи пӯсида ва нуриҳои минералии азот, фосфор ва калий бошанд ҳосилнокии картошкаро баланд мебардоранд.

Ба қавли Ҳилолабону кишоварзони ноҳия талош доранд, ки майдони киштро васеъ намуда, заминҳои нави даштиро барои ин мақсад мутобиқ созанд, зеро деҳқонон хуб медонанд, ки ҳар ваҷаб замин барои онҳо муқаддасу арзишманд аст. Ӯ худ ба ин боварҳо содиқ, дар 6 садяки замини хоҷагии деҳқониаш картошка ва дар чортоаш пиёз, лаблабу, помидор, шалғам ва дигар сабзавоту донагиҳо коштааст. Дар замини наздиҳавлигиаш бошад дарахтони зардолу, себ, хурмо, нок, биҳӣ, ангур, олуҷа ва гелос қомат боло кардаанду ҳосили дилхоҳ медиҳанд.

-Аз ҳосили дарахтон барои зимистон захира таҳия менамоям, ба мисли ғӯлинг, аштақ, чормағз, донакҳо, себи хушк, мавиз, мураббоҳои гуногун ва ғайра. Аз ҳотаи хона помидор, бодиринг, қаланфур ва дигар сабзавот рӯёнда, дар зарфҳои дулитра то 120 адад очорҳо (консервҳо) маҳкам мекунем. Аз олуҷа бошад то 50–60 банка мураббо таҳия менамоям. Агар захираҳо барзиёд бошанд, ба хешовандон ва нафарони ниёзманд медиҳам. Боз аз олуҷа, биҳӣ ва зардолу шарбату афшураҳо низ омода мекунем. Аз ғӯра ва ревоҷ низ захираҳои шӯрак таҳия менамоем, ки бо оши палав хӯрдани онҳо гуворост, - иброз дошт бону Раҳмонова.

Ба гуфтаи ин бонуи рӯзгордида бонувони ноҳия дар фасли гармо ба чунин корҳо машғуланд, чун хуб медонанд, ки масали «Хошоки тобистон – хӯроки зимистон» ба қавле ҷон дорад. Боқимондаи сабзавотро ба бозорҳо ба фурӯш мебароранд. Аз ин миён картошка, зардолу ва ғӯлингро ба бозорҳои шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд.

Ҳилолабону ду духтару як писар дорад, ки ҳамагӣ аҳли заҳмат буда, ҳам дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳам дар хоҷагиҳои деҳқонӣ арақи ҷабин мерезанду рӯзгорашонро саршор аз файзу баракат менамоянд. Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамчун хоҷагидори беҳтарин борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадр шудааст.Чун аз орзуву ормонҳояш ҷӯё гаштем, гуфт:

-Ормоне надорам, чун меандешам, ки ба орзуҳоям расидаам. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳмат, ки ба занон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то дар ҷомеа мавқеи худро ёбанд.

                                                                                                           Ситора АШӮРОВА,

                                                                                                               ноҳияи Айнӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон