Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Яккаписарамро ба хидмати Ватан мефиристам
Аз ҳар бобБайни волидони зиёде, ки дар маросими сафарбарии фарзандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли рафта дар шаҳри Хоруғ ширкат доштанд, чор модар яккаписаронашонро барои хидмат ба Ватан гусел мекарданд.Сокини маҳаллаи Теми шаҳр Аслигул Шодмонбекова яке аз чунин модарон аст, ки писари ягонаи дӯстдоштааш Алнурро ба хизмати ҳарбӣ мегуселонд.
Аз суҳбат бо модару писар маълум шуд, ки тасмими хизмат ба Ватан аз ҷониби писар ихтиёрӣ буда, модар ба ин раъйи ҷону ҷигараш монеъ нашуда, хоҳишашро дастгирӣ намуд.
Солҳои охир дар ВМКБ иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзи аввали сафарбарӣ иҷро мешавад. Қаблан, ҳангоми сафарбарӣ дар вилоят, мушкилот буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо сокинон парчами пешоҳангии иҷрои нақша дар рӯзи аввалро бардошт, сипас ин ташаббус дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастгирӣ ёфт ва ба анъана даромад.
Имрӯзҳо аксари даъватшудагон ба хизмати ҳарбиро худихтиёриён ташкил медиҳанд. Беҳтар шудани шароити хизмат дар артиш ва инъикоси васеи фаъолияти рӯзмарраи сарбозон дар воситаҳои ахбори омма яке аз сабабҳои афзоиши майли ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар ва сайқал ёфтани маҳоратаву малака дар ҷомеа ҳар чи бештар мақом ва таваҷҷуҳ ҷалб месозад. Ин аст, ки яккаписарони хонаводаҳо, ки имтиёзи озод будан аз сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, худихтиёрӣ хизмат ба Ватанро мепазиранд. Волидон тасмими фарзандонашонро дастгирӣ менамоянд.
Дар бораи хидмати аскарӣ Алнур тасаввуроти хуб дорад. Хонаи онҳо дар назди бозори марзӣ воқеъ аст. Ӯ мебинад, чӣ тавр дар соат ва рӯзҳои фаъолияти бозори марзӣ марзбонон убури мурури тоҷиронро дар гузаргоҳи марзӣ танзим мекунанд ва шабу рӯз боғайрату саъйи комил ҳушёрона марзро муҳофизат мекунанд. Аз тарафи дигар, аз хонаашон машқгоҳи Вазорати мудофиаро дидан мумкин аст, ки сарбозон дар он ҷо маҳоратаву малакаи ҳарбиашонро такмил медиҳанд. Ҳангоме ки сарбозон бо низом ба сӯи размоишгоҳ аз роҳи канори маҳалла мегузаранд, аскарбачаҳои оянда бо ҳавас ба онҳо менигаранд. Алнур мехоҳад, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил намояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барояш на танҳо дарси обутоби ҷисмонӣ ва омӯзиши касбу ҳунар, балки имконияти васеи кор дар сохторҳои мақомоти қудратӣ ва низомиро барояш фароҳам меорад.
Аслигул Шодмонбекова факултаи забони англисии Институти педагогии Душанберо хатм намуда, ду сол дар мактаби миёнаи шаҳри Ваҳдат ба шогирдон забон омӯхт.
Сипас ба Хоруғ баргашта, дар мактаби миёна ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ фаъолияти омӯзгориро идома дод. Вақте ки дар маркази вилоят бо ибтикори ташкилотҳои байналмилалии мададрасон нахустин курси омӯзиши фаъолияти молиявӣ кушода шуд, Аслигулро ҳамчун тарҷумон ба кор даъват карданд. Дар баробари забондонй, бонуи босавод зеҳни тезу ҳисобдонӣ, дақиқкорӣ ва шавқу завқи зиёд ба омӯзиши асосҳои фаъолияти молиявӣ зоҳир намуда, худ яке аз таълимгирандагони курс гардид. Бо хатми курс ва бозомӯзиву такмили малака ӯ ҳамчун мутахассис дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ, мутахассиси шуъбаи қарз ва амалиёти бонкӣ кор карда, дар таъсиси нахустин Бонки молиявии хурд дар маркази вилоят, ки акнун ба Бонки қарздиҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон табдили ном кардааст, саҳм гузошт.
Алҳол Аслигул Шодмонбекова давлати пирӣ меронад, вале мудирияти МТМУ-и маҳаллаи Теми шаҳр, бинобар ниёзмандӣ ба омӯзгори фанни забони англисӣ ӯро чун мутахассиси ботаҷриба ба кор даъват карданд. Ҳамин хел вай ба касби омӯзгорӣ пардохт. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки маориф дар кишвар муайян гардидааст, зеро забондонй на фақат нишонаи зеҳн ва маданияти баланди ҳар фард аст, балки он барои идомаи таҳсил ва корёб шудани шаҳрвандони кишвар дар давлатҳои дигар омили муҳим мебошад. Таҷрибаи бойи бонуи омӯзгор имкон медиҳад, ки дар забономӯзӣ ба шогирдон муваффақ бошад.
Шавҳари Аслигул бармаҳал аз дунё гузаштаву даҳ соли охир тарбияи фарзанди ягона пурра бар дӯши модар уфтод. Барои модар яккаписар ба ҷону ҷигар ва гавҳари чашм баробар аст. Дар таъмини моддии фарзанд душворӣ надоштам. Дар тарбияи зеҳнӣ ва маънавии фарзанд ва барои ба камол расондани ӯ чун инсони хубу солими ҷомеа мисли ҳар як модари тоҷик кӯшиши зиёд ба харҷ додам. Бовар дорам, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои писарам, ки бо ихтиёри худ хоҳиши хизмат ба Ватан-Модарро интихоб намудааст, мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар мегардаду дар ташаккули шахсияташ нақши арзанда мегузорад. Аз ин рӯ, бо дили пур ҷигарбанди хешро ба хизмати ҳарбӣ мегуселонам, - изҳор дошт Аслигул Шодмонбекова.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ
Мубодила:
Шарҳҳо











