Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
“Тахти Қубод”- аз намои адолат то рисолати касбӣ
Чеҳраҳо / СлайдерБа умеди шафоати ном дар рӯзгори ояндааш ва ё ҳикматҳои ногуфтаи сарнавишт бошад, ки дар он шаби мубораки милод аҷдодонаш варо Адолат ном гузоштанд. Ҳанӯз хурдсол буд, ки ба гоҳи эҳсоси ноҷӯриҳо садои эътирозаш аҳли хонаводаро ба худ меовард, ки зодмандон хоҳу нохоҳ ба хостаҳои ӯ амал мекарданд. Гузори солиёни наврасӣ рӯзе нидои ҳақталошиҳои ду тан толибаи мактабхон аз тариқи барномаи «Ҳамроз»-и Радиои Тоҷикистон сукути деҳаву мактаби зодгоҳашро барҳам зад, ки яке аз онон садои Адолат буд.
– Номи инсон пешгӯйкунандаи қисмати ӯст, ки бесабаб нест ва ҳарчанд маро дар хурдсолӣ пайрав ба исми модари бузургворам Озода ва хоҳарбузургам Ороста, яъне Гулдаста ном мегирифтанд, вале оқибат Адолат ном гирифтам, – табассумомез риштаи суҳбатро мекушояд Адолат Сайфуллозода.
– Аз овони наврасӣ баъзан ошкоро, ба гоҳе бо навиштани номаҳо ба унвонии радио ва нашрияҳои даврӣ нисбат ба беадолатиҳо садои худро баланд мекардам. Ёд дорам, ба хотири навиштани як матни таъсирбахш аз розу ниёзи мардум рӯзу ҳафтаҳо аз назари ҳамсояву дугонаҳоям пинҳон мешудам. Барои дарёфти як вожаи мувофиқ баъзан як асари бадеиро мутолиа мекардам ва ин ҳама хостаҳои ниҳонӣ ҳикмат доштааст, ки баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиши рӯзгор маро ба роҳе бурд, ки интизорашро надоштам. Баъди ду соли нокомӣ дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино танҳо як сухани таконбахши устод Ҳабибулло Ёров масири маро дар зиндагӣ дигар кард: «Ҳамин духтар ду сол барои дохил шудан ба ин Донишгоҳ муваффақ нашуд, аммо шояд офаридгор Адолатро барои бо сухан табобат кардани одамон офарида бошад».
Он сон, Адолат пешаи рӯзноманигориро интихоб намуд ва дасти сарнавишт ӯро ба Қубодиёни бостонӣ овард, ки баъди андӯхтани таҷрибаи чандинсола ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии «Тахти Қубод» пазируфта шуд. Донишу фитрати озодманишӣ, ҷасорату мавқеъгириҳои оштинопазираш алайҳи ноҳамвориҳои ҳаёти ҷомеа варо дар андак муддати пешбурди фаъолияти ин ҳафтанома, миёни сокинони ноҳия ва кормандону масъулони мақомоти маҳаллӣ муаррифӣ намуд. Инак, чандин сол мешавад, ки нашрияи мазкур аз лиҳози мазмуну муҳтаво, инъикоси мавзуъҳои мубрам ва теъдоди нашр аз беҳтарин ҳафтаномаҳои шаҳриву ноҳиявии вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад.
Ба гуфти ӯ, нашрияи «Тахти Қубод» бо инъикоси мавзуъҳои фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа миёни хонанда, ба вижа заҳматкашони деҳот, маҳбубияти беандоза дорад. Асоси рушди рӯзномаи маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдаст ин инъикоси воқеаҳои зиндагист, ки эътимоду боварии ҷомеаро ба ВАО ва шаффофияти кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ меафзояд ва бо ин васила ба шаҳрвандон рӯҳияи ростгориву ҳақиқатҷӯӣ ва таъмин будани адолати иҷтимоӣ мебахшад.
Бо шарофати арҷгузорӣ ба ин арзишҳои инсонист, ки дар баробари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия, сокинон ба мутолиаи матбуоти даврӣ шавқу рағбати зиёд пайдо кардаанд. Дар замони рушди бемайлони технологияи муосир ва бемаҳдудии шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони рӯзномаи «Тахти Қубод» ҷиҳати ба даст овардани эътимоду таваҷҷуҳи бештари мардум ба матбуоти даврӣ ва ҳам дар майдони иттилоот рақобатпазир мондан, тадбирҳои муассир меандешанд.
– Ба ростӣ аз сатҳи донишу таҷрибаи хеш дар самти истифодаи самараноки воситаҳои замонавии иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ қаноатманд нестам. Албатта, дар ин синну сол истифода набурдан аз воситаҳои муосири иттилоотӣ камбудии мост ва аз сӯи дигар, ба ростӣ ба ин шеваи кор хӯ нагирифтаам, – иқрор меояд сармуҳаррири нашрияи «Тахти Қубод»-и ноҳияи Қубодиён Сайфуллозода Адолат ва меафзояд:
– Бинобар ин, дар омода намудани ҳар як шумораи навбатӣ аз хабару рӯйдодҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида истифода намебарам. Яъне, тамоми хабару матлабҳоеро, ки пешкаши хонандагони худ мегардонем, маҳсули кори худамон аст ва дар ин ҷода панду насиҳати устодонам чароғи роҳнамои мост, то ин ки дар айни омода намудани шумораи навбатӣ бо таҳлилу бозбинии бойгонии ҳафтанома муҳимтарин мавзуъҳои ба қавле обнашӯстаро пешкаши хонанда гардонем.
Зиёиёни ноҳияи Қубодиён ҳафтавори «Тахти Қубод»-ро оинаи рӯзгори мардум медонанд, ки дар саҳифаҳои он масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, рӯйдоду навгониҳои рӯзмарраи сокинон ва мавзуъҳои мубрами соҳаҳои маорифу тандурустӣ таҷассум меёбад. Вижагиҳои дигари ин нашрия ҳамкории густурда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки қариб дар ҳар шумора вобаста аз фаъолияти рӯзмарраи сохторҳои мазкур хабару гузоришҳои оҷилӣ интишор мегардад. Ба инобати таваҷҷуҳи хонанда ба шумораи рангаи матбуоти даврӣ ва фарогирии мавзуъҳои ҷолиб Адолат пайваста дар саъю талош аст. Мутаассифона, норасоии рӯзноманигорони ҷавон дар ин ноҳияҳои дурдаст аз мушкилоти ҳалнашуда боқӣ мондааст, – изҳор медорад сармуҳаррири нашрияи «Тахти Қубод». – Дар ҳоле, ки як дӯхти ҳунарманд як моҳи дароз паси мошинаи дӯзандагӣ заҳмат кашида, каму беш аз 1700–2000 сомонӣ даромади соф ба даст меоварад, аммо рӯзноманигорони ҷавон ба ҳамин миқдор музди маош қаноат накарда, аз кор мераванд.
Новобаста ба вазъи матбуоти маҳаллӣ мо собиқадорони соҳа бояд ҷиҳати рушди минбаъдаи нашрияҳои маҳаллӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳу сифати матбуоти тоҷик гомҳои устувор гузорем. Дар арафаи идҳои фархундаи баҳорӣ ва Рӯзи матбуоти тоҷик ташрифи шумори чашмраси хонандагону мухлисонамон ба идораи нашрияи «Тахти Қубод» мояи ифтихору рӯҳбаландии мо, рӯзноманигорон аст, – мегӯяд бону Адолат. Тайи солҳои фаъолият бо мақсади таҷаллии чеҳраҳои мондагори ноҳия, ки аксаран заҳматкашони одӣ мебошанд, дар идораи ҳафтанома бойгонии тиллоии иборат аз ҳазорон аксу тасвирҳои ҷолиб аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти сокинон тартиб дода шудааст. Дар ин махзани маънавӣ хотираҳои мардум сар аз деҳқону боғдору пиллапарварон то фаррошу коргарони қаторӣ соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия маҳфуз аст, ки бозтоби ин саҳифаҳои таърихӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба матбуоти даврӣ ва тарғиби наслҳои ҷавон ба илму донишандӯзиву саҳмати содиқона ба халқу меҳан мусоидат менамояд.
Ба андешаи Адолат вазъи моливу сатҳу сифати нашрияи «Тахти Қубод»-и ноҳияи Қубодиён нисбат ба нашрияҳои навоҳии минтақа хеле беҳтару хубтар аст. Аз ин рӯ, рушди матбуоти маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдаст бояд мавзуъҳои ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва масъулони соҳа қарор дошта бошад.
Хушбахтона, моро ҳамасола дар чорабиниҳои идонаи касбӣ ба маркази вилоят даъват менамоянд ва раиси ноҳия низ ба идораи нашрия ташриф меоранд. Бо шарофати дастгириҳои МИҲД ноҳияи Қубодиён мо соҳиби бинои корӣ шуда, ҳамчунин қаблан Вазорати фарҳанги кишвар ба мо компютер ва роҳбарияти МИҲД вилояти Хатлон як компютер тақдим намуданд, ки ин шароитҳои фароҳам имкон медиҳанд, дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзнома, ҳамзамон, бобати омода намудани кадрҳои ҷавони соҳаи матбуот «Мактаби устоду шогирд»-ро роҳандозӣ намоем, – гӯён Адолат Сайфуллозода аз маҳсули эҷодии хеш чунин илова намуд:
«Дарвоқеъ, муҳаббату озодӣ барои як рӯзноманигор кофист, то кору эҷод намояд ва мо ки аз ин неъматҳо бархурдорем, камфаъолиятӣ бароямон баҳона шуда наметавонад. Яъне, изҳори розу ниёз ва ҳаёту рисолати як қаламкаш дар шоҳбайти зер баръало таҷассум ёфтааст:
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда ба онем, ки ором надорем.»
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Қубодиён
Мубодила:
Шарҳҳо











