Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуе дар кору оиладорӣ ҳамвора муввафақ
Чеҳраҳо / Слайдер-Матлуба як ҷузъи ифтихории хонадони мост. Пас аз як моҳи фавти падар ба дунё омад. Ғамгусору муттакои дили модари муштипар дар ин лаҳзаҳои сахту сангин гардид. Аз хурдӣ духтараки озода, зираку ҳушёр, хушфеълу гапдаро, ҷасур, ҳамзамон, якрав низ буд. Вақте наздаш мақсад мегузошт, барои расидан ба қуллаи мурод бо тамоми ҳастӣ талош меварзид. Орзуи омӯзгор шуданро дошт. Бо гузашти вақт ба донишгоҳ ҳам дохил шуду соҳибтахассус гардид… Тӯли ин солҳо бо тамоми ҳастӣ барои таълиму тарбияи комили шогирдон саъю талош намуд. Саҳми худро дар рушди маориф, тарбияи садҳо наврасону ҷавонон гузошту ба орзуи дилаш расид, — андешаҳои худро иброз дошт Биҳоҷал Раҳимова, ходими маъруфи давлатӣ, сиёсиву ҷамъиятии мамлакат.
Ба хотири огоҳии бештар аз хислатҳои неку ҳамида, лаёқату истеъдод, нуфузу эътибори баланди омӯзгори асил Матлуба Муинова аз пайи ҳамсуҳбатиаш шудам. Ниҳоят дар ҳалқаи шогирдон, дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил болидарӯҳ дарёфтам. Чеҳраи нурбораш садбарги шукуфонро пеши назар меовард. Сухан аз ваҳдату саодати истиқлол мегуфту шогирдонро ба роҳи ростиву адолатхоҳӣ мехонд. Баъди итмоми машғулият суҳбати мо атрофи рӯзгори онҷониб идома ёфт.
Бону Матлуба гуфт, ки дар ҳаёту фаъолият бисёр ҷиддӣ, бомасъулият ва босиёсат будааст…
Матлуба Муинова 6-уми июли соли 1956 дар оилаи аҳли маърифату илму адаб ба дунё омад. Гӯё ин фасли гармо дар хислату рафтораш асар гузошт. Бо ёриву раҳнамоии модари дӯзандаву пазандааш ба амали кадбонугӣ хуб моҳиру дастболо гардид. Вақте тақдир бо ҷавони соҳибилму соҳибмаърифат Муинҷон Муинов пайвасту ба ҳаёти мустақилона баромад, ҳама омӯхтааш ба кор омад.
Баробари таҳсил дар факултети физика ва математикаи институти педагогии Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) гуларуси гуландом бо насиҳатҳои фозилонаи модар аз дилу ҷон омодаи хизмати аҳли оила буду кӯшиш ба харҷ медод, то аз уҳдаи корҳои рӯзгор ба хубӣ барояд. Хушдоманаш аз омадани аруси пурҳунару пазанда қаноатманд буд. Шавҳараш низ аз ин бахти баланду толеи некаш хурсанду шод…
Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби миёна, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи вилояти Суғд саҳми худро дар пешрафти соҳаи маориф гузошт. Маҳорати кордониву малакаи баланди роҳбариашро ба назар гирифта, ӯро соли 1999 муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин намуданд ва ӯ то соли 2001 дар ин ҷодаи пурмасъул ифои вазифа намуд.
Солҳои 2001–2009 сарварии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалилро ба уҳда гирифта, дар беҳтару хубтар гардидани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияту шароити хубтару беҳтари таълиму тадрис, ҷалби омӯзгорони навовару болаёқат аз ҷумлаи соҳибихтисосҳои ҷавон амали пурсамар анҷом дод. Кордонӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва таҷрибаи бою истеъдоди фитрии роҳбариаш буд, ки соли 2009 аз рӯзҳои аввали бунёдгузории Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон роҳбарии ин макони маърифатро ба дӯшаш вогузоштанд. Давоми фаъолият тавонист хонандагони боистеъдоду болаёқат, донишдӯсту маърифатпарварро тариқи озмун ба мактаб ҷалб намуда, якҷоя бо омӯзгорони соҳибтахассусу бомаҳорат даричаи пургуҳари донишро ба рӯи онҳо боз намояд.
— Бо ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор гирифта буд. Муассисаи навбунёдро ҳамчун роҳбар муаррифӣ менамудам. Дар интиҳо аз Пешвои муаззам барои мактаб ду автобус ва як нақлиёти боркаш хоҳиш кардам. Сарвари давлат ҳангоми ҷамъомад дар саҳни мактаб байни издиҳом суханро аз дархости ман оғоз намуда, ваъда доданд, ки ду автобус ва як мошини боркаш ба мактаб туҳфа карда мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва мо бо ёрии Президенти маҳбубамон соҳиби чунин армуғони бебаҳо шудем, — бо хушҳолӣ он лаҳзаҳои таърихиро ёд овард Матлуба Муинова.
Пас аз расидан ба синни мубораки нафақа Матлуба Муинова пешаи омӯзгориро дар мактаби «Гулчини маърифат» ҳамчун директор идома бахшид. Дар ин ҷо низ бо дасту дили гарм, нақшаву ниятҳои нек амал карда, бо тарзу усулҳои наву судманди хониш таълими босифатро ҷорӣ намуд. Дере нагузашта шумораи хонандагони фаъолу пешсаф зиёд шуда, «Гулчини маърифат» чун яке аз муассисаи пешрав эътибор пайдо кард. Дар ин боргоҳи дониш давоми панҷ сол дар дарёфти истеъдодҳои наврас, гулчини маърифат, заҳмат кашид. Пасон хост худро канор гираду аз пайи таълиму тарбияи набераҳо шавад, аммо ӯро боз ба кори тарбияи хонандагону андӯхтани таҷриба ба омӯзгорон ба гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд даъват карданду ӯ имрӯз рисолати худро ҳамчун маорифпарвари асил иҷро менамояд…
Пас аз даргузашти ҳамсари ҳаётиаш Муинҷон Муинов шоми ситораборон дар назараш ноаён гардид, вале рӯҳафтода нашуд. Ба хотири фарзандон худро ба даст гирифт. Саҳифаҳои заррину пурҷилои зиндагиро ба гулпайвандонаш бо азму иродаи устувор боз намуд. Ба шарофати дуои неку раҳнамоиҳои модари соҳибхираду соҳибмаърифат гулдухтаронаш дар ҷомеа шинохта шуда, ҳоло дар вазифаҳои масъул фаъолият доранд…
— Ба кори духтаронам назар мекунаму заҳмати худу падарашонро дар фаъолияти назарраси Мавзуна Раҳимӣ — мудири шуъбаи «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, Мавсума Муинӣ — муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манзура Муинзода — директори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил мебинаму дилпуру шодон мешавам, ки боғи бо ҳазорон умеду ормонҳо парваридаамон самар медиҳад.
Меҳнати софдилонаи Матлуба Муинова бо унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон ва медали ҷашнии 20-солагии истиқлолият ва ғайра қадр гардидааст.
Бимуслима РАҲИМОВА,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо











