Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз шавқи кӯдакӣ то зинаи роҳбарӣ
ЧеҳраҳоБаъзан як лаҳзаи кӯдакӣ метавонад сарнавишти инсонро муайян созад. Барои Тоҷинисо Манонзода чунин лаҳзаҳо он шабҳое буданд, ки канори падараш нишаста, ҷамъоварии рақамҳо ва ҳисоботҳоро бо шавқ мушоҳида мекард. Солҳо сипарӣ шуданд ва ҳамон шавқи кӯдакӣ ӯро ба курсии роҳбарии яке аз бахшҳои муҳими омори пойтахти кишвар — шаҳри дилорои Душанбе расонд.
ЛАҲЗАЕ, КИ САРНАВИШТРО МУАЙЯН КАРД
Бале, муҳаббати омор дар дили Тоҷинисо Манонзода аз овони кӯдакӣ маъво гирифт. Падараш дар шуъбаи омори ноҳияи Темурмалик фаъолият мекард ва кори ӯ барои духтарчаи хурдсол бисёр ҷолиб менамуд.
— Ёдам ҳаст, падарам шабҳо ба воситаи телефон аз хоҷагиҳо маълумоти оморӣ мегирифт. Ман дар паҳлуяшон менишастам ва бо шавқ гӯш мекардам, ки чӣ гуна рақамҳо ҷамъ мешаванд. Ҳамон вақтҳо дар дилам муҳаббат ба ин касб пайдо шуд, — ба ёд меорад Тоҷинисо.
Номбурда дар хонаводаи серфарзанд ба воя расидааст. Дар оилаи онҳо шаш духтар ва як писар тарбия меёфтанд. Зодмандон ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Модараш омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, фарзандонро ҳамеша ба донишандӯзӣ ва интихоби дурусти касб ҳидоят мекард.
ҚАДАМҲО БА СӮИ МУСТАҚИЛИЯТ
Пас аз хатми мактаб ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд, аммо бо сабаби оиладорӣ муваққатан аз таҳсил дур монда, ба тарбияи фарзандон кӯшид. Дар ин миён дар Литсейи касбии дӯзандагӣ пешаи тарроҳиро аз худ намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 2000 дар фабрикаи «Суман» оғоз кард. Баъдтар фаъолияти худро ҳамчун мураббӣ дар Хонаи кӯдакони №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дод.
СОЛИ ТАҚДИРСОЗ
— Соли 2010 тавассути телевизион эълони барӯйхатгирии аҳолиро шунидам. Дарҳол тасмим гирифтам, ки дар он иштирок намоям. Ба идораи омор рафтам ва ҳамин хел фаъолияти худро дар ин соҳа сар кардам. Ҳамин қадам оғози роҳи нави касбии ман гардид, — мегӯяд ӯ.
Иштирок дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ барояш таҷрибаи муҳим гардид ва пас аз анҷоми он ӯро ҳамчун корманди доимӣ пазируфтанд.
Тоҷинисо Манонзода нағз мефаҳмид, ки барои мутахассиси хуб шудан танҳо таҷриба кофӣ нест. Аз ҳамин сабаб таҳсили худро барқарор намуда, донишгоҳро сарбаландона тамом кард.
Баъдан барои такмили донишҳои иқтисодӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси молия хатм намуд. Ин таҳсил ба ӯ имкон дод, ки дониши худро дар соҳаи иқтисод ва омор боз ҳам мустаҳкам созад.
— Ҳар рақамеро, ки таҳлил мекунем, танҳо рақам нест. Дар паси он зиндагии одамон ва рушди иқтисоди кишвар меистад, — таъкид менамояд ӯ.
МАРҲАЛАИ НАВ
Заҳмату кордонӣ ва масъулиятшиносии бону Тоҷинисо аз ҷониби роҳбарияти соҳа баҳои баланд гирифт. Фаъолияти пурсамар ва корбарии бенуқсонаш буд, ки ӯро соли 2024 мудири бахши омори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин карданд. Ин вазифа барояш марҳалаи нави фаъолияти касбӣ гардид.Ноҳияи Сино яке аз калонтарин ноҳияҳои пойтахт буда, роҳбарӣ дар чунин бахш масъулияти баланд ва таҷрибаи ғаниро тақозо менамояд. Дар вазифаи нав низ ӯ худро ҳамчун корманди кордон, меҳнатдӯст, масъулиятшинос ва навовар нишон дода, дар байни ҳамкорон эҳтироми хосса касб кард.
Воқеан, ноҳияи Сино дар рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт нақши муҳим дорад. Бо назардошти аҳамияти ин ноҳия, таҳлил ва ҷамъбасти мунтазами маълумотҳо дар ҳамаи соҳаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
— Дар ноҳияи Сино соҳаҳо ба шаш самти асосӣ ҷудо гардидаанд. Ҳар як самт маълумотҳои худро ҷамъоварӣ намуда, сипас онҳо ҷамъбаст ва таҳлил карда мешаванд, — иброз медорад Тоҷинисо.
Маълумотҳои ҳар як соҳа ҷамъ оварда шуда, пас аз муттаҳидсозӣ таҳлили муфассал гузаронда мешавад. Ин раванд имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди ноҳия муайян гардида, вазъият бо солҳои гузашта муқоиса карда шавад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, шумораи аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 522 ҳазор нафар мебошад. Дар маҷмӯъ, аҳолии шаҳри Душанбе ба 1 миллиону 291 ҳазор нафар мерасад ва қисми зиёди аҳолии шаҳр дар ҳамин ноҳия умр ба сар мебарад.
РАҚАМИКУНОНӢ
Имрӯз ҷамъоварии маълумотҳо дар ноҳия бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ мегардад. Аксарияти равандҳо ба шакли электронӣ сурат гирифта, он имконият медиҳад маълумотҳо сари вақт дастрас шуда, таҳлил бо дақиқияти баланд анҷом пазирад.
— Гузариш ба низоми электронӣ кори моро хеле осон намуд. Ҳоло метавонем маълумотҳоро зуд қабул карда, дар муҳлати кӯтоҳ таҳлил намоем, — мегӯяд бонуи ҳисобдон.
САМТИ МУҲИМ
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ноҳия соҳаи кишоварзӣ аст. Алҳол дар ҳудуди он 184 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, мардум асосан дар заминҳои обӣ ба киштукор машғул аст. Дар баробари рушди иқтисодӣ, ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таълим ва баланд бардоштани маърифати занон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доранд. Имрӯз имкониятҳои таҳсил барои занон васеъ гардида, шумораи духтарон дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол меафзояд.
— Занон бо ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ метавонанд дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Барои ин донишандӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ муҳим аст, — таъкид мекунад ӯ.
ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ
Дар баробари фаъолияти касбӣ, Тоҷинисо ба варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Ӯ дар навъҳои варзиш, аз ҷумла волейбол ва шиноварӣ маҳорати хуб нишон медиҳад. Ҳамзамон, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим аҳамияти хоса медиҳад.
— Ҳафтае се-чор маротиба, баъд аз кор як соат ба варзиш шуғл меварзам. Ҳар субҳ 15–20 дақиқа машқи бадан кардан хеле манфиатбахш асту ба инсон барои тамоми рӯз неруи тоза мебахшад, — иброз медорад ӯ.
Ҳамчунин, Тоҷинисо Манонзода дар соҳаи омӯзгорӣ низ фаъол аст. Ӯ дар кафедраи омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни омор дарс гуфта, таҷрибаи амалии худро ба ҷавонон меомӯзонад.
НАМУНАИ ИБРАТ
Имрӯз вай на танҳо роҳбари масъулиятшинос, балки модари меҳрубон ва шахси фаъоли ҷомеа мебошад. Се фарзанди худро, ки ҳарсе писар мебошанд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба меҳнат тарбия намуда, барои дигарон намунаи ибрат аст.Қиссаи зиндагии ӯ нишон медиҳад, ки бо сабр, заҳмат ва иродаи қавӣ инсон метавонад ба ҳадафҳои баланд бирасад. Аз духтарчае, ки дар канори падар рақамҳоро бо шавқ мушоҳида мекард, то расидан ба вазифаи роҳбари як бахши муҳими давлатӣ — ин роҳи пурифтихор ва намунаи равшани муваффақият мебошад.
Далер САФАР
Мубодила:
Шарҳҳо










