БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ифтихори ӯ аз ватандорист

Чеҳраҳо

Анзурат Маликзода ин бонуи хирадманду ҳушманд бо иффати хос ва бо шахсият намуна барои бонувони кишвар аст. Бо иродаи қавӣ, бо заҳматҳои шабонарӯзии худ дар ҷодаи илм пажӯҳишҳои бешумор анҷом медиҳад ва яке аз чеҳраҳои маъруфи илму адабиёт ва фарҳангшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, мусоҳиби доимии барномаҳои радио ва телевизионҳои кишвар аст. Силсиласуҳбатҳои пурмуҳтавояш аз барномаҳои «Рисолати муқаддас» ва «Асолати миллӣ», ки аввалан мустақим сурат гирифта, пасон сабт мешаванд, дар «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои «Тоҷикистон» маҳфузанд.

  

Дар ибрози андешаи тоза ва пешниҳоди коршиносона маҳорат дорад. Гузоришҳои онҷониб бештар фарогири мавзуъҳои рӯз — пос доштани арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, мазаммати таассуб ва бегонапарастӣ, тарғиби худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, истиқлоли фикриву фарҳангиву миллӣ, муқаддасоти давлатӣ, забон, таърих ва омӯзишу таҳқиқи осори ниёгон мебошанд.

Диққати аҳли қаламро имрӯзҳо китоби тозанашри «Мактубҳо»-и устод Айнӣ ба худ ҷалб кардааст ва ин падидаи фарҳангӣ аз кӯлвори таърих аст. Заҳматҳои пайваста ва фаъолияти пурсамари бонуи донишманду пуркор Анзурат Маликзода ва ҳаммураттибонаш аст, ки хонандагони ин китоб аз хидматҳои арзишманди устод Айнӣ дар бунёди давлати миллӣ ва эҳёи таъриху адабиёти тоҷик огоҳии комил пайдо мекунанд.

Алҳол, китоби «Мактубҳо»-и устод Айнӣ дар шакли силсилагуфторҳои «Хониши бадеӣ» аз ҷониби масъулони Радиои «Тоҷикистон» таҳия мешавад ва дар радифи нодиртарин осори илмиву адабӣ дар «Хазинаи тиллоӣ» ҳифз мегардад. Хушбахтона, дар ин хазинаи нодир садои мондагори устод Садриддин Айнӣ низ ҳифз шудааст.

Воқеан, омӯзиши бойгонии устод Айнӣ ва тартиб додани феҳристи илмии тамоми маводи он, кор дар осорхонаи адабӣ-ёдгории адиб, ҷамъоварӣ ва баргардон намудани мактубҳо, инчунин, пайдо кардани номаҳо аз рӯзномаҳои солҳои гуногун ва муайян намудани таърихи рӯзи як қисми он кори заҳматталабу шоистаи таҳсин аст.

Анзурат Маликзода номзади илмҳои филология буда, ба сифати адабиётшинос дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифои вазифа менамояд. Муаллифи китобҳои зиёд дар таҳқиқи осори классикии тоҷику форс буда, беш аз сад мақолаи илмӣ-оммавӣ низ интишор намудааст.

Ин олими закӣ дар бораи зиндагинома ва осори адабии шоири намоёни асри XVII Мовароуннаҳр — Кироми Бухорӣ пажӯҳиш анҷом дода, ғазалиёти ӯро дар шакли китоб мураттаб ва ба унвони «Девони Кироми Бухорӣ» чоп кард. Ин китоб аз 106 варақ ва 138 ғазал иборат буда, дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии АМИТ маҳфуз аст. То ин вақт аз ғазалиёти ин шоири соҳибдевон, ба истиснои 30 ғазал, ки дар маҷмуаи «Гулшани адаб» мунташир шудааст, чизе дастрас набуд. Роғибони адабиёт акнун метавонанд ин китоби шодоб аз ғазалҳои ноби шоир Кироми Бухориро дастрас ва мутолаа намоянд.

Китоби дигари тозанашри Анзурат Маликзода «Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ» мебошад. Муаллиф дар сарсухан овардааст: «Ба занони шуҷоъ, адолатпарвар ва сарфарози Хуросонзамин мебахшам».

Оре, ба ҳисси шуҷоат, ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба ин осори гаронбаҳои шоирбонуи тоҷик Робиаи Балхӣ танҳо зане метавонад сано хонад, ки замиру сиришти тоҷиконаву орифона дорад. Адабиётшинос Анзурат Маликзода дар ин китоб доир ба рӯзгор, осор ва аҳамияти мероси пояндаи модари шеъри порсии тоҷикӣ — Робиаи Балхӣ маълумот медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо танҳо ба ин хулоса расида метавонем, ки Робиаи Балхӣ ҳамасри нисбатан ҷавони устод Рӯдакӣ буда, дар охири аҳди салтанати Сомониён зистааст.

Робиа аз худ ибтикорот нишон дода, асосгузор ва ё пешгоми шеъри зан дар таърихи адабиёти тоҷику форс қарор гирифтааст. Шеърҳои Робиа бо содагӣ, дилангезии тасвир ва осонбаёнии хеш мумтозанд. Шеъри ӯ бе ҳеҷ такаллуфу суханбозӣ, балки бо содагии сухани мардум баробар гуфта шудааст:

Дӯш бар шохаки дарахт он мурғ,

Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ:

Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,

Ту чӣ нолӣ, ки мусоид ёрӣ».

Муҳаққиқ дар асоси маълумоти сарчашмаҳо шарҳи ҳоли Робиа-ро баён дошта, аз ҷумла менависад: «Зиндагии фоҷиабор ва ишқи пуршӯри Робиа ба адибони маъруфе чун Шайх Фаридуддини Аттор ва Ризоқулихони Ҳидоят таъсири амиқе гузоштааст, ки онҳо дар “Илоҳинома” дар ҳаҷми 408 байт ва дигарӣ — маснавие бо номи “Бактошнома” дар ҳаҷми 295 байт эҷод карда, шахсият ва сарнавишти ин шоири ормониро ба риштаи тасвир кашидаанд».

Дар китоби «Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ» адабиётшинос ин маснавиҳоро ба он хотир овардааст, ки дар шинохти тозаи Робиа ба муҳаққиқон ёрӣ расонад. Ӯ зикр намудааст, ки аз мероси адабии Робиаи Балхӣ ҳамагӣ 55 байт, 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст, вале аз ҳамин миқдори ками ашъори шоир қариҳаи зотӣ ва истеъдоди баланди шоирии ӯ пайдост.

Муҳаққиқ барои пешниҳоду дастрасии ҷомеа ба чунин матолиб заҳмати зиёд кашидааст. Масалан, нигоштаҳо ва таҳқиқи донишмандону пажӯҳишгарони тоҷику эрониро мутолаа намуда, сипас бардоштҳояшро ба қалам додааст.

Заминаи асосии дастовард дар ҷодаи пажӯҳиш барои Анзурат Маликзода кори пайваста дар осорхонаҳову китобхонаҳои ватанӣ, иштирок ва суханронӣ дар семинар-машваратҳои илмӣ дар дохилу хориҷи кишвар ва, инчунин, омӯзишу огоҳӣ аз маҷмӯи мақолаву китобҳои интишоршудаи донишмандони Тоҷикистону Эрон мебошад.

Анзурат Маликзода, ҳамчунин, маҷмуаи ашъори боқимондаи Робиаи Балхиро бо номи «Дарёи каронанопадид» соли 2010 бо хатти кириллӣ ва форсӣ таҳия ва мураттаб намудааст, ки ин маҷмуа ҳоло дар дасти алоқамандони шеъру адаби тоҷик аст. Бо овардани иқтибос аз сарсухани муаллиф чун далели муътамад иктифо мекунем: «Ҳатто андешаҳои ахлоқиро метавон аз мероси ками Робиаи Балхӣ пайдо кард. Ҳамон гуна, ки дар ин байт:

Қадаҳ гир чандеву дунё нагир,

Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт».

Номзади илмҳои филология, адабиётшинос Анзурат Маликзода нақши боризи худро дар тарбияи насли ҷавон низ мегузорад. Далели ин гуфтаҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки ҳамчун ҳакам он ҷо ширкат варзида, бо рағбати зиёд ва таваҷҷуҳи хос нисбат ба алоқамандони китоб холисона баҳогузорӣ ва раҳнамоӣ мекунад.

Анзурат Маликзода бар чунин назар аст:«Агар миллататро дӯст дорӣ, рисолати модариатро шоиста ба ҷо биёр! Ман миллатамро сахт дӯст медорам, агар ниҳоли умедамро чун навдае тоб диҳанд ҳам, ман ҷавлон зада, рақсида, худро рост карда, бар пайкари миллати шарифамон бо меҳр бӯса мезанам, зеро ин миллати наҷиб аз ноадолатиҳои таърих захмҳои барҷастае дар дил дорад… Аз ҳеҷ унвоне тафохур надорам, ҷуз ин ифтихор, ки ман тоҷик ҳастам!».

                                         Фирӯза САИД

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 33)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон