Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Формулаи хоси Адолат Ё дарсе дарозтар аз китобҳо
ЧеҳраҳоАдолати Қурбоналӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ. Айни замон ба ҳайси декани факултети муштараки сайёҳии байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Ӯ дорои дониши хуби забонҳои русӣ ва англисӣ буда, дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва идоракунӣ аз онҳо самаранок истифода мебарад.
Одамро аз паси минбар ё мизи корӣ шинохтан душвор аст. Ҳатто диплом, унвон ва мансаб ҳам на ҳамеша воқеиятҳоро дар бораи одамон хоҳанд гуфт, аммо аз рӯйи муносибат бо инсонҳои дигар шинохти одамон бисёр осон мешавад.
Адолати Қурбоналиро на дар ҳуҷраи корӣ дидаам, на дар толори конфронс. Аввалин бор ӯро дар маҷлиси падару модарони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинохтам. Одатан чунин маҷлисҳо аз гузоришҳо, маълумоти зиёд, таърифу тавсифи болохонадор, танқидҳои нохушоянд ва чанд тавсияи расмӣ иборат мешаванд, вале он рӯз диққати маро муносибати як омӯзгор бо донишҷӯён бештар ба худ кашид.Омӯзгоре миёни донишҷӯён меистод. Шогирдон аз ӯ «намегурехтанд». Яке чизе мепурсид, дигаре маълум буд, ки кадом масъалаи шахсиашро дар миён мегузошт, савумӣ бо табассум танҳо салом медод. Муаллим ба ҳар кадом бо меҳрубонӣ посух мегуфт. Дар нигоҳи ӯ на танҳо масъулияти омӯзгорӣ, балки гармии муносибати модарона эҳсос мегардид.
Дуруст аст, ки дар ҳар донишгоҳ устодони серталаб ва донишманд зиёданд, аммо на ҳар омӯзгор метавонад ба мақоме бирасад, ки донишҷӯ аз гуфтани мушкили хонаводагӣ ҳам ба устодаш шарм надорад. Адолатбону тавонист ҳамин эътимодро ба даст орад, зеро ӯ ба донишҷӯён фақат дарс намегӯяд, балки зиндагии шогирдонашро мешиносад.Аз ҳамин ҷост, ки иртиботаш бо зодмандони донишҷӯён қавӣ мегардад. Ба падару модарон занг мезанад, аз хислати фарзандашон мепурсад. Мехоҳад бидонад, дар хона чӣ гунаанд, ба чӣ шавқ доранд, аз чӣ меранҷанд ва аз чӣ рӯҳбаланд мегарданд, зеро хуб медонад, ки барои тарбияи як инсон аввал бояд ӯро шинохт.
Барои ҳар саволу ҳар мушкил роҳи ҳал меёбад. Ин аст, ки баъзан донишҷӯён ӯро на ҳамчун омӯзгор, балки мисли модари худ қабул мекунанд.
— Барои ман ин эътимоди бузург аст. Дар ҳақиқат, вақте инсон худро назди ту озод ҳис мекунад, метавонӣ қобилият, орзу ва мушкилоти воқеии ӯро ҳам дарк кунӣ ва танҳо баъд ӯро дуруст раҳнамоӣ кардан мумкин, — мегӯяд устод.
Ростӣ, аввал гумон доштам, ки чунин муносибат ва фалсафаи кор танҳо ба касе мансуб буда метавонад, ки дар оилаи серфарзанд бузург шудаву аз кӯдакӣ байни бародарону хоҳарон зиндагӣ кардааст. Яъне, одаме, ки аз хурдӣ нигоҳубини дигаронро омӯхтааст, аммо вақте фаҳмидам, ки Адолати Қурбоналӣ ягона духтари волидон аст, сабабро аз дигар ҷо ҷустуҷӯ кардан даркор шуд…
Падару модараш ба духтари ягонаи худ, ҳарчанд меҳру муҳаббати зиёд доштанд, нагузоштанд, ки ӯ эрка ба воя расад. Дар натиҷа Адолати наврас аз модараш корҳои рӯзгор, тартибу масъулият ва эҳтиром ба заҳмати дигаронро ёд гирифт.
Дар мактаби миёна яке аз хонандагони фаъол буд. Ба илмҳои дақиқ бештар шавқ дошт. Математика, физика, биология, геометрия ва химия барояш на танҳо фанҳои дарсӣ, балки майдони санҷишу имтиҳони тафаккур буданд. Ин маъноеро надошт, ки дигар фанҳоро нодида мегирифт. Забону адабиёти тоҷик, рус, англисӣ ва фанҳои дигарро ҳам хуб аз худ мекард. Ҳатто дар олимпиадаи «Ҳуқуқшиносони ҷавон» ширкат варзида, то даври ҷумҳуриявӣ расид.
Бовуҷуд, рӯзе муаллими математикааш Аҳмадов ба шогирди худ гуфт:
— Адолат, ту бояд бештар ба илмҳои дақиқ такя кунӣ. Акнун замоне меояд, ки маҳз ҳамин донишҳо арзиши бештар хоҳанд дошт. Ман мебинам, ки ту тавони фаҳмидани ин фанҳоро дорӣ.
Таъсири ин ҳарфҳо буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба факултаи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд.Донишҷӯи намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб, дар яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён маҳз ӯ барои суханронӣ интихоб гардид. Суханронии Адолат самимӣ ва пурмазмун буд. Пас аз анҷоми он, Пешвои миллат ӯро ба назди худ хонда, насиҳатҳои падарона карданд. Ин лаҳза барои як донишҷӯ, албатта, рӯйдоди фаромӯшнашаванда аст…
Адолат Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кард. Нахуст дар Донишгоҳи молия ва иқтисод ҳамчун мутахассиси бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият намуд. Донистани забони англисӣ дар ин роҳ ба ӯ ёрӣ расонд.Баъдан фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома дод.
Дар бахши кадрҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҷрибаи хуб гирифт. Чанд сол дар Вазорати маориф ва илм ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи сифати таҳсил кор кард. Бо се вазири маориф ва илм ҳамкорӣ намуд ва аз ҳар кадом таҷрибаи нав омӯхт.Соли 2024-ум боз ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргашт. Аввал муовини директор оид ба корҳои таълимии Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ буд. Баъдан роҳбарии ин сохторро ба уҳда гирифт.
Ҳамкоронаш, аз ҷумла профессор Убайдулло Асрорзода, мегӯянд, ки дар интихоби ӯ ба вазифаҳои роҳбарӣ як омил муҳим, ин қобилияти кор карда тавонистанаш бо инсонҳо аст.
Берун аз Донишгоҳ, ӯ қабл аз ҳама, ҳамсар ва модар аст. Дар ин бора низ хулосаи муҳим дорад:
— Албатта, пешрафт дар кор барои ҳар инсон муҳим аст, аммо ба назари ман, баҳои асосиро фарзандон медиҳанд. Ҳар қадар вазифа дошта бошем, агар фарзандонамон инсони хуб ба воя нарасанд, он муваффақиятҳо арзиши воқеии худро гум мекунанд. Махсусан, вақте падар ё модар омӯзгор бошанд. Аз ҳамин хотир, кӯшиши асосии мо имрӯз маҳз барои тарбияи фарзандон равона шудааст…
Баъди дидору суҳбатҳо бо Адолати Қурбоналӣ рӯзи аввали ошноӣ ба ёдам омад. Яъне, маҷлиси падару модарон. Донишҷӯёне, ки озодона назди омӯзгори худ меомаданд, суҳбат мекарданд, машварат мепурсиданд. Он вақт бароям он танҳо як манзара буд, акнун ба умқи маънояш расидам.
Медонам, ки муаллим будан касб аст. Омӯзгор будан — рисолат. Аммо модар будан… Модар будан ҳолатест, ки аз девори хона берун мебарояд, ба кӯчаҳо меравад, аз ҷумла ба синфхона медарояд, то дар дили ҷавонон ҷой бигирад ва солҳо онҳоро ҳамроҳӣ намояд…
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо










