БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Донишандӯзӣ –роҳи пирӯзӣ бар ифрот

Чеҳраҳо

  Имрӯзҳо бо вожаи «ифротгароӣ» зиёд дучор меоем, ки шакли дурусти онро забоншиносон «ифротӣ» мехонанд. «Ифрот», ки маънии аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ карданро дорад, дар ҷомеаи башарӣ асосан ба маънии «экстремизм» шинохта шудааст. Дар ин мавзуъ корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадоронро метавон вохӯрд. Ҳатто тариқи садову симо, нашриёти давриву шабакаҳои иҷтимоии интернет бобати «ифротгароӣ», «терроризму экстремизм» мегӯянду менависанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҷавонон ба ин мавзуъ мисле, ки навори куҳнаро мебинанд, кам таваҷҷуҳ менамоянд ва матлабҳои муҳаққиқону коршиносонро мутолаа намекунанд.

Шоири ширинкалому озодбаён, бонуи некманиш Адибаи Хуҷандӣ бобати мавзуи хурофоту ифрот ва терроризм дар расонаҳо ва саҳфаҳои иҷтимоӣ пайваста андешаҳои ҷолибу мармузро манзур мегардонаду ҳамвора аз садоқат доштан ба Ватан, худогоҳӣ, ҳисси милливу ғурури миллӣ, тавсеаи донишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хосса насли ҷавону бонувон ҳарф мезанад. Атрофи мавзуъҳои болозикр бо бонуи ватандор суҳбате оростем, ки фишурдаи онро дар зер меорем.

 «Ифрот» ё «экстремизм» чӣ гуна падида асту чӣ тавр метавон онро тавзеҳ дод?

 Ифрот, экстремизм ва терроризм – ин вожаҳо назария ва амалияи як раванд буда, хатарноктарин падида барои аҳли башар аст. Ноором кардани вазъи ҷаҳон, ваҳмангезӣ, ба амал овардани ҷиноятҳои байналмилалӣ, таркишҳо, гарм кардани бозори яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, бераҳмонатарин кушторҳо, дастдарозӣ ба шарафу нангу номус ва даҳҳо ҷинояти ваҳшатбор аз онҳо маншаъ мегиранд. Ифрот, ки забону ақли ӯ теғу яроқу куштор аст, бештар чеҳраи зишту манфури худро дар ҷомаи дин паноҳ мебарад. Дин барои худшиносиву худошиносист, барои хушбахтии инсонҳо, ба роҳи дуруст бурдани инсонҳост, ки хурофоту ифрот аз ӯ фарсахҳо дуранд. Ифротиён ва хурофотпарастон, ки бо дасти хунолуди дигарон идора мешаванд, аз бовару эътиқоди мардум суиистифода мебаранд. Ин равандро аз дигар кишварҳо идора менамоянд, ки барои гарм сохтани бозори яроқу муҳимоти ҷангӣ, соҳибдунё гаштан, бо истифода аз эътиқоди динии мардум ба ҳадафҳои сиёсиву моддии худ мехоҳанд бирасанд.

 Ба андешаи Шумо, бонувон ба чӣ гуна «ифрот» бештар тамоюл доранд? Заъфи онҳо дар чист?

 Саҳеҳ аст, ки бонувон бештар қурбони хурофоту ифрот мегарданд. Асрҳои аср ба донишманд шудани занҳо монеъ мешуданд, то онҳоро саҳл идора намоянд. Давлатҳое тараққӣ доранду соҳиби дунёанд, ки бонувонашон донишманду озоду ҳунарманданд. Зан устоди аввалини башар аст ва ҳаққи бесавод буданро надорад. Заъфи бонувон дар заъфи онон аст, яъне онҳоро ҳамеша падару бародар, баъдан шавҳар идора кардаанду ҳама корро бояд бо иҷозаи онҳо амалӣ намоянд. Зани Шарқ на барои худ, балки ба хотири падару модар, шавҳар ва фарзанд зистааст. Бояд имкон дод, ки зан шахсият бошад. Зани донишманд метавонад озод кору зиндагӣ намояд, аммо гоҳо қурбони сад ситам гашта, хонавайрону қурбон мегардад. Ва ситамҳоро нисбат ба занон дар қабои дин амалӣ менамоянд. Ҷое гуфта нашудааст, ки зан набояд хонад. Омӯхтани илму донишро дин ба ин ё он ҷинс авлавият надодааст. Заъфи занон тарси онҳост ва ин тарс асрҳои аср мероси бонувон аст. Агар ҷомеае рушду пешрафт хоҳад, пеш аз ҳама, бояд ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан чораҳо андешад, ки маҳз зан хишти аввалини тарбияи инсонро мегузорад. Чароғдорони роҳ донишмандонанд, ки ҳамаро ба пеш, ба сӯи нуру рӯшноӣ мебаранд ва чунин инсонҳо бояд аз шумори ҳам бонувон ва ҳам мардҳо бошанд.

Чӣ гуна ин падидаи хатарнокро аз он сатҳи «абстракт», яъне номаълум бо роҳу усулҳои одӣ метавонем ба гӯши дилхоҳ нафар расонем?

Ҳазорҳо китоби бо хуни дил навишташудаи олимону сиёсатшиносонро қисми каме мехонанд. Бояд матлабҳои сиёсӣ ба таври сода ба мардум расонда шаванд. Бархе дониши миёна ва камтар аз онро доранд ва ин китобҳо, агар ба аҳли илму дониш осонфаҳм бошанд, барои дигарҳо баръакс. Бо мардум наздик будан ва матлабҳои мафкурасози олимонро ба онҳо тавзеҳ додан зарур аст. Наметавонем бе зина инсонҳоро ба боло, ба сӯи маърифат ва рӯшанӣ бибарем. Бигузор матлабҳои сиёсии олимонро сода ва оммафаҳм карда, ба мардум расонанд. Вагарна илме, ки дар амал татбиқ намешавад, бесуд хоҳад буд.

 Дар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ бештар киҳо метавонанд таъсиргузор бошанд?

 Асрҳои аср нуру зулмат дар муқовиматанд. Мутаассифона, нуру рӯшанӣ бар торикӣ ғалабаи комилро ҳанӯз ба даст наовардаанд. Бо сабаби камдонишии ҷавонон ҳоло аҳли хурофот бештар таъсиргузоранд. Ба муқобили онҳо ҳама бояд омода бошанд, хосса донишмандон, шоирон, олимон, журналистон, санъаткорон, аҳли сиёсат - ҳама бояд муқобили ҷаҳлу куштору хурофоту торикӣ бошанд. Аҳли хурофот соатҳо аз расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд ва ба ҳадаф мерасанд - садҳо ҷавононро гумроҳ карда, пушти панҷара ё ба марг расондаанд. Аммо мо ду ҷумла сухани таъсирбахш­ро аз коғаз базӯр мехонем. Садҳо муллову мавлавии ифротӣ расонаҳои интернетиро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Мо аз саҳифаҳои иҷтимоӣ, ки домани густурда доранду таъсиргузоранд, мепарҳезем. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мо бояд сиёсати давлат, илму дониш, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва меҳандӯстиро ҳарчи бештар тарғиб намоем. Орому муаддабона бояд тариқи расонаҳо ба аҳли хурофот посух гӯем ва лаҳзае хомӯш наистем.

Шеър, ки гуфтори мавзуну савтии инсон аст, вазъи иҷтимоъро дар шакли амиқу нотакрор метавонад ифода намояд. Шеъри волое, агар бобати ин мавзуъ гуфта шавад, метавонад таъсири амиқе ба афкори умум расонад?

Албатта, сухани шоир баъди маргаш ҳам таъсиргузор аст ва мардумро тарбият мекунад. Шеър­ро арши суханварӣ гуфтаанд. Ҳамеша донишмандон раҳнамою тарбиятгари ҷавонон буданд ва ҳарфи онҳо таъсири бештару амиқтар дорад. Бояд ҳама дар хидмати Ватан, миллат ва давлат содиқ бошем.

 

Зуҳуроти ифротро дар кадом шаклҳо бештар мушоҳида намудаед?

 Зуҳуроти ифрот дар он аст, ки мисли заҳрпечак онро дар фикри ҷавонони ғофил кишта истодаанд. Мо набояд дар ғафлат бимонем. Дар байни мо заҳролудшудагон зиёданд, нагузорем торикиву ғафлат бар рӯшанӣ ғолиб ояд. Наҷотбахши миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар рафтору афкору пиндорашон фармудаҳои қуръониро дар амал татбиқ кардааст, Қуръонро тарҷума фармудаву нашр карданд, то мо асли динро шиносему аз хурофоту ҷаҳл дур бошем. Танҳо садоқати аҳли сиёсат, садоқати аҳли зиё ба халқу Меҳан метавонад бар торикӣ пирӯз ояд.

 Чӣ бояд кард, то ҷавонон дарк созанд, ки гӯш додан ба садои ақл волотар аз ҳама чиз аст?

 Ҷанг натиҷаи ҳирсу бетарбиятӣ ва худхоҳиву соҳиби ҳаққи дигарон шудан аст. Одамкуш, албатта, соҳибяроқ асту инсони комил соҳиби ҳунару қаламу илму дониш, аммо намешавад бар муқобили тир танҳо бо қалам рафт.

Идеологияи мо бояд мисли Офтоб нур пошад, ҷавононро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ раҳо созад, тарбияи ватандӯстӣ, саводнокӣ ва донишмандӣ дар ин масир лашкари ҷаррори мо хоҳад буд. Мо бояд ҷавшани оҳанине бар муқобили тир дошта бошему садоқати хешро ба Ватан, миллат ва давлат нишон дода тавонем.

Суҳбаторо Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон