БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз дастурҳои модар

Чеҳраҳо

Дар сомонаи иҷтимоии Инстаграм наворҳои ҷавонеро дидам, ки тарзи омода намудани ғизоҳои гуногунро нишон медод ва бештари видеоҳояш бо ҷумлаи «Намунае аз дастурҳои модар» (»По рецепту мамы») оғоз мешаванд. Ҳамин ибораи дилнишин боис шуд, то таваҷҷуҳи бештар ба дунёи маҷозӣ ва модари кадбонуи ӯ дошта бошем.

  Шамсиддин Насриддинов, ки ҳамчун ҷавонтарин пазандаи тоҷик маъруф гаштаву унвону ҷоизаҳои фаромарзиро дар ин самт дарёфтааст, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Модари ғамхор Муаззам Насриддинова ҷигарбандони хешро дар руҳияи меҳанпарастиву заҳматталабӣ ба камол расондаву баҳри расидан ба ҳадафҳои зиндагияшон ҳамеша дастгиру дуогӯст.

 

Муаззамбону хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мебошаду 18 сол ба хонандагони МТМУ № 20-и шаҳри Хуҷанд аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс гуфтааст.

 Омӯзгорӣ пешаи дӯстдоштаам буд. Бо шавқи фарогир аз навтарин усулҳои таълим бо гузарондани викторинаву озмунҳои гуногун дарс мегузаштаму шогирдон бо завқу муҳаббати хос дар донистани таърихи Ватан ва ҳуқуқи инсон талош меварзиданд. Гардиши рӯзгор маро водор сохт, то тарки пеша намоям ва ба дӯзандагиву тарбияи шоистаи фарзандон машғул бошам, - варақгардон мекунад Муаззам китоби зарҳалини хотироташро.

 

Модар аз он рӯзҳои гуворо, ки дилбандонаш парвонавор дар бараш буданд, ба ёд меорад, ки Шамсиддин нахустин маротиба дар 5-солагӣ барои худ хӯрок тайёр кардааст.

Вақти хӯрокпазии модар Шамсиддин аз маҳсулоти мавҷуда хӯриш омода мекарду аҳли хонаводаро ба ҳайрат мегузошт. Ҳамчунин, дар омода намудани хӯрокҳои миллии тушбера, санбӯса, угро, қурутоб ва ғайраҳо, ки меҳнати бештар доранд, ба модар ёрӣ мерасонд ва аз саҳми гузоштаи худ дар таоми болаззат меболид.

Муаззамбону қобилияти пазандагии писарро рӯз аз рӯз бештар дарк мекард ва бовар ҳосил намуд, ки он танҳо ҳаваси зудгузари кӯдакӣ набуда, балки роҳи ояндаи писари ягонашон аст.

 Баъди машварати зиёд бо падари Шамсиддин, ба хулосае омадем, ки дар амалишавии орзуҳои ҷигарбандамон бепарво набошем. Вақте дар синфи 7 мехонд, ӯро ба ошхонаи «Лаззат», ки дар наз­дикии бозори Панҷшанбе ҷойгир асту бо номгӯйи таомҳои лазиз дар шаҳри Хуҷанд муштарии зиёд дорад, ба таҷрибаомӯзӣ бурдем, -изҳор медорад модар.

Баъди хатми муассисаи таълимӣ Шамсиддин шомили филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гардид. Дар баробари таҳсил дар курсҳои гуногуни таббохӣ иштирок мекард.

 Писарам барномаҳои пазандагиро бо ҳавас дида, тибқи дастури онҳо бо ҳамон шеваю тарзи омодасозӣ ғизоҳои гуногунро тайёр мекард ва, агар аз дур нигоҳ кунед, рафтораш мисли рафтори пазандаҳои телевизионӣ буд. Ба тозагӣ вақти пухтани хӯрок диққати махсус медод ва мисли пазандаҳои моҳир ба ҳар маҳсулот муносибати самимона мекард, - бо шавқ изҳор медорад Муаззамбону.

Ӯ ҳамчун модари сахтгиру серталаб дар тарбияи маънавии ҷигарбандони худ низ бепарво набуд. Аз навзодӣ барои тифлакони худ китоби афсонаҳои халки тоҷик ва ҷаҳонро мехонду тақозо менамуд, ки хондаашонро нақл кунанд. Бо ин роҳ меҳри китобхониро дар дили фарзандон мақом дод.

 Баъд аз хондани китобҳои бадеии тоҷикӣ дар 14-солагӣ таваҷҷуҳаш ба китобҳои шарҳиҳолии одамони муваффақ бештар шуд. Аз маблағҳои бадастовардааш ҳамеша китоб мехарид. Дар бозгашт аз Россия ба маблағи ҷоизаи худ 15 китоби нодир харид. Мақсадам аз ибрози ин хислати зеботарини нури дидагонам таърифи модарона набуда, гувоҳи он аст, ки ӯ осон ба кӯҳи орзуҳои худ роҳ накушодааст. Балки бо мутолааи пайваста ва талоши зиёд оҳиста-оҳиста ба баландтарин қуллаҳои орзуяҳои ширини кӯдакияш расидааст, - меафзояд модар.

Пазандаи ҷавону моҳири тоҷик Шамсиддин Насриддинов дар барномаҳои машҳури телевизионии Россия низ маҳорати худро санҷида барои худ дарҳои нави рушду муваффақиятро боз намуд. Он сон, ки дар кӯдакӣ орзу мекард, сарфи назар аз ҷавонӣ, соҳиби тарабхонаи шахсӣ дар пойтахти кишвар асту ба хоҳишмандони зиёд тарзи омода намудани хӯрокҳои милливу аврупоӣ, хӯришу шириниҳои гуногунро меомӯзад. Дар чанд тарабхонаҳои дигари пойтахт номгӯйи махсуси хӯрокҳои болаззатро тартиб додаву ҳамчун Бренд-Шеф эътироф гардидааст. Дастовардҳои худро аз ёрии модари ғамхору дуогӯ ва падари дастгиру меҳрубонаш медонад.

Рисолати волидон танҳо тавлиду таъминоти моддии фарзанд набуда, балки тарбияи шахсият дар вуҷуди тифл аст. Муаззам Насриддинова, ки ҳамеша дар рушди маънавии фарзандони худ талош меварзад, аз он меболад, ки бо шикасти қолабҳои танги хурофотӣ тавонист барои ҷомеаи Тоҷикистон фарзандеро ба камол расонад, ки номбардори ошхонаи бою рангини кишвар гардад. Меҳри Ватанро дар ҳар зарраи вуҷуди ҷонпайванди худ ҷой намуда, ӯро ҳамчун марди озодандешу ватандӯстдор ба воя расондааст.

Аз насиҳатҳои модар Шамсиддин волотарин пешниҳодҳои ҳамкорӣ дар кишварҳои маъруфи ҷаҳонро рад карда, дар Ватани маҳбуби худ фаъолият мебарад ва дар сомонаҳои иҷтимои Инстаграм, ки зиёда аз 36 ҳазор обуначӣ дораду наворҳояшро миллионҳо истифодабарандагони интернет мебинанд, бо унвони «Намунае аз дастурҳои модар» саодатбахшу муаррифгари модар ва ғизоҳои болаззати тоҷикист.

Мафтуна НАЗИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон