Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пажӯҳишгар
ЧеҳраҳоДар омӯзиши комплексии захираҳои биологии Помир, коркарди асосҳои илмӣ ва ҳифз намудану истифодаи оқилонаи онҳо Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми арзанда дошта, мудирияти яке аз шуъбаҳои калонтарини ин муассисаи илмиро номзади илмҳои кишоварзӣ Лола Нусайриева бар дӯш дорад. Мавсуф омӯзиши комплексии рустаниҳои хӯроки чорво ва муайян кардани намуд ва навъҳои сермаҳсули онҳо, ҳайвоноти бемуҳра ва муҳрадорони Помир ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ оид ба ҳифз намудану истифодаи оқилонаи ин захираҳоро аз вазифаҳои асосии шуъбаи гуногуннамудии биологии олами рустаниҳо ва ҳайвонот арзёбӣ менамояд.
Исбот шудаст, ки аз қариб 2 ҳазор намуди рустаниҳо дар Помир 700 намудашонро рустаниҳои хӯроки чорво ташкил медиҳанд. Дар асоси таҳқиқоти бисёрсола барои ҷорӣ намудан дар истеҳсолот 16 намуди рустаниҳои аз лиҳози ғизонокӣ ва ҳосилнокӣ бартар ва муфид барои хоҷагиҳо, ба мисли юнучқаи кабуд, қашқарбедаи сафед, эспарсети сибирӣ,ҷавдори бисёрсола ва силфияи ҳамелбарг тавсия дода шуданд.Танҳо дар давоми сол дар мавзеъҳои таҷрибавӣ 30 намуди рустаниҳои хӯроки чорво, аз ҷумла 10 намуди рустаниҳои алафии яксола, ба мисли житняки сафедбарг, қатраборони сибирӣ, себаргаи шабдар ва юғани хошокӣ кишт ва 10 намуди хок аз ташхис гузаронда шуданд.
Олимони шуъба дар омӯзиши захираҳои табиии олами наботот ва ҳайвоноти минтақа ва муайян намудани усулҳои биологии ҳифозаташон нақши муҳим мегузоранд. Татбиқи дастовардҳои илмӣ ва боло рафтани маърифати экологии сокинони вилоят боис гардиданд, ки таъсири омилҳои инсонӣ ба муҳити зист кам гардад. Афзоиши саршумори гӯсфанди Марко Поло, бузи сибирӣ ва озодапаланг ва пайдо шудани навъҳои нави парандагону ҳайвонот дар минтақа аз беҳтар шудани вазъи экологӣ шаҳодат медиҳад, ки самараи ҳамкории олимон бо коргоҳҳои хоҷагидорӣ ва сокинон мебошад, - изҳор медорад Л. Нусайриева.
Бонуи пажӯҳишгар 40 соли фаъолияти касбиашро ба ин муассисаи илмӣ рабт додааст. Ҳанӯз аз хурдӣ ӯ мушоҳидакор буду ба донистани асрори табиати сеҳрангез шавқ дошт. Дониши хуб аз илмҳои табиӣ барояш имкон дод, ки донишҷӯи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардад. Пас аз хатми ин боргоҳи дониш ҳамчун лаборанти калони Боғи набототи Помир ба фаъолият пардохта, дар ҷодаи илм пайгирона ва устувор пеш рафт.
Дар пайи омӯшиши пайваста ва такмили таҷриба Лолабону нахустин зан дар ин муассисаи илмӣ аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ гардид, ки рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуд. Алҳол, дар муассисаи илмӣ 62 корманди илмӣ, аз ҷумла 6 доктори илм ва 13 номзади илм фаъолият менамоянд.Аз байни кормандони илмӣ зиёда аз нисф ва номзадҳои илм 6 нафарашон бонувон мебошанд.
Бонуи пажӯҳишгар дар соҳаи омӯзиши рустаниҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ва мутобиқ гардонданашон ба иқлими минтақа корҳои зиёди илмӣ-таҷрибавӣ анҷом додааст. Бисёре аз ин намуди рустаниҳо, ба мисли ҷавдори бисёрсола, ки аз Беларус оварда шуд, дар истеҳсолот татбиқ гардиданд. Чорводорӣ шуғли асосии сокинони вилоят ва яке аз манбаъҳои муҳими даромади буҷети хонаводагӣ ба шумор меравад. Татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар кишоварзӣ ба боло рафтани маҳсулнокӣ ва рушди соҳа мусоидат менамояду олимон бо мақомоти идорӣ ва кишоварзон ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд. Дар рафти назорати кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ, маъракаи кабудизоркунӣ, ҳосилғундорӣ, тайёр намудани тухмӣ ва ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва буттамевагиҳо, усулҳои агротехникии парвариши рустаниҳо ширкати фаъол меварзанд.
Олимони шуъба таҳти роҳбарии бонуи пажӯҳишгар дар барқарорсозии майдонҳои тезкан дар Помири шарқӣ саҳм мегузоранд. Тезкан - рустании худрӯи серғизои бисёрсола дар чарогоҳҳои Помири шарқӣ дар майдони беш аз як миллион гектар ба таври васеъ паҳн шуда, дар тамоми фаслҳои сол хӯроки асосӣ барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бар асари омилҳои инсонӣ ва зоогенӣ хавфи нобудшавии ин намуди рустанӣ ба миён омада, олимон дар баробари вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди истифодаи оқилонаи чарогоҳҳо бо роҳи тухмӣ барқарор намудани майдонҳои таназзулёфтаи тезканро таҷриба карданд.
Тақвият бахшидани ҳамбастагии илм бо истеҳсолот кормандони муассисаи илмиро водор месозад, ки дар омӯзишу парвариши захираҳои табиат, ҳифзи гуногуннамудии биологӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои серҳосилу тобовари рустаниҳо саҳми бештар гузорем, - баён дошт Л. Нусайриева.
Дар баробари пажӯҳишгари собитқадам будан, Лолабону ташкилотчӣ ва дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мебошад. Ӯ дар ибрози афкору андешааш, ки ба бартараф намудани камбудиҳои ҷомеа нигаронда шудаанд, ҳамеша росту ҷасур аст, - мегӯяд дар ҳаққи ин бонуи пажӯҳишгар роҳбари Институти биологии Помир Гулнора Хуҷамзода.
Бонуи пажӯҳишгар Л.Нусайриева умри бобаракаташро ба омӯзиши табиати пурасрор ва сеҳрангези кишвар бахшида, бо ҳамкорону шогирдони сершумор дар омӯзишу ҳифзи гуногуннамудии биологии он саҳми арзанда дорад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ