Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷаҳонгул- зебандаи як ҷаҳон гул
ЧеҳраҳоСолҳои тулонӣ меандешиданд, ки зан ҳаёташро комилан ба оила мебахшад. Замона дигар гашт ва имрӯз ба дӯши ҷинси латифу нозук на танҳо масъулияти хонавода, балки масъалаи худро шинохтан низ вогузор шуд. Симои зани ҳақиқии муосир ба куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз зан танҳо ба хотири музд ба кор намеравад. Вай аз кораш лаззат мебарад ва касбашро қадр мекунад. Дарк месозад ва ба ҳадафҳои худ мерасад. Ба қадри вақт мерасад, аз пурсидани ёрӣ наметарсад. Эҳтироми ҳамкоронро арҷ мегузорад. Вай мефаҳмад, ки эҳтиром заминаи мустаҳкам барои муносибатҳои самарабахш аст.
Симои ҳақиқии қаҳрамони мо, мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгул Давлатшоева ҳамон таврест, ки болотар ишора кардем. Мо ӯро бо муҳаббат «Як ҷаҳон гул» меномем.
Мавсуф 1-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, таҳсилро дар мактабҳои миёнаи № 25 ва 23-юми зодгоҳ анҷом додааст.
Соли 1984 ба шуъбаи рӯзонаи факултети кимиёи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1989 бо дипломи аъло аз рӯйи ихтисоси муаллими кимиё хатм намудааст. Бо қарори Комиссияи давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон ӯ барои машғул шудан ба фаъолияти илмӣ ба сифати корманди хурди илмии гурӯҳи илмии «Кимиёи координатсионӣ»-и кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ пешниҳод гардид.
Солҳои 1990–1994 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳ хонд, корҳои илмӣ-таҳқиқотиашро дар кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ ва кафедраи кимиёи ғайриузвии Донишгоҳи давлатии Қазон пеш бурд. Соли 1994 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии технологии Қазон рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Комплексҳосилшавӣ ва кинетикаи реаксияҳои оксиду барқароршавии кислотаҳои атсетилсалитсилат, аскорбинат ва пирокатехин бо баъзе 3d-металлҳои интиқолӣ» ҳимоя намуд.
Солҳои 1994–1995 ассистенти кафедраи кимиёи ғайриузвӣ, 1996–2002 дотсенти кафедраи усулҳои таълими кимиё буд. Аз соли 2002 дотсенти кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ мебошад.
Солҳои 1998–2001 ва 2006–2014 вазифаи муовини декан оид ба илми факултетро ба уҳда дошт. Барои тайёр кардани донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ саҳми арзанда дорад. Маҳз бо ташаббуси муаллим хонишҳои Синоӣ ва конфронсҳои илмии факултет дар сатҳи баланд гузаронда мешуданд. Ҳамчун муовини декан оид ба илм барои тайёр намудани командаи олимпии факултет саҳми босазо дошт. Аз соли 2001 то 2006 вазифаи котиби Шурои олимони факулта ва котиби садорати факултети кимиёро бар зимма дошт. Солҳои 2009–2011 дар Литсейи ДМТ ба симати муаллими фанни кимиё ба таври ҳамкор фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 то 2018 ва аз соли 2020 инҷониб ҳамчун мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ фаъолият дорад. Солҳои 2019–2021 котибии Шурои диссертатсионии 6D КОА-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Дар ин ҳангом Ҷаҳонгул Давлатшоева худро чун омӯзгори ботаҷриба нишон дода, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи кимиё саҳми назаррас гузошт. Дар кафедра дарсҳои шифоӣ, амалӣ ва озмоиширо дар сатҳи баланди илмию методӣ мегузаронад. Ӯ ба донишҷӯён аз фанҳои «Химияи физикӣ», «Механикаи квантӣ ва химияи квантӣ», «Сохти модда», «Химияи физикӣ ва коллоидӣ», «Моделсозӣ дар раванди комплексҳосилшавӣ», «Химияи пайвастаҳои координатсионӣ» дарс мегӯяд.
Олими шинохта муаллифи 4 китоби дарсӣ, 4 дастури таълимию методӣ, 3 барномаи таълимӣ, 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 150 мақола, фишурдаи мақолаҳо буда, узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (ИМА) мебошад. Корҳои илмиаш вобаста ба раванди ташкилшавии комплексҳо ва кинетикаи таомулоти оксиду барқароршавии унсурҳои даври сеюм мебошанд. Маводи илмиаш дар нашрияҳои Тоҷикистон, Москва, Санкт-Петербург, Қазон ва Амрико чоп шудаанд.
Дар намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар шаҳри ал-Қувайти Давлати Қувайт бо ихтирои «Тарзи муайян намудани таркиби комплексҳои глитсинати оҳан (II), оҳан (III) ва собитҳои ҳосилшавии онҳо дар системаи гомогенӣ» иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардидааст.
Ихтироъ ба илми кимиё, аз ҷумла ба кимиёи пайвастаҳои координатсионӣ дахл дорад ва метавонад барои муайян кардани таркиб ва параметрҳои модели комплексҳои оҳан (II) ва оҳан (III) дар системаи гомогении оксиду барқароршавии Fe(II)-Fe(III) -глитсин-об истифода шавад. Мақсади ихтироъ аз он иборат аст, ки таркиби комплексҳои глитсинат дар системаи гомогении оҳан(II) - оҳан(III) - глитсин-об ва константаҳои ҳосилшавии онҳо бо истифода аз электроди платинагӣ, ки барои муайян кардани потенсиали система истифода мегардад, муайян мешавад. Ӯ, инчунин, соли 2023 дар Форуми онлайнии ихтироъкорони давлати Фаронса иштирок карда, сазовори медали нуқра гардидааст.
Кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ мутасаддии дастаи олимпӣ буда, барои омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ саҳми арзанда дорад. Ҳамин аст, ки тайи чор соли охир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишҷӯёни факултет пайваста ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла ҷойи аввалро ишғол мекунанд. Зери роҳбарии Ҷ. Давлатшоева 1 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 1 нафар пешдифоъро гузашт ва 2 нафар муҳаққиқ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебарад. Ҳоло дар мавзуи «Химияи пайвастаҳои координатсионии 3d-металлҳои интиқолӣ» диссертатсияи докторӣ омода дорад.
Дар 30 соли собиқаи корӣ дар корҳои ҷамъиятии факултет, Донишгоҳ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ ширкати фаъолона дошта, бо медали Хизмати шоиста, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
СУЯРИЁН Қ.,
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Э.,
устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ