БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рашти мо ободу зебо мешавад

Чеҳраҳо

                                              Рашти мо ободу зебо мешавад

 Мусоҳибаи ҷашнии «Бонувони Тоҷикистон» бо раиси ноҳияи Рашт

  Идизода Зарина Фузайлшо

 Пайғоми сабзаву гул, Рӯзи Модар, баҳору Наврӯзи муборакфолро бароятон шодбош мегӯем. Мехостем бифаҳмем, ки одатан Рӯзи Модарро чӣ гуна истиқбол менамоед?

 Фасли баҳори нозанин, мавсими эҳёи табиат, таҷлили рангҳову ҳавои мушкбез, мазҳари зебову нур, суруру шодмонии худ ва кулли занону духтарони ноҳияи Раштро ба мардуми кишвари азизам табрику таҳният мегӯям.

Аз даври бостон то ба имрӯз аз бузургию нексириштии зан-модар ҷаҳониён гуфтанду то абад хоҳанд гуфт. Зеро, модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст. Қалби модар аз ҳама меҳрубонтару ҳассостар, нармтару фарохтар аст. Ба қавли бузургони олам, зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармтарин шахс модар аст.

Тантанаи Рӯзи Модар дар ноҳияи Рашт, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор мегардад. Имсол ният дорем беш аз 500 нафар бонувони ноҳияро дар рӯзи ид ба ҳам орем. Мекӯшам тамоми модаронро чун модари худ пазириш ва дастгирӣ намоям. Вале, мутаассифона, ки наметавонам дар ин рӯз ба табрики модари азизам биравам, зеро фариштаи ҳаётамро аз даст додаам.

Модари меҳрубонам Саодат Қаландарова дар деҳаи Қазноқ омӯзгор буду чароғи маърифат. Панду андарзи моми бузург ҳидояти 8 фарзанд ба роҳи росту росткорӣ, андӯхтани илму дониш ва тарбияи фарзандони солеҳу накуном буд, ки имрӯз ҳама ба шарофати ҳидоятҳои модар дар ҷодаи зиндагӣ муваффақ шудаанд.

 Роҳбар будан дар маҳал, хосса дар минтақае, ки солҳои зиёд зимомаш дар дасти мардон қарор дошт, бо тафаккури мардсолорӣ дар ҷомеа чӣ нозукиҳо дорад?

 Тасодуфӣ ба мақоми роҳбари ноҳия таъин нагаштаам. То ин дам дар вазифаҳои муовини ректор оид ба таълиму тарбияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, муовин ва муовини якуми раиси ноҳия, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт адои вазифа намудаам.

Воқеан, бори аввал дар таърих аст, ки зимоми ноҳияи Рашт ба дӯши зан-модар афтодааст. Ин ба бовариву эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан-модар рабт дорад. Мекӯшам дар анҷоми масъулият бо дасту дили пок дар канори мардум хидматгузорашон бошам.

 Соли 2006 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъсис ёфт. Ҳоло вазъ дар самти ҷалби духтарон ба таҳсил ва омода намудани кадр­ҳои лаёқатманд аз ҳисоби бонувони фаъол дар вазифаҳои роҳбарикунанда чӣ гуна аст?

Таъсиси Донишкада туҳфаи арзандаи Пешвои муаззами миллат барои духтарони минтақаи Рашт мебошад, зеро ба шаҳри Душанбе рафтани духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мушкилоти зиёде эҷод мекард. Айни ҳол дар Донишкада 332 нафар духтар таҳсил дорад, ки бо хатми онҳо камбуди омӯзгорон дар мактабҳо аз байн меравад.

Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкада, ҳоло 1 нафар дар мансаби муовини раиси ноҳия, 2 нафар дар вазифаҳои мудирони шуъбаҳои МИМҲД, 2 нафар дар вазифаҳои раиси шаҳрак ва деҳот, 6 нафар дар вазифаҳои муовинони раисони деҳот ва даҳҳо нафари дигар дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият менамоянд.

Бонувони ноҳия ба чӣ корҳо машғуланд?

 Шумори умумии занон 69 ҳазору 809 нафарро ташкил медиҳад, аз ин 36 ҳазору 296 нафараш қувваи қобили меҳнат аст. Дар соҳаҳои маориф 485 нафар, тандурустӣ 435, фарҳанг 62, бонкдорӣ 30, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15, соҳибкории хурду миёна 158 нафар фаъолият дошта, 17 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад. 175 нафар бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад, 19 нафар зан хизматчии давлатист ва 72 нафар бону роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад.

 Ҳамчун раиси ноҳия дар оянда низ бо камоли масъулият баланд бардоштани мавқеъ ва нақши бонувонро дар ҷомеа, дар ҷойи аввал хоҳам гузошт.

 Рашт ноҳияи аграрист ва аз ин хотир шуғ­ли асосии мардум боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ маҳсуб меёбад. Себу нок, олуву чормағзи ноҳия серхаридоранд. Вазъи соҳаи кишоварзиро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

 Дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 958 миллиону 799 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 64 миллиону 279 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3507 га кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 116 га зиёд аст. Саршумори чорвои калон 108 ҳазору 14 сар ва моли майда 342 ҳазору 649 сар аст.

Майдони боғот дар ноҳия 4775 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 17–20 гектар боғҳои нав бунёд мешаванд. Чунин раванди кор ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таъмини бозори ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.

 Маъмулан мардуми кӯҳистон пас аз сардиҳои тулонӣ муштоқи гармиву офтоб, гулу гиёҳ Наврӯзро бештар аз дигарон интизорӣ мекашанд. Чӣ анъанаву махсусиятҳои хосе дорад Ҷашни Наврӯз дар Рашти бостон?

 Воқеан, баҳори кӯҳистон назар ба баҳори водиҳои кишвар дертар фаро мерасад, аммо барои мардуми кӯҳистон номусоидии ҳаво чандон аҳамият надорад. Наврӯз ҷашни хайрхоҳиву хайрандешист. То фарорасии Наврӯз мардуми ноҳия анъанаҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Дар зарфҳои хурду калон гандум месабзонанд, бо сабза суманак пухта, онро ба ҳаққу ҳамсоя ва ҳамдеҳагон тақсим мекунанд. Зану мард худро оро дода, кулчаю фатир ва шириниҳо пухта, рӯи дастархон мегузоранд. Дар идҷо пиру барно ҷамъ омада, маъракаҳои калони гӯштингирӣ, човандозӣ ва дигар анъанаҳои наврӯзиро ба ҷо меоранд, ки аксарияти онҳо хусусияти миллӣ доранд. Дар зеҳни мардуми мо андешаест, ки: «Дар Наврӯз касе шоду хуррам бошад, тамоми сол ҳамин тавр хоҳад монд».

 Дараҳои Камароб, Ясман ва Ҳоит ба қатори беҳтарин мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ворид шудаанд. Кор дар самти омодагӣ, пазироӣ ва гусели сайёҳон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

 Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 3 меҳмонхона дар мавзеъҳои сайёҳии Камароб, Ҳоит ва Ясман оғоз гардидааст.

 Дар баробари ин ҳама пешрафту дастовард­ҳо, чӣ мушкилу масъалаҳои ҳалталаб Шуморо нороҳат месозанд ва барои рафъи камбудиҳо чӣ чора меҷӯед?

Алҳол бо роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тибқи нақшаи муайян вохӯриҳои худро дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳот доир намуда истодаем. Асоси онро ба самъи мардум расондани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баргардондани ашхосе, ки дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмии динӣ мегиранд, пошхӯрии оилаҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки маро ҳамчун раиси ноҳия нороҳат месозанд ва дар амри ҳалли масоили ҷойдошта чораҳо андешида истодаем.

 Таманниёти наврӯзиатон ба мардуми кишвар…

 Наврӯзи оламафрӯзро ба миллати сарбаланди тоҷик, хусусан занону духтарон самимона муборакбод мегӯям. Хостори онам, ки хурсандии ҷовидонаро мисли ҳамин Наврӯзи Аҷам насиби мардуми Тоҷикистон гардонад ва ҳар рӯзи мардуми мо Наврӯз бошад.

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Гулноза БОБОМУРОДОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон