Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хизмат ба халқ - шарафи бузург
ЧеҳраҳоСаёҳат Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Ёвон, аз зумраи онҳоест, ки ҳам соҳиби дониши фарох ва ҳам боташаббусу пуркор аст. Чун сокинони заҳматқарини деҳот бо одати барвақтхезӣ дари ҳуҷраи кориро аз соати 6 ба рӯи корафтодагон боз менамояд, зеро медонад, ки аллакай ду-се нафаре дар интизори ӯ раҳ мепоянд. Эътиқоду эътимоди мардум ба ӯ зиёд аст, чун то ин дам касе дафтари кории варо ноумед тарк накардааст. То ба зинаи роҳбарӣ расидан, дуои неки халқи одӣ рӯзгорашро файзу футуҳ бахшидааст. Фаъолияти қаблии ӯ ҳамчун мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, барояш таҷрибаи зарурӣ дар ин масир буд, ки то кунун бо хотираи қавӣ аз ёд медонад, ки дар ноҳия чанд тан маъюб асту ниёзманду барҷомонда ва чанд тани дигар собиқадори арсаи сиёсату меҳнату мақомоти низомиву қудратӣ.
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ ба камтавонон аробачаҳои маъюбӣ ҳадия карда, баҳри аёдати ниёзмандон ба гӯшаҳои дурдасттарини ноҳия раҳ мепаймояд. Дар деҳаи дурдасти Тутчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана ҳамсарони гунгу ношунаво бо ду фарзанди хурдсол умр ба сар мебаранд. Саёҳатбону нисфи роҳро бо мошин ва ними дигарро пиёда тай зада, ба онҳо либосу лавозимоти мактабӣ ва анвои ғизоӣ мебарад. Ин яке аз корнамоии ин бонуст, ки дар умум, бо дастгирии раиси ноҳия ва соҳибкорони маҳал дар арафаи соли нави хониш ба 200–300 нафар кӯдаки оилаҳои камбизоат ва ятимон чунин кумакҳо мерасонад. Эътимоди соҳибкоронро, ки дар ноҳия зиёданд, на ҳар кас сазовор мегардад ва ин бонуи корпардоз тавониста, ки ба амонати онҳо хиёнат накунаду бовари онҳоро ба даст орад. «Моро ба амалҳои хайру савоб роҳнамоӣ мекунед», – гӯён қаноатманданд соҳибкорон.
Ҳар кадоме аз сарбозони қисми низомии ноҳияро ин бонуи саркор бо ном мешиносад. Мисли модар дар рӯзҳои ҷашну ид бо кӯлвори пур аз кулчаву шириниҳо ба аёдати онҳо меравад.
Дар асл камбудии ҷиддӣ надоранд, Ҳукумати мамлакат тамоми шароитро баҳрашон фароҳам овардааст. Танҳо накҳати кулчаҳои ширмолу қатмоли модарро пазмонанд, бачаҳо, - мегӯяд ӯ.
«Корвони дидор»-е, ки ин бонуи сарсупурда роҳандозӣ намудааст, сутуданист. Аз роҳбарияти қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дархост намуда, ному насаб ва нишонии ҷавонони ноҳияи Ёвонро дастрас ва бо волидони онҳо тамос мегирад. Савори автобус ба қисмҳои ҳарбӣ ташриф меоранд ва падару модар фарзандони худро аёдат намуда, аз шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва ҳатто аз анбори озуқаворӣ дидан менамоянд. Гоҳо ҳамсарони ҷавон низ дар ин дидор шариканд. Баҳри болидахотирии ҳимоягарони Ватан чорабинии фарҳангӣ ва дастархон низ меороянд.
Барои хотира акс бардошта, дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳем, то дигар модарон бубинанду огоҳ бошанд, ки имрӯз сарбозони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи давлат қарор доранд. Ҳар куҷо камераҳои мушоҳидавии зиёде насб шудаанд, ки камбудӣ ва рафтори ноҷое наметавонад паси парда монад, - ироа намуд бонуи кордон.
Ташаббуси дигари вай, ки бо унвони «Корвони модарон» амалӣ мегардад, дар он аст, ки бонувони фаъоли 8 – 10 ҷамоатро ба ҳам оварда, барои табодули таҷриба ба яке аз ҷамоатҳо ташриф меоранд. Аз дастовардҳои маҳал, хосса самти кишоварзиву ҳунармандӣ ошно мешаванд, барномаи маърифативу фарҳангӣ меороянд ва аз хони тоҷикона ҳамагӣ ком ширин менамоянд. Баҳри ҳавасмандӣ туҳфа ва сипосномаҳоро ба фаъолони маҳал тақдим месозанд. Аҳли ҷамоатҳо ин иқдомро хуш пазируфта, байни ҳам сабқат меварзанд, ки бо дастоварду навгоние қадаме аз ҳамтоёни худ пеш бошанд. Дар ин росто, аёдати собиқадорони соҳаҳои гуногуни мамлакатро низ роҳандозӣ менамоянд. Ҳатто, агар дастагуле ба Саёҳатбону тақдим намоянд, зуд шириние харида, бо он гулҳои тару тоза ба аёдати собиқадоре мешитобад. Озмунҳои «Модару духтар» ва «Кадбонуи беҳтарин»-ро дар сатҳи шоиста доир менамояд, ки духтарони деҳаҳои дурдаст бо завқу майли тамом пироҳанҳои беҳтарин ба бар ширкат варзида, ҳунари волои худро муаррифӣ месозанд.
Бо боварӣ ба кордонии Саёҳат Абдуллозода роҳбари ноҳия ӯро ҳамчун раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таъин намуд. Таърихи ноҳия ёд надорад, ки даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ин ноҳия пеш аз муҳлат иҷро гардад. Ҳамон сол даъвати баҳориро тули як моҳ ва тирамоҳиро дар ду рӯз пурра таъмин намуд. Агарчи моҳи январи соли 2024 ба ин вазифа таъин гардид, дар ин фурсат тавонист корҳои назаррасе анҷом диҳад. Радиои маҳаллиро аз нав фаъол карда, боғҳои фарҳангии ноҳияро бо нишастгоҳҳои замонавиву дигар абзорҳо муҷаҳҳаз намуд. Чанд мактабро бо мизу курсӣ таъмин ва чанд соҳибкорро ба бунёди муассисаҳои томактабиву таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳрик дод. Раиси ноҳия дар ҳар ситод фаъолияти ӯро тавсиф карда, рӯзе амалҳои ӯро ба занбӯри асал, ки лаҳзае ором нагирифта, ба ҷамъоварии шаҳд фарсахҳо роҳ мепаймояду ҳеҷ эҳсоси хастагӣ надорад, ташбеҳ дод.
Мақоли «Хоҳӣ, ки миллатро аз байн барӣ, фарҳанги ӯро аз байн бар»-ро мадди назар дошта, миёни мардум аз асолати фарҳанги тоҷикон ва гиромидошти он зиёд корбарӣ менамояд. Дар вохӯриҳо аз бонувони маҳал даъват ба амал меорад, ки ғайр аз наздикону пайвандон аз худ низ фаромӯш накунанду соле ду маротиба аз муоинаи тиббӣ, хосса аз духтури амрози занона ва дандонпизишк гузаранд, ки маънии зиндагии бону қабл аз ҳама сиҳатии комил ва зебоии ҷисму руҳи ӯст, на таъқиб аз паси сарвату дороӣ. Ҳатто дар масҷидҳо вохӯриҳо доир намуда, дур шудан аз ифроту хурофот, аз қадри амният, рушду ободӣ ва арзишҳои миллӣ сухан мегӯяд.
Саёҳатбону панҷ маротиба дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарорат суханронӣ намудааст: соли 2005 зимни мулоқоти Президенти кишвар бо ҷавонони ҷумҳурӣ, соли 2013 ҳангоми ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон, соли 2019 ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон, ҳамон сол дар Анҷумани ҲХДТ аз номи вакилону ҳизбиёни вилояти Хатлон ва ҳини ифтитоҳи толори варзишие, ки аз ҷониби соҳибкор Илҳом Мирзоев бунёд ёфта буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба азми қавӣ, нутқи фасеҳу зеҳни гирои ӯ баҳои баланд додаанд.
Банда ба сиёсати пешгирифтаи абармарди таърихи навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон ва дастгирии бонувон эҳтиромро қоилам. Баъди ноамниҳои солҳои 90-уми садаи ХХ дар оилаи камбизоат ба камол расидаму сахт ҳаваси хондан доштам, - иброз дошт ӯ.
Ба филиали Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Ёвон дохил шуду ду сол таҳсил карда, ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ гирифт. Фаъолиятро ҳамчун омӯзгор аз Литсейи касбӣ-техникӣ шуруъ карда, баъдан ҳамчун муовини директор, раиси созмони ҷавонони ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИМҲД-и ноҳия, муддате корманди бонк ва китобхона, муовини раиси шаҳраки Ёвон, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия заҳмат кашид. Маҳз фаъолият дар бахши кор бо ҷавонону варзиш ва Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ӯро обутоб доду соҳибтаҷриба намуд, ки то кунун ӯро бо унвони Саёҳати ҷавонон ва ҳизб мешиносанд.
Мавсуф бо нишонҳои 30-солагии Артиши миллӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва медали ҷашнии «Сипарон» қадр шуда, муаллифи чаҳор китоб - «Чашми дил», «Гавҳаре аз умқи дарё», «Машъалафрӯзи ҷодаи илм» ва «Эътимоди халқ кафолати пирӯзии мост» буда, беш аз 200 мақоларо дар жанрҳои гуногун эҷод ва дар васоити ахбори омма ба табъ расондааст.
Саёҳат Абдуллозода соҳиби чаҳор фарзанд аст. Агарчи хурдсоланд, нигоҳубини онҳоро ба мураббӣ вогузор намуда, худ пайи иҷрои рисолати касбӣ мекӯшад фишангҳои идеологии ноҳияро тақвият бахшад. Ӯ масъулияти бузурги мафкурасозӣ дорад, масъулияте, ки бо андешаи миллӣ руҳи миллиро дар замири сокинон маъво мебахшад, зеро медонад, ки идеологияи миллӣ муҳимтарин омили бақои миллат ва давлат буда, дар ин масир хизмат ба халқ барояш шарафи бузург аст.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Ёвон
Мубодила:
Шарҳҳо
