БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз ободиҳои диёри куҳанбунёд

Чеҳраҳо / Аз ҳар боб

Чун ба истиқболи Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар сартосари кишвар корҳои созандагию ободонӣ ҷараён доранду заҳмати мардуми меҳанпарастро наметавон нодида гирифт. Аз ин хотир, соле бештар аст, ки кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» баҳри инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд.

Ин дафъа аз ноҳияи Айнӣ дидан намудем. Воқеан, сари ҳар қадам шоҳиди навгониҳо ва ободкориҳо гаштем. Рушду нумӯи соҳаҳо дар ҳама шаҳраку деҳот назаррас аст. Суръати боҷараёни сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои маишию хизматрасонӣ ва бунёди дигар муассисаю иншоотҳо дар қалби кӯҳҳои табиати нотакрори ин мавзеъ ҳусни дигар зам намудааст. Риояи расму анъанаҳо, бахусус таомули меҳмондорӣ, ки яке аз оинҳои қадимаи тоҷикон мебошад, табиист, ки дар байни мардуми кӯҳистон ҳанӯз ҳам побарҷост ва лаҳзаҳои аввалини ворид гаштан моро бо расми хуби тоҷиконмеҳмоннавозии тоҷикона муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода ва кормандони МИМҲД самимона истиқбол гирифтанд.

Ҳамқадамони замон  

Пас аз мусоҳиба бо фаъолони ҷамоату деҳаҳо, ҳамчунин роҷеъ бо вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ бо муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода суҳбат оростем.

- Рушди соҳаҳои муҳими кишвар ба пешрафту нумӯи соҳаи иҷтимоӣ марбут буда, маориф яке аз самтҳои асосии он маҳсуб меёбад. Воқеан, барои пешрафти ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ низ дастгириҳо ва ғамхориҳои беназир идома доранд, ки ин иқдом ҳар шаҳрванди ватандӯстро водор месозад, то бо тасмими нав идомадиҳандаи кори неку ободӣ бошад. Тариқи ҳашар таъмиру тармим гардидан ва сохта ба истифода додани мактабу синфхонаҳо аз ҷониби соҳибкорону мардуми маҳал гувоҳи он аст, ки дар самти рушди соҳаи маориф ширкати шаҳрвандон басо назаррас мебошад, - иброз медорад бону Зебо.

Дар ноҳияи Айнӣ, 68 муассисаи таълимӣ ва 6 боғчаи кӯдакона фаъолият доранд. Шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ 18 ҳазору 853 нафарро ташкил дода, дар кӯдакистонҳо 584 кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар назди 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 76 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак амал менамояд, ки дар онҳо ҳазору 344 тарбиятгиранда таълим мегирад.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамқадами замонанд, яъне ҳар як пешравие, ки дар илму техникаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ мекунад, тариқи омӯзиши фанҳои иттилоот ва технология аз бар менамоянд. Эълон шудани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар омӯзиши донишҳои замонавӣ, аз қабили омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва иқтисодию технологӣ пешрафтаю собитқадам бошанд. Албатта, барои амалӣ шудани ин иқдом дар ҳар муассисаи таълимӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст, ки ба ин васила дилхоҳ хонанда метавонад донишу фарҳанги технологии худро такмил диҳад.

- Алҳол, дар муассисаҳои таълимӣ беш аз 1200 компютер, 310 принтер, 114 тахтаи электронӣ ва 18 проектор дар ихтиёри донишандӯзон гузошта шуда, ҳамчунин, соли равон аз фонди захиравии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 компютер дастраси хонандагон гардид, - мегӯяд Зебо Саидзода.

Тандурустӣ Тандурустӣ низ яке аз соҳаҳоест, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри солимии ҷомеа ва ҷиҳати пешрафти он дастгирии хоса зоҳир мегардад. Дар ноҳия 8 беморхонаи минтақавӣ, 21 маркази саломатии деҳот, 32 бунгоҳи тиббӣ, муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва маркази санитарӣ-эпидемиологӣ ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд.

- Замоне нарасидани мутахассисони соҳаи тиб ва дастрасӣ ба хизмати тиббӣ мушкили рӯз буд. Хушбахтона, аксаран камбуди ихтисосмандони соҳа аз ҳисоби хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки тариқи Квотаи президентӣ дохил шуда буданд, ҳалли худро ёфт. Феълан, 555мутахассиси соҳаи тиб, ки аз он 89 нафар дорои маълумоти олӣ ва 466 нафар соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ мебошанд, дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият дорад, - иброз медорад бону Зебо.

 «Фарҳанг – ҳастии миллат»

Овезаи ин суханони пур аз маънии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ороишдиҳандаи пештоқи ҳар қасри фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар аст. Бахусус, дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри нигоҳ доштани фарҳанги гузаштагон, арзишҳои миллӣ ва расму оинҳои ниёгон соҳаи фарҳанг нақши муассир мебозад.

- Ҳадаф аз гузарондани вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар муассисаҳои фарҳангӣ ва байни аҳолӣ баргузор мешаванд, нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ва расму одатҳои қадима мебошад.

Ҳар сайёҳи хориҷӣ ё дохили кишвар, ки ба ноҳия қадам мегузорад, ҳатман аз тамошои нигораҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, ки беш аз 800 ададро ташкил медиҳад, баҳравар мешавад. Ин ҷо яке аз маконҳои таърихиест, ки дар он ангораҳою навиштаҳо аз фарҳангу адабиёти ниёгон маҳфуз аст, - меафзояд бону.

Ҳамчунин, мавсуф аз самтҳои фаъолияти дигар соҳаи иҷтимоии ноҳия ибрози андеша намуд, ки кулли соҳаҳо ба ҳамдигар пайвандии ногусастанӣ доранд ва ҷомеа бе тақвият ва ташаккули он рушд нахоҳад кард. Аз ин хотир, месазад, дастаҷамъона баҳри шукуфоии диёри хеш ва пешрафту нумӯи ҷомеа талош варзем, саъй намоем, то мулк обод кунем…

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе-Айнӣ-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон