БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуи ҷавон, аммо роҳнамо

Чеҳраҳо

 Ӯро муҳити хонасоз, гармии муҳаббати падару модар ва меҳру раҳнамоии апаву бародарон ба роҳе оварданд, ки имрӯз садҳо ҷавонон бо чашми умед ба сӯяш менигаранд. Ҳарчанд дар замони мушкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба дунё омад ва кенҷаи хона ҳам буд, «эркагӣ» барояш дар масофаи дур қарор дошт, зеро Дилрабо дар хонаводае ба дунё омада, ки муҳити гармаш на танҳо ҷисм, балки андешаро парвариш медод.Падараш, ки солҳои мадид сардори коргоҳи Комбинати абрешими пойтахт буд ва дар зери идораи худ даҳҳо корманд дошт, намунаи масъулият ва адолати корӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ ба ҳамаи ҳашт фарзанди худ, хоса кенҷаи хона – Дилрабо ҳамеша ҳушдор медод, ки зиндагӣ ҳатман аз пастиву баландиҳо иборат аст ва дар ин роҳ адл меъёри асосист. Модараш, агарчи хонашин буд, аз адабиёт огаҳии хуб дошт ва талош меварзид фарзандон на танҳо хонданро омӯзанд, балки ба умқи ҳарфҳои хондаашон дуруст сарфаҳм раванд. Ҳанӯз, пеш аз ба мактаб рафтан, шеъри зиёд медонист. Дар синфи якуми мактаби миёнаи № 89-уми пойтахт таҳсилашро оғоз кард. Духтари оромтабиат, вале тезҳуши синф, ҳам дар дарсҳо фаъол буд, ҳам дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб. Дар натиҷа, Дилрабо ҳамчун бонуе ба камол расид, ки дар миёни мавҷҳои пурталотуми зиндагӣ худро гум накард. Агар имрӯз, бо вуҷуди хеле ҷавон буданаш, аз дардҳое ҳарф мезанад, ки ҷомеа онҳоро гоҳ нодида мегирад, сабаб ва замина дорад. Зеро аз кӯдакӣ ба ӯ омӯзондаанд, ки зиндагиро бояд бо муҳаббат сохт, на бо зӯру даъво. Худи ӯро ҳам касе ба зӯр сари китоб нашинонд, балки худаш дар мисоли пайвандон медид, ки фикр қудрат аст ва маҳз донишу саводу фаросатро бояд сармоя кард. Имрӯз Дилрабо таҳлилгар аст. Ҳамон духтари дирӯза, ки дар хонаи пур аз китоб калон шуда буд, имрӯз дар барномаҳои телевизионӣ ва маҳфилҳои муҳими иҷтимоӣ дар бораи мушкилоти оилаҳо сухан мегӯяд. Ба фарқ аз хелеҳо дар гуфтори ӯ танҳо рақам нест, балки суханҳояш аз зиндагии мардум намунаҳои зиёд дорад. Бо як ишорае, ки дар назари аввал шояд сода менамояд, як масъалаи печидаро метавонад кушояд. Баҳси зиёд ҳам намекунад. Дуруст аст, ки барои мусоҳиб чанд нуктаи муҳимро пешниҳод менамояд, аммо барои маҳз ин нуқтаро қабул кардан, касеро маҷбур намекунад. Зеро инро дар хонаводааш ба ӯ омӯзонданд. Махсусан, вақте дар наврасӣ мехост табиб шавад, падараш на «бо амр», балки бо усули фаҳмондан ин корро кард. Ҳамин тавр, Дилрабо фаҳмид, ки пайвандон манфиати ӯро мехоҳанд ва хидмат ба мардум ҳам роҳҳои гуногун дорад. Дар натиҷа, пас аз хатми мактаб ӯ ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки он сол бахши рӯзноманигорӣ ҳам дошт, дохил шуд. Муҳити эҷодӣ ӯро ба телевизиони «Сафина» бурд, ки он ҷо апааш Ситора фаъолият мекард. Дар «Сафина» дар таҳияи барномаҳои «ҷилваи ҳунар», «Сапедадам» ва махсусан лоиҳаи машҳури «Зебосанам - 2011» фаъол буду саҳм гузошт. Таҳияи сужаҳо, муаррифии иштирокчиёни озмун, ки ҳамарӯза чанд бор такрор мешуд ва ҳам наттоқӣ зинаҳои аввалини таҷрибаи касбӣ шуданд. Аммо пас аз издивоҷ, бо хоҳиши худаш, кори телевизионро тарк намуд. Аз ҷониби дигар, чун дипломи омӯзгориро соҳиб шуда буд, бояд пас аз хатм дар мактаб кор мекард. Ҳамин тавр, чор соли фаъолияташро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-уми шаҳри Душанбе ба омӯзгорӣ бахшид. Соли 2018 ба тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пайвасту давоми се соли фаъолият дар ин ниҳод вазифаҳои гуногунро иҷро кард. Аз мутахассиси бахши ҷавонон то мудири бахши омор ва шуъбаи кор бо занон. Махсусан, соли 2020, ки ду интихоботи муҳим (парлумонӣ ва президентӣ) ба он давра рост омад ва, ҳамзамон пандемияи COVID-19 ҷомеаро фаро гирифта буд, ӯ дар як усули самаранок - «аз дар ба дар», бо мардум суҳбат ва таблиғот мебурд. Ин солҳо, агар аз як ҷиҳат барои ӯ мактаби воқеии тобоварӣ ва имтиҳони махсус гардида бошанд, аз ҷониби дигар таҷрибае гардид, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ ва мардум бештар ошно шавад. Андактар ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат ба кор гузашт. Ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва интизомии идоракунии давлатӣ ба таҷрибаи ӯ ҷиддият зам карданд. Ҳамзамон, Дилрабо ба факултаи ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон дохил шуд ва онро соли 2024 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард. Баъдан ӯ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мудири бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус даъват шуд. Гарчи танҳо чор моҳ дар ин ниҳод фаъолият дошт, омӯхт, ки системаи назорат ва назми қонун на танҳо дар соаи маориф, балки ҳар бахши дигар то чи андоза таъсиргузор аст.Масъулиятнокии Дилрабо Маҳмашарифзода аз назарҳо дур намонд. Моҳи сентябри соли 2022 ӯро ҳамчун муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб карданд. Соли 2024 сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе таъин шуд. Ин зина на танҳо баёнгари эътимод аст, балки масъулиятест, ки сабру заковат ва дурбиниро талаб мекунад, зеро кор бо занон ва оила дар муҳити иҷтимоии мураккаби шаҳр кори саҳлу сода нест. Бону Дилрабо мегӯяд, ки мушкилоти асосии занони шаҳр бекоршавии ақди никоҳ, зӯроварии хонаводагӣ, номуайянии касб, аслан аз норасоии равоншиносӣ дар муносибатҳо бармеоянд. Аз ҳамин ҷост, ки бо занону духтарон суҳбатҳои инфиродӣ анљом медиҳад ва дар чанд маврид тавонистааст оилаҳоро аз пошхӯрӣ наҷот диҳад. Ба гуфтаи ҳамкорон, Дилрабо бисёрии вақт мисли як мутахассиси равоншинос бо занон суҳбат меорояд, мушкили онҳоро мешунавад, зеро бонувон ҳоло ба ҳамсуҳбати донишманд ниёз доранд. Ҳамин тавр, ӯ як овози ҳамдардӣ, як гӯш барои шунидан ва як дасти роҳнамо барои занону духтароне табдил шудааст, ки байни орзу ва воқеият дар ҳоли саргардониянд. Ин духтар њамсони қуллаҳои гардунсои диёраш бузург шуд, бо ғурури миллӣ, бо эҳсоси баланди ватанхоҳӣ, бо ғаюрӣ назди шебу фарози зиндагӣ, бо дасту дили гарм ба амалҳои созандагӣ, мафкурасозӣ. Манбаи илҳоми бекарони ӯ аз корнамоиҳои фарзонафарзандони миллат, хосса Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори ҷавону дурбин мутарамРустами Эмомалӣ шодоб мегардад. Хулоса, зиндагиномаи Дилрабо Маҳмашарифзода намуна барои онҳоест, ки бо меҳнат, ирода ва хоҳиши тағйир додани ҷомеа мехоҳанд роҳи худро ёбанд. Роҳи ӯ таъкид мекунад, ки муҳаббат ба хонавода, таълим ва талоши пайваста метавонад ҳар касро ба марҳалаи нав ва муваффақиятҳои бузург расонад. Барояш комёбиҳои бештар орзумандем.

                            «Бонувони Тоҷикистон»

 

              

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон