Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ёди ошёни баланд
Чеҳраҳо Сарнавишт ӯро ба ошёни баланде овард, ки шоири равоншод Норинисо бо муҳаббату самимият ороставу пероста буд. Канори модари маҳбуб зистан барояш дарси зиндагӣ гашт. Агарчи имрӯз модар бараш нест, фазои ёду хаёлаш ҳанӯз ҳам бо ӯст ва ба шеваи кору зиндагии ӯ пӯй мезанад: субҳ дару тирезаҳоро во мекунад, то ба хона ҳавои тоза дарояд, ба гулҳои шукуфтаю пайи шукуфтан об мерезаду бо онњо чанде роз мегӯяд. Ҳини наҳорӣ «аз чи оғоз карду чиро бояд ба анҷом расонд» меандешаду дами сар кашидани офтоб пайи кор мешитобад. Рӯзҳои муқаррарии ҳаёташ чанд сол аст, ки ҳамин зайл сипар мешаванд, ҳатто баъзан рӯзҳои истироҳат низ.
Муяссара Қаҳҳорӣ, зодаи шаҳри бостонии Хуҳанд, маълумоти олии рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносиро дорост. Фаъолияташ аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд оғоз шуда, дар чандин идора вазифаҳои гуногунро уҳда кардааст. Тайи ҳафт сол дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи кор бо занон ва оила буд ва дар иҷрои рисолати хеш, бино ба қавли занони фаъолу собиқадор, бонуи беамсол. Ба кору пеша содиқ будану бо тақозои масъулият дар шикасту рехти зиндагии бонувони маҳал шарик гаштан, ӯро то вазифаи муовини раиси шаҳр раҳнамун шуд.
Соле пеш ба ҳамон андарзи Соиб, ки модарҷон, ба такрор шиори зиндагиаш намуда буд, болидаруҳ фаъолияти хешро дар ин самт шуруъ кард:
Зи меъроҷи мансаб маҷӯ пойдорӣ,
Ки бар ях бувад пой ин нардбонро
Аслан, ӯ ҳар куҷое ва дар ҳар вазифае кор кард, мансабро на мукофот, балки масъулияти иҷрои уҳдадориҳое медонист, ки барояш бовар намудаанд ва бо ҳамин андешаи солим, бо нияти пок азму талош меварзид. Сифатҳои ботинию зоҳириаш ӯро маҳбуби ҳамагон гардонд.
Солҳои корӣ ба симати мудири шуъбаи кор бо занон мушкилоти бахши иҷтимоиёт: фарҳангу маориф ва тандурустӣ барояш ошноӣ дошт. Аз ин хотир, дар масъулияти навбатии худ омодаву санҷидашуда буд.
Нақшаҳои аввалинро аз тадбирҳои ба миён гузоштаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баҳри пуштибонии бонувони маҳаллӣ, татбиқи сиёсати гендерӣ, ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ ва кории бонувони шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар вакили Парлумони кишвар, ду нафар вакили Маҷлиси вилоятӣ ва 15 нафар аз шумори 40 нафар вакилони шаҳрӣ аз ҳисоби занону духтарони фаъоли шаҳри Хуҷанд будан, дар фаҳмиши Муяссара Қаҳҳорӣ рақамҳои дилхушкунанда ва ояндабахш шуданд.
- Имрӯз дар ҳамаи идораю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд нақши занону духтарони соҳибилму соҳибтафаккур барҷост. Шуруъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд то ба сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ, бонкҳою раисони маҳаллаҳо бештар аз 20 нафар бонувони уҳдабаро ҳамсафи мардон дар вазифаҳои масъул барои ободии шаҳр камари ҳиммат бастаанд. Аз шумори 52 нафар роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 39 нафар зан ва кулли кӯдакистонҳои давлатию хусусиро бонувони кордида роҳбарӣ мекунанд. Дар муассисаҳои тандурустӣ 6 зан роҳбар аст, ки ҳама табибони номвару варзидаанд,-гуфта муовини раис бо ифшои рақамҳо хушҳолӣ зоҳир месозад, ки шумори ин гуна занҳои роҳбарикунанда мувофиқи дурнамо дар ояндаи наздик ба маротиб хоҳад афзуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, баробари ободонӣ ва рушди босуръати сохтмону саноати маркази вилоят, мудом дар андешаи дастгирӣ ва ёрӣ ба бонувони соҳибистеъдод аст. Аз ин рӯ, вохӯриҳои судманди ӯ бо иштироки васеи бонувон баҳри амалӣ гаштани андешаву афкорашон зуд-зуд доир мегарданд. Яке аз дастгириҳои ҳамасолаи шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занони ҳунарманд, грантҳои раиси шаҳр таъсис дода, соли ҷорӣ 40 нафар бонуи фаъолу ҳунарманд дар ҳаҷми аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ ин имтиёзро баҳравар шуд. Занҳои ҳунарманду боирода аллакай нақшаҳои худро амалӣ намуда, ба ин васила барои духтарони маҳал ҷойҳои нави корӣ муҳайё сохтанд.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷашну маъракаҳои суннатии ниёгонро дар маҳаллаҳо ва кӯчаҳои шаҳр баргузор карда, занону духтарони фаъоли ҳамаи идораву сохтор ва хонашинро ҷалб менамоянд. Фестивали «Сад ранги чакан», ки дар саҳни Донишкадаи техникии Тољиҷкистон доир шуд, намунае аз ин маъракаҳои бошукӯҳ буд, ки тамоми бонувони шаҳри Хуҷандро ба ҳам овард. Понздаҳ тарроҳи чирадаст бо намоиши намунаҳои беҳтарини чакан давраорои ин базм буд. Дар даври вилоятии озмуни «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» ҷойи аввал насиби бонувони шаҳри Хуҷанд гашт.
Татбиқи Барномаи давлатии «Пешгирии зӯроварии оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» самти дигари фаъолияти кории муовини раис гаштааст, ки баҳри ба ҳадаф расидан дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқӣ, шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроия ва дигар идораю сохторҳои давлатӣ чандин семинару машваратҳои ҳуқуқӣ бо иштироки васеи занон доир намуда, ба ин васила оилаҳои зиёд аз пошхӯрӣ эмин монданд. Дар татбиқи Барномаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» ва комиссияи ҷамъиятии «Шурои муросо» нақши муҳим мебозанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суқд барои сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҳикистон дар солҳои 2022–2026 бояд 950 иншооти гуногуни истеҳсолию иљтимо таъмиру таҷдид ва бунёду азнавсозӣ шавад, ки то имрӯз аллакай 964 иншоот сохта ва таъмиру таљдид шуд. Аз ҷумла, дар соли 2025 тибқуи нақша аз 190 иншоот 172-тояш мавриди истифода қарор гирифт.
Маъмулан, дар суҳбати занони сарвар саволе беихтиёр рӯ мезанад: «Оё масоили хонаводагӣ монеи кору вазифа намешаванд?». Ҳини баёни ин пурсиш ҳамсуҳбатамро лаҳзае дар сукут дарёфтам. Сукуте, ки ахиран чашмони ўро ба ашк олуду дар нигоҳи маҳзунаш хотироти «ширин» барқ мезад.
Шоири зиндаёд Норинисоро, ки дар суҳбат борҳо чун модар пеши рӯ меовард, «Хушдомани меҳрубон» унвон доду эҳтиромашро аз модари худ кам надонист.
- «Бовар кунед, ӯ хушдоман не, модари азизу дардошно, ҳамдаму ҳамнафаси ман буданд. Баҳои ӯ беинтиҳо аст, агар ба ҷойе расида бошам, баракати дасти дуои ӯст»,- изҳори қаноатмандӣ аз сарнавишт дод, Муяссарабону.
Шавҳари меҳрубонашро ҳам, ки соле пеш фоҷиабор ўро падруд гуфт, бо оби дида ёд овард. Шавҳаре, ки бо ин қадар масруфияти корӣ боре ҳам ӯро напурсида, ки чаро зуд рафтӣ ё чаро дер баргаштӣ. Баръакс, дилбардориаш менамуд: «Кори мақомот мушкил аст, масъулият боз ҳам мушкилтар, бо сабру таҳаммул бош, мушкилиҳо гузарандаанд, дар кор ҷиддӣ бошу касеро маозор…». Ин ғамхориҳои ҳамсафари ҳаёт ӯро ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар пешбурди кор қадам ба қадам муваффақ мекард…
Муяссара Қаҳҳорӣ, ки пеши зарбаи сарнавишт оҷизу дасткутоҳ буд, духтарчаҳои нозанину, Рамисои шухашро пеши рӯ меоварду шукрона ба ояндаи нек мекард…
Рустами НАЗИР,
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
