Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуе аз “Ховар”
ЧеҳраҳоҚаламкаши дақиқкор, рӯзноманигори шинохта, бонуи боназокат Назокатбону Қодирзода беш аз ду даҳсола аст, ки дар риштаи журналистика соҳибному соҳибмақом аст. Овони тифлиаш дар мавзеи хушманзару зебои атрофи «Боғи Ғалаба» гузаштааст.
– Падарам дар бунёди неругоҳҳои барқи обии кишвар саҳмгузор буданду модарам хонашин. Мо, ҳафт нафар кӯдак, дар сояи меҳрубониву дӯстдории зодмандон бузург мешудем. Соли 1978 ба синфи якуми мактаби миёнаи №35-уми ноҳияи Шоҳмансур рафтам. Ифтихорманд будем, ки мактаби моро Рашид Олимов, дипломат ва ходими давлатӣ хатм кардааст. Омӯзгорони соҳибмалака бароямон дарс мегуфтанду ҳамсинфонам, бештарашон фарзандони аҳли зиё ва арбобони давлатӣ буданд. Аз ин рӯ, хондан дар чунин муҳит бароямон ҷолиб буд. Солҳои донишҷӯӣ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз беҳтарин устодон Худоӣ Шарифзода, Султон Воҳидов, Абдулҳай Маҳмадаминов ва дигар устодон таълим гирифтам, - ёд меорад Назокатбону.
Солҳои аввали донишҷӯӣ ҳамроҳи ҳамдарсон зиёд ба китобхона мерафт. Дарсҳои омӯхтаро такрор мекарданду аз пайи омӯзишу донишандӯзӣ мешуданд. Таҷрибаомӯзиҳо барояшон дунёи дигар буду ба хотири ҷамъ намудани фолклору омӯхтани лаҳҷаву шеваҳои мардумӣ ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекарданд.
- Ёд дорам, соли аввал ба ноҳияи Файзобод рафтем. Соли дувуми таҳсил моро ба Самарқанди бостонӣ фиристоданд. Пазироии самимона ва гирди як дастархон нишастан, байни худ ва онҳо ягон фарқиятро намедидем. Онҳо низ ба мисли мо ба забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Мақолу зарбулмасалҳое, ки мо истифода мекунем, ҳамонро ба кор мебурданд. Чизи дигаре, ки диққати моро ба худ ҷалб намуд, ҳунарҳои дастии онҳо буд. Ҳар як хона бо ҳунарҳои нафиси дастӣ оро дода шуда буд, ки аз санъати волои тоҷикон дарак медод, - иброз дошт мусоҳибам.
Бо хатми Донишгоҳ вай ҳамроҳи чанд тан аз ҳамсабақон ба хонаи радио омад. Зиёд мехост, ки фаъолияташро маҳз аз ҳамин даргоҳ оғоз намояд. Дар ин макони эҷодӣ аз наттоқони боистеъдод ба худ таҷриба андӯхт.
- Вақте дохили ин ошён шудам, онро зебову барҳаво ёфтам. Рӯзноманигорону нафарони номдорро дар ин ҷо вохӯрдам. Кормандони ин макон чунон босалобат буданд, ки ҳар гоҳи бо онҳо рӯ ба рӯ шудан, маро ҳаяҷону изтироб фаро мегирифт. Ба худ мегуфтам, ки ман дар ин ҷо кор карда метавониста бошам. Хонаи радио барои ман мактаби бузурги таҷриба гардид.
- Пас аз чанд муддати таҷрибаомӯзӣ маро ҳамчун наттоқи барномаи «Ориёно» ба кор гирифтанд. Устодам Абдурашид Хӯҷамқулов буд. Гулчеҳра Муллоҷонова, Субҳон Раҳматов, Севарой Қосимова ва Малика Раҳмоноваро дар ин ошёни булбулон вомехӯрдам. Аз наздик дидани наттоқони овозадор боз ҳам шавқу меҳрамро ба ин касб зиёдтар менамуд. Дар шуъбаи ахбор муҳаррирӣ ва наттоқиро ба уҳда доштам. Он замон бонувон дар ин шуъба камтар кор мекарданд. Чунки кор дар ин идораи сиёсӣ барои бонувон мураккабтар буд. Аз Лаззат Диловарзод ва Шодмон Сафоев ҳам бисёр чизҳоро омӯхтам. Ба ғайр аз шуъбаи ахбор дар шуъбаи иқтисодиву сиёсӣ низ кор кардам. Дар ин макон солҳои 1993 - 2012 заҳмат кашидам. Даврони нобасомон бевақт ба хона бармегаштаму медидам, ки падарам аллакай дар назди роҳи калон маро интизорӣ мекашанд, ягон бор бар зидди корам набаромаданд, - изҳор намуд вай.
Соли 2010 қобилияти кордонӣ, маҳорату истеъдод ва ҳисси баланди масъулиятшиносиашро ба назар гирифта, ӯро барои кор ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хонданд. Вай дар баробари кори радио тавонист, ки дар ин даргоҳ низ мавқеашро устувор намояд. Дар ҷараёни ҳар як кори нав инсон метавонад дар худ боз навгониеро кашф созад.
- Дар аввал аз радио дил кандан натавонистаму боз ду соли дигар наттоқ будам. Бо дастгирии сармуҳаррири вақт Шоҳонаи Сулаймон меомадаму ахборро мехондам. Аз бинои «Ховар», ки дар назди Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷой дошт, ба бинои радио, ягон нақлиёт намерафту ман то он ҷо медавидам. Вақтҳое ҳам мешуд то даҳ дақиқа мондани ахбор ба радио мерасидам. Нафасамро танҳо вақти навбати мухбирҳои минтақавӣ рост мекардам. Ду сол дар чунин шароит кор кардам, сипас маҷбур шудам, ки корро пурра дар радио қатъ намоям, - гуфт Назокатбону.
Дар баробари фаъолияти назаррас ин бонуи суханвар ҳамчунин дар тарҷумонӣ низ комёб гаштааст. Ӯ хабарҳоро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуда, дар оянда азм дорад, ки даст ба тарҷумаи адабиётҳои ҷаҳонӣ занад.
Заҳмату талошҳои эҷодӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ сабаб шуданд, ки соли 2022 сармуҳаррири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Назокат Қодирзода бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардад.
Тақдир Назокатро бо марди бофазлу донишманд Саидмурод Рабизода якҷо намуд. Онҳо дар доираи оилаи саодатманд тавонистанд, ки ду гулдухтару як писарро тарбия намуда, дар ниҳодашон масъулиятшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро ҷой кунанд.
Дастоварди кору оилаашро дар дастгирии шавҳар ва хушдоман медонад. Аз он меболад, ки писараш Абдунабӣ Рабизода имрӯз бо пайроҳаи волидон рафта, дар телевизиони «Варзиш» фаъолият меварзад.
Ин бонуи соҳибилм иброз медорад, ки яке аз омилҳои пешравӣ муносибатҳои солиму устувори хонаводагӣ ҳамдигарфаҳмии байни узви хонавода мебошад. Сарвати асосиро дар саломатии фарзандон ва номи неку тарбияи хуби онҳо мебинад. Агар дигарон фароғаташонро дар сайру саёҳат бинанд, ӯ вақти холигиашро сарфи китобхонӣ ва парвариши гулҳои рангоранг менамояд.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
