БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Посдори нури дудмон

Чеҳраҳо

Ҳузури ҳарчи бештари бонувон дар вазифаҳои ҷамъиятӣ ба вижа, мансабҳои роҳбарӣ, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз фасоду дигар падидаҳои номатлуби замони муосир маҳсуб ёфта, аз сӯи дигар, мояи рушду ободонӣ ва ба низом даромадани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, зеро заковат ва исмату сиришти поки меҳрпарварии зан-модарон аз хулқи ирсии онон сарчашма мегирад, ки ҳамчун офаранда ва тарбиятгари башар дар соҳаи хизмати давлатӣ ҳам бо садоқати ростгорӣ эътимоди ҳамагонро ба даст меоранд.

Дилором Буриева аз зумраи бонувони номдори ноҳияи Ҷайҳун аст, ки бо азбар намудани илму касби ихтисосҳои тақозои замон ва фаъолияти назаррас дар соҳаҳои гуногун ба унвони занони пешоҳанг муаррифӣ шудааст. Ангезаи завқи забономӯзиву таҳсил дар риштаи тиб ва азми фаъолият дар соҳаи гумрук ва пешаи дӯстдоштааш омӯзгорӣ, аз панду васиятҳои зодмандонаш об  мехӯрад, ки фарзандонро дар руҳияи азбар намудании касбу ҳунарҳои ҷадид ва омӯзиши илм аз хурдӣ талқин мекарданд. -Бо ҳама эҳсоси дӯстдориву муҳаббати бузург ва меҳру навозишҳои зодмандон ва аҷдодони онҳо боз ҳам аз нахустфарзанди хонадон буданам, масъулияти ҷиддӣ эҳсос мекардам, ки дар таҳсилу гуфтору рафтор намунаи ибрати бародару хоҳаронам бошам, - иброз дошт дар оғози суҳбат Дилором. - Падарам полковники милитсия ва модари азизамон омӯзгори мактаби деҳа, дар тарбияи фарзандон ниҳоят ҷиддиву сахтгир буданд, ки имрӯз ҳамаи мо соҳиби маълумоти олӣ ва дар ҷодаҳои касбӣ ҷойгоҳи худро дорем. Ҳаёту фаъолияти мондагори падару модар, ки якеро бо намои низомиву дувумиро бо сарулибоси миллӣ дида, маро ҳиссиёти бузурге фаро мегирифт, дар тарбияи маънавӣ ва милоди орзуҳои ҷавониам беҳад таъсиргузор буд.

         …Дар пайи орзуҳои ҷавонӣ ва мисли модар мададгору роҳнамои корафтодагон шудан, ӯро баъди хатми мактаби зодбум, ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе овард. Баъди касби ихтисоси момодоягӣ ва чанд соли фаъолият дар беморхона, зодмандон ба ҳаёти мустақилона гуселаш карданд. Дилором бо афсари мақомоти низомӣ ҳамсафари ҳаётӣ гардид, ки солиёни минбаъд вобаста ба гузаришҳои хизматии шавҳар борҳо макони зисту ҷойи корашро иваз мекард. Даврони фаъолияти ҳамсар дар пойтахт аз фурсат истифода бурда, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро хатм намуд, вале момодоягиро идома мебахшид. Аз соли 2005 ба ҳайси муҳосиби Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ҷайҳун кор карда ва баъдтар ӯро ба нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба кор хонданд ва тули панҷ соли минбаъд дар гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият бурдааст. Соли 2014 ба хотири идомаи хизмати давлатии ҳамсараш дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо аз ноҳияи Ҷайҳун кӯч бастанд ва аз он ба баъд, Дилором фаъолияти худро дар шуъбаи Стансияи санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Турсунзода идома мебахшад. 

–Соли 2018 ба ноҳияи Ҷайҳун баргаштем. Собиқаи гуногунҷабҳаи меҳнатиамро ба инобат гирифта, маро ба вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешбарӣ намуданд. Нахуст мудири бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия, баъдан, роҳбарии бахши иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва кумак дар хонаро ба уҳда доштам, - гуфт дар идомаи суҳбат Дилором Буриева.

–Давоми солиёни фаъолият дар ин самтҳо, ҳамзамон, шуъбаи ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси омӯзгори фанни химияву биология хатм кардам. Аз собиқаи фаъолият дар ин ҷода мегӯям, ки ҷасорату танумандӣ ва завқу чолокӣ дар арсаҳои корзор аз зарфиятҳои хоси бонувони ноҳияи Ҷайҳун аст, ки дар зиёд самтҳои фаъолият аз мардон бартарӣ доранд. Бонувон бо дарки амиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, аз коргари одӣ то дар ҳама зинаҳои роҳбарӣ, ташаббускорӣ нишон медиҳанд. Умедворам бо тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти маърифатнокии аҳолӣ, роҳнамоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари ба таҳсилоти оливу касбӣ сафарбар намудани ҷинси латиф, мо шоҳиди натиҷаҳои назарраси нақши бонувон дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли ояндаи миллат дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ хоҳем гардид.

Бо ҳама дастоварду навовариҳо дар кору мансабҳои гуногун, маҳз чаҳор соли фаъолият ба симати раиси Ҷамоати деҳоти Яккадеҳи ноҳияи Ҷайҳун, муҳимтарин даврони донишу таҷрибаандӯзиам дар ҷодаи сиёсат ва риштаи ҷомеашиносӣ буд, ки ҳамраванди ҳамкориҳо бо аҳолӣ, ҳам дар самти омӯзиши афкори мардум ва нозукиҳои мафкурасозиву идоракунии идеологии ҷомеа огоҳӣ пайдо намоям, - зикр месозад ӯ.

Аз суҳбат бо фаъолзанони ноҳияи Ҷайҳун бармеояд, ки дар баробари амалигардонии тадбирҳои ҷадид ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, хуб мебуд, назорат ва натиҷагириҳо дар самти таҳсили ҷавондухтарон тариқи Квотаи президентӣ тақвият бахшида шавад, то ин ки бо истифода аз ин ҳама шароиту имкониятҳои фароҳамгардида норасоии кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар ноҳияҳои дурдасте мисли Ҷайҳун ҳалли худро пайдо намоянд. Ҷиҳати иҷрои сифатноки тадбирҳои дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, боист, пеш аз ҳама, суҳбату вохӯриҳои воқифгардонӣ бо усули «Хона ба хона» ва тарғибу ташвиқи ҳадафҳои пешгирифта тавассути матбуоти даврӣ ва дигар ВАО тақвият бахшида шаванд.

Дилором Буриева, ки ба тозагӣ ба вазифаи роҳбари Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Ҷайҳун таъин гардидааст, дастрасии саривақтии сокинони ноҳия ба матбуоти давриро аз масъалаҳои ҳалталаби деҳкадаҳои дурдаст арзёбӣ менамояд.

 - Албатта, айни замон барои тақсими саривақтии рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ба ду басти корӣ эҳтиёҷ ҳаст, бовар дорем, ки бо афзудани шумораи обуначиён теъдоди кормандони мо, аз ҷумла, хаткашонҳо аз ҳисоби бонувон зиёд хоҳад шуд, - иброз медорад Дилором Буриева.              

                                    Ҷамолиддин УСМОН,

                                       ноҳияи Ҷайҳун

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон