БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз гирдоби рӯзгор то ба шоҳҷоиза

Чеҳраҳо

Марям Шарапова чеҳраи барҷастаи соҳаи модел, дар Россияву Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоизаи «Маликаи Москва - 2023» ва «Super Model International - 2023». Бонуе, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки ному мавқеи худро дар соҳаи зебоӣ дарёбад, аммо то расидан ба ин зинаҳо душвориҳои зиёдеро пушти сар намуд.

Баръакс нокомиҳои зиндагӣ ӯро обутоб доданд, қавию ҷасур карданд. Сӯхту сохт, барои расидан ба муроду мақсадаш азму талош варзид. Соҳибному соҳибунвон гардид. Зимни суҳбат аз давраи бачагии бомашаққат, фиребхӯрӣ, дур шудан аз тифли ширхора ва ниҳоят кор дар додгоҳ ҳамчун тарҷумон ва рӯ овардан ба соҳаи зебоӣ қиссаҳо гуфт.

 Кӯдаки баркамол

Ҳанӯз синфи 3 мехондам, ки маро ба хонаи бибиам оварданд, то ӯро ҳамроҳ бошам. Бобоям дар садамаи нақлиётӣ фавтида буд. Агар бигӯям, лаззати даврони кӯдакиро ба таври бояду шояд начашидаам, хато намешавад. Лаҳзаҳои тиллоии ҳаётам бо анҷом додани корҳои хонаву гӯсфандчаронӣ дар дашту теппаҳо ва кори саҳро гузаштааст. На дугонабозӣ мекардаму на лӯхтаке доштам. Баъзан, ба лӯхтаки ҳамсолонам нигариста, ҳавас мебурдам. Аммо ҳеҷ гоҳ модарамро маҷбур накардам, ки бароям лӯхтак бихарад, зеро эҳсос менамудам, ки шароити оилаамон сангин аст.

Бибиам дар сомон додани корҳои хонаву саҳро хеле сахтгир буд. Талаб мекард, ки корҳои фармудаашро сари вақт ва босифат анҷом диҳам. Равуои меҳмон хеле зиёд буд. Ҷашну маъракаҳои авлодон дар хонаи бибиам мегузашт, набераву хешу таборон ҳамеша ҷамъ меомаданд. Бибиам боғи калоне дошт, дарахтонро нигоҳубин карда, меваҳояшро ҷамъ меовардем. Дар наврасӣ духтари баркамолеро мемондам, ки тамоми корҳои рӯзгорро ба субот мерасонад. Ҳоло сипосгузорам, ки бибиам меҳнатдӯстиву таҳаммулро дар қалбам ҷой карда, тамоми ҳунарҳоро баҳрам омӯзонд.

Машшота

- Синфи 8 мехондам, ки ба хонаи зодмандон омадам. Дар ин ҷо низ саробонии бародаронам ба дӯшам афтод. Аз танқисиҳои рӯзгор падарам пешаи духтурӣ ва модарам чевариро канор гузошта, ба тиҷорат рӯй оварданд. Ба Федератсияи Россия молу коло содирот мекарданд. Хоҳарони бузургам оиладор буданд ва ман барои бародаронам хӯрок мепӯхтам, либос мешустам…

Дар ин росто, духтарони деҳаро дар ҷашни арӯсӣ пардозгарӣ мекардам. Оҳиста-оҳиста ба машшотагӣ дил бастам. Аз модар хоҳиш намудам, ки бароям як ҳуҷраро ҷудо кунад, то онро ба толори арӯсон табдил диҳам. Розӣ шуд ва ба шаҳри Хуҷанд рафта, барои толор либосҳои арӯсӣ харидем. Дар баробари пардозгарӣ ба навхонадорон либоси арӯсӣ ба иҷора медодам. Пеш аз ба донишгоҳ шомил шудан, маблағи муайян ҷамъ овардам, то мустақил бошам.

 Декларант

Орзу доштам, ки журналист шавам. Ҳар гоҳе баромади наттоқони паричеҳраро тариқи оинаи нилгун медидам, ҳавасам ба ин пеша бештар мегашт. Шабеҳи онҳо будан мехостам. Рӯзе иттифоқан ба мактаби деҳа гурӯҳе аз рӯзноманигорон омаданду аз хатмкунандагон пурсиданд, ки кӣ журналист шудан мехоҳад? Агарчи бархе духтарҳо хоҳиш доштанд, ҷуръат накарданд. Назди директори мактаб рафта, хоҳиш кардам, то маро назди онҳо барад. Аз меҳмонон дар бораи дохилшавӣ ба донишгоҳ маълумоти зиёд гирифтам. Омодагии ҷиддӣ медидаму ҳар рӯз бесаброна интизорӣ мекашидам.

Шояд қисмат чунин буд, ки ҳамон соли хатми мактаб волидонам дар Россия буданд ва касе пайдо нашуд, ки барои ба донишгоҳ шомил шудан маро ёрӣ диҳад. Моҳи сентябр ҳамсинфонам ба донишгоҳ рафтанд ва ман бо сад алам дар хона мондам. Ниҳоят, зодмандонам баробари баргаштан барои донишҷӯй шуданам кумак карданд. Пас аз соли сеюми таҳсил ба зинаи ғоибона гузашта, фаъолиятро ҳамчун декларант оғозидам. Бо гузашти тақрибан як сол дарк кардам, ки кор дар мақомоти қудратиро намехоҳам ва эҷодкориро меписандам.

 Фиребхӯрӣ

 Дар ин миён оиладор шуда, соҳиби як гулдухтари нозанин гаштам. Аз вазъи молиявии душвор тасмим гирифтам, ки ба кор бароям. Яке аз наздиконам кори хуберо дар Россия ваъда дод. Тифли ширхораамро, ки ҳамагӣ нуҳ моҳ дошт, назди модар гузошта, ба муҳоҷират рафтам. Вақте ба шаҳри бегона расидам, дарк кардам, ки фиреб хӯрдам. Мебоист ҳамчун хазинадор дар қаҳвахона фаъолият бубарам, аммо маро ҳамчун зарфшӯй ба кор гирифтанд. Розӣ шудам, онҳо тамоми ҳуҷҷатҳоямро аз дастам ситонданд.

Муддати ду моҳ азобу машаққати зиёдеро пушти сар кардам. Дар фасли сармо дар анбори сабзавотҳо мехобидам ва ҳатто рӯйпӯше надоштам. Як кӯрпаи барқӣ буд, ки як қисмашро дар зер ва қисми дигарашро ба болоям мепӯшондам. Либоси зимистона надоштам ва маошамро низ намедоданд, то сарулибоси гарм харам. Як поям қариб, ки аз кор монда буд. Рӯзе ногаҳон зани руси хушсарулибосе хоҳиш намуд, то устухонҳои ғизоҳоро барои сагаш бидиҳам. Гуфтаашро ба ҷо овардаму аз ӯ хоҳиш кардам, ки бароям сарулибоси ғафси пӯшидаашро ҳам бошад, биорад. Рӯзи дигар он зан як ҷузвдон либосҳои тозаву озодаро, ки баъзеаш ҳатто нав буд, овард.

Рӯз ба рӯз аҳволам бад мешуд. Аз роҳбарияти қаҳвахона хоҳиш мекардам, ки маро дар ҷойи беҳтаре ба кор монанд, вале ҳар маротиба гуфтаамро рад карда, хуҷҷатҳоямро намедоданд. Рӯзе тасодуфан ба ҷойи зане, ки дар хазина менишасту бемор шуд, маро ба кор гузоштанд. Марди мусалмоне вориди қаҳвахона шуду ҳоли маро дида, пешниҳоди ҷойи кори беҳтар намуд. Роҳбари қаҳвахона бо вуҷуди он ки ду моҳ маошамро надода буд, барои ҷойи зисту хӯрду хӯрокам аз он мард пул талаб кард. Он мард маблағи талабкардаро супурд. Баъди як муддати табобат бо ҷойи кори хубе таъмин шудам. Ҳамин тавр, зиндагиам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

 

Тарҷумони додгоҳ

Рӯзе ба ҷустуҷӯи зане, ки бароям либосворӣ оварда буд, баромадам. Вақте ӯро пайдо кардам, маълум шуд, ки ӯ дар яке аз коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ роҳбар аст. Чун донандаи хуби забони русӣ будаму соҳибмаълумот, хоҳиш намуд, ки дар коргоҳи ӯ ҳамчун лаборант ба кор гузарам. Ҳамин тавр, муддате дар он ҷо фаъолият бурдаму яке аз духтарони ҳамҳуҷраамро, ки аз Чебоксария буд, ба кор овардам. Чанд вақт пас бо ӯ ба шаҳри Санкт-Петербург ба аёдати наздиконаш рафтем. Он духтари ҳамроҳам ба донишгоҳ шомил шуду маро зарур омад, то дар ин шаҳр ҷойи кор пайдо кунам.

Барои дарёфти патент ба имтиҳонсупорӣ рафтам. Чун забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва модариамро хуб балад будам, омӯзгоре пас аз имтиҳон ба ман пешниҳод кард, ки дар додгоҳ ҳамчун тарҷумон фаъолият намоям. Бидуни таҷриба бо умеде, ки маро ба кор пазируфтанд, ҳамчун тарҷумон фаъолиятро дар шаҳри Мос­ква шуруъ намудам.

 Модел

 Рӯ овардан ба дунёи моделӣ тасодуфӣ буд. Замони фаъолият дар риштаи тарҷумонӣ намоишгоҳи маҳсулот доир шуд, ки дар он, аз ҷумла хурмои эронӣ муаррифӣ мегардид. Ман ҳамчун донандаи забони форсӣ дар он ҷо ширкат доштам. Гулдухтарони зебоеро дидам, ки ҳар кадоме молеро муаррифӣ намуда, барои харидории он одамонро ҷалб месохтанд. Фаҳмидам, ки онҳоро «промомодел» мегуфтаанд. Яке аз эрониён ба ман рӯ оварду пешниҳод кард, ки ман низ модел шавам, зеро қомати баланд ва чеҳраи зебо дорам.

 

Баъди намоиши мазкур зиёд сари ин мавзуъ андешидам. Ҳамин тавр, бори аввал дар намоиши ретро-мошинҳо ва либосҳои итолиёвӣ ҳамчун промомодел ширкат варзидам. Баъдан, модели бозорҳои фурӯши ширкатҳои бузурги Озон, Вайлдбериз, Ламода ва амсоли инҳо шудам. Инчунин, бо дизайнерҳои барҷаста Вячеслав Зайтсев ва Валентин Юдашкин ошноӣ пайдо намудам.

Оҳиста-оҳиста рӯ ба саҳнаҳои бузург оварда, бори аввал дар ҳафтаи муди «Estet Fashion Week-2022», ки дар шаҳри Москва яке аз бузургтарин маъракаҳо маҳсуб меёбад, ширкат варзидам. Баъдан, ҳамчун иштирокчии озмуни зебоии умумироссиягии «Маликаи Москва - 2023» ва «Super Model International-2023», иштирок карда, ғолиби Шоҳҷоизаи ин озмунҳо шудам.

Ҳамин тавр, ба озмуни «Super Model International-2023» Марям Шараповаро раиси ширкати «World Beauty» Олга Абсалямова даъват намуд, ки дар рафти он либосҳои тарроҳи машҳури тоҷик Умед Кучкалиев ва кошонаи либосҳои арӯсии «Шоира люкс»-ро муаррифӣ намояд. Маҳз дар ин озмун тамошогарону сайёҳони зиёде мафтуни либоси чакани Марям шуда, омода буданд, ки он либосро бо нархи гарон бихаранд.

Бунафша РАҲМОНОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон