Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз ташаккули маърифати шаҳрвандӣ то намоди шаҳр
ЧеҳраҳоМусоҳибаи хабарнигори махсуси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Ҷамолиддин САЙФИДДИН бо раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ
-Нахуст мегуфтед, ки сокинони шаҳри Левакант ҷашнҳои фархундаи кишварро бо чӣ дастоварду натиҷаҳои истеҳсолӣ истиқбол хоҳанд гирифт?
- Сокинони шаҳри Левакант дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҷабҳаҳои корзор ва хоҷагии халқ ба дастовардҳои чашмрас ноил гашта истодаанд. Иҷрои пеш аз муҳлати дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, дар сатҳи баланди фарҳангӣ ташкилу баргузор намудани маросими сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва раванди босуръати корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин рўйдодҳои хотирмони мавсими тирамоҳи соли равон арзёбӣ мегарданд.
Мусаллам аст, ки дар доираи татбиқи ҳадафи муҳими стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба рушди саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ нигаронда шудааст, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва иҷрои нақшаи ҷамъоварии ашёи хоми пахта аз муҳимтарин масъалаҳои рўзмарра маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ кишоварзони Левакант дар майдони 1030 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда, то ба 15-уми октябри соли равон иҷрои дурнаморо 110, 01 фоиз иҷро кардаанд. Ҳамакнун, дар ин шабу рўз ҷамъоварии ҳосили дар саҳро боқимонда бо маром идома дорад. Дар умум, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 246,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар шаҳри Левакант 38 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дорад, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 110,3 фоиз ё ба 393,3 миллион сомонӣ расондаанд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Давоми солҳои охир шаҳри Левакант бо иҷрои нақшаҳои пешбинигардида қариб дар ҳама самтҳои фаъолият, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсолот, рушду ободонии маҳал ва натиҷаҳаи судманди самти фарҳангу маънавиёт дар сархати хабарҳои ВАО қарор дорад. Мегуфтед, ки асоси ин ҳама муваффақиятҳо аз куҷо маншаъ мегирад?
- Натиҷаҳои назаррас, қабл аз ҳама, аз фаъолияти содиқонаи тамоми қишрҳои ҷомеа дар иҷрои вазифаву масъулиятҳои ба зимма доштаашон, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамдигарфаҳмиву риояи тартибу интизоми меҳнатӣ ва, албатта, аз донишу фарҳанги корманди қаторӣ то масъулони ҳама зинаҳои роҳбарӣ вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, интихоби кадрҳои арзанда дар вазифаҳои роҳбарӣ, маҳорати баланд бардоштани руҳияи коргарӣ, ҳавасмандгардонии фаъолони ҷомеа ва таҳрики мардум ба ташаббусҳои ватандўстона аз тадбирҳои муҳимеанд, ки боист ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият ва масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад. Дар пешбурди фаъолияти роҳбарӣ таҷрибаи сиёсатмадорӣ, фарҳанги муошират ва, хусусан, тарбияи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат роҳнамои ҳар яки мо дар ифои вазифаҳои ба зимма доштаамон мебошад, ки хизмати шоиста ба халқу Меҳанро мароми худ дар зиндагӣ донистаем.
- Ҳузури бонувонро дар корҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Занону духтарони шаҳри Левакант, ки қариб 50,5 дарсади аҳолии шаҳрро ташкил медиҳанд, дар ҳама арсаҳои корзор фаъолияти назаррас дошта, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф 8 нафар, тандурустӣ 24 нафар, фарҳанг 28 нафар, кишоварзӣ 16 нафар аз ҳисоби бонувонанд. Дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад, теъдоди занону духтарони лаёқатманд ба 19 нафар мерасад ва аз ҳисоби бонувон як тан ҳамчун раиси ҷамоат, 2 нафар муовин ва 2 котиби ҷамоат фаъолият дошта, инчунин, 5 нафар бону дар захираҳои кадрҳои роҳбарикунанда қарор дорад.
Дар доираи татбиқи барномаву ҳадафҳо дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд айни замон аз миёни хонандаҳои гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар мебошад. Ҳамчунин, сол аз сол шумораи донишҷўдухтароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат таҳсил доранд, афзуда истодааст.
Аз замони таъин шуданам ба вазифаи раиси шаҳри Левакант шуруъ аз МИМҲД то сатҳи маҳал эҳтиёҷ ба кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон ба назар мерасид. Ин буд, ки давоми ду соли охир дар вазифаҳои мудирони шуъбаҳои умумӣ, маънавиёт ва бахшҳои бойгониву иқтисодиёт аз ҳисоби бонувони кордон таъин гардидаанд. Танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Сарбанд аз 29 раиси маҳалла 20 нафар бонувон мебошанд. Пўшида нест, ки бо ҳама нишондодҳои назаррас дар самти ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, мебояд, ҷиҳати тарбия ва омодасозии бонувон дар соҳаҳои саноат, молия, муҳандисиву сохтмон ва дигар самтҳое, ки дар оянда фишангҳои иқтисодиро ба даст гиранд, тадбирҳои ҷиддӣ андешид…
– Фаъолияти дастгоҳи идеологии МИМҲД шаҳри Левакантро дар самти тарғиби сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва мафкурасозии ҷомеа аз кадом зовия натиҷагирӣ хоҳед кард?
- Фаъолнокии қишри фаъоли ҷомеа, аз ҷумла зиёиёну дигар неруҳои коргарӣ дар маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ далели фарҳанги волову сатҳи худогоҳиву рў ба мутолаа овардани мардум аст. Дар баробари дастрасӣ ба нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сол аз сол ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати нашрияи шаҳрӣ аз лиҳози муҳтавои мавзуъҳои фарогири масоили мубрами ҷомеа беҳтару хубтар шуда истодааст. Ҳамзамон, ба шарофати роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки сол аз сол бо шукўҳу ҷалоли бештар доир шуда истодаанд, омили руҷуи бесобиқаи сокинон ба китобхонаҳои оммавӣ гардид. Пайки хушоянд аз рафти озмунҳои соли ҷорӣ ин аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ду нафар сокини шаҳри Левакант, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №2-юм Воҳидҷон Каримов ва корманди бахши фарҳанги ноҳия Ҷаҳонгир Ашўров сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ҳамчунин, дар моҳи гузашта, варзишгари мо Назарзода Анўшервон дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши самбо ҷойи 2-юмро соҳиб гардид.
Дар самти вохўриҳои фаҳмондадиҳӣ бошад, фаъолияти гурўҳҳои кории мақомоти иҷроия бо дигар сохторҳои марбута, ки бо усули «Хона ба хона» аз ҳолу аҳволи мардум шинос шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои рўзмарраи онҳо мусоидат менамоянд, қобили таҳсин аст, зеро маҳз дар ҳамин дидору суҳбатҳои рў ба рў дар баробари мушкилиҳои ҳалталаб, ҳамзамон, масоили фаъолгардонии нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи муҳити зист, тозагии маҳалу ташаббусҳои ободонӣ, ҳамкориҳо ва табодули андеша ҷиҳати пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб миёни насли наврас ва дигар мавзуъҳои мубрам баррасӣ мегарданд, ки самараи он дар пешрафти рўзгору раванди корҳои ободонӣ ва дастовардҳои истеҳсоливу эҷодии сокинони шарафманди шаҳри Левакант бармало мушоҳида мегарданд.
- То Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як соли дигар боқӣ мондааст. Мегуфтед, ки иҷрои ташаббусҳои ободонию бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳр дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар асоси нақша - чорабиниҳои омодагӣ ба ин Ҷашни фархундаи дар ҳудуди шаҳри Левакант бунёду азнавсозии 71 иншооти гуногуни хизматрасонӣ пешбинӣ гардида буд. Боиси хушбинист, ки бо иқдомҳои ватандўстонаи соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони маҳаллӣ то имрўз тибқи нақшаи иловагӣ, ҳамакнун, бунёди 22 иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки аз ин 6 лоиҳаи он биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ба санаи 1-уми апрели соли 2025 аз шумори умумии 93 иншооти ҷашнӣ 55 адади он пурра сохта ба истифода дода шудааст, ки 77 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар доираи нақшаҳои пешбинигардидаи ободонӣ 7 лоиҳа дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, 2 лоиҳа ба рушди соҳаи кишоварзӣ нигаронда шуда, инчунин, бунёди 4 иншооти соҳаи маориф, 1 иншооти ҷашнӣ ба соҳаҳои тандурустӣ, варзиш, хоҷагии об, 6 қитъа чароғонкунӣ ва таъмиру азнавсозии 17 қитъаи роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи ташаббусҳои ободонӣ дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ қасри фарҳанг ва толори мактаби варзишии шаҳр, ки солиёни зиёд таъмирро надида буданд, азнавсозӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки зимни ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Левакант дар радифи ифтитоҳи якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин, баъди таъмиру азнавсозӣ 3 километр роҳҳои маҳаллии якчанд кўчаҳои маркази маъмурии шаҳри Левакант мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо мақсади таъмини тозагии шаҳр ва дастгирии кормандони соҳаи боғбунёду идораи коммуналӣ аз ҷониби Сарвари давлат 6 адад техникаи замонавӣ, аз қабили мошинҳои муосири обпошиву роҳрўбӣ ва техникаҳои боркашонӣ туҳфа шуд. Ҷавобан ба ин дастгириҳо имрўз, дар баробари кормандони соҳаҳои коммуналиву боғбунёд, ҳамчунин, сокинони шаҳр ҷиҳати таъмини тозагиву кабудизоркунии кўчаву хиёбонҳо иқдом гирифта истодаанд. Бинобар ин, бо умеду эътимод ба неруи созандаи ташаббускорони ободгари ин диёри манбаи обҳои мусаффо, метавон гуфт, ки нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар муҳлати муайяншуда иҷро гардида, сокинони саодатманди шаҳри Левакант Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузург истиқбол хоҳанд гирифт.
- Шаҳри Левакант сол аз сол симои зеботар пайдо карда истодааст. Ба андешаи Шумо оё замони интихоби намод (символ)-и замонавии шаҳр фаро расидааст?
- Албатта, дар мавриди таҳияи намоди шаҳр баъзе тасмимҳо гирифта истодаем, ки бо ин мақсад ҳамкориҳо бо мутахассисони ҶСК «Шаҳрофар» оғоз гардидааст ва умед дорем, ки дар ояндаи наздик намоди ифодагари нуфузи шаҳри Левакант дар даромадгоҳи шаҳр насб хоҳад шуд. Алъон дар мавриди ҷузъиёти лоиҳаи мазкур ҳаминро гуфтаниам, ки дар он муҳимтарин сарватҳои арзишманде, ба мисоли сарбанди обҳои мусаффо, саноат, сарсабзиву нурҳои хуршедӣ, ки мояи рушду инкишофи шаҳри мост, таҷассум хоҳанд ёфт…
Мубодила:
Шарҳҳо











