Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Духтари Ватан
ЧеҳраҳоТоҷикистон. Андар сартосари ин сарзамини муқаддас, ки қадамҷойи бузургони илму ирфон, офарандагони адабиёти оламгиру поягузорони нахустин давлатҳои тамаддунофар ба ҳисоб меравад, дар ҳама давру замон шахсиятҳои муътабаре бо корномаи мондагори хеш на танҳо зодбум, балки миллату ҳам кишвари худро дар ақсои олам шоиста муаррифӣ бинмудаанд. Дар аҳди истиқлол, ки даврони саодати занмодари тоҷик арзёбӣ гардида, ҷиҳати фаъолгардонии нақши бонувон дар ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам овард, даҳҳо бонувони хушсалиқа бо гомҳои устувор ба арсаи сиёсат ворид шудаанд, ки ҳаёту фаъолияти ибратомўзи онҳо мактаби муҳими тарбия барои ҷавондухтарон ва наслҳои ояндаи миллат хоҳад буд.
Раъно Раҳимзода, як тан аз дастпарварони Мактаби давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки овони бознишастагӣ ҳам дар масири тарбияи насли ҷавон, тарғиби сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеа ба бунёдгароӣ саъю талош меварзад. Ба симати муовини аввали раиси Шурои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, ба маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣсиёсӣ нуру зиё мебахшад. Донишу маърифати воло, салиқаи баланди суханварӣ ва нуфузу обрўмандии парвардаи замони истиқлол аз фаъолияти пурсамараш дар арсаҳои ҷамъиятӣ об мехўрад, ки бо дасту қалби пок ба халқ ва Меҳани худ хидмати шоиста бинмудааст.
- Модарам омўзгору қиблагоҳӣ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тошканд солиён роҳбарии бригадаи таъмиргарони пойгоҳи нақлиётии ноҳияро ба зимма дошт. Волидон ба соҳибмаълумот кардани ману чаҳор тан бародаронам таваҷҷуҳи ниҳоят ҷиддӣ доштанд, - иброз дошт дар оғоз Раъно Раҳимзода. - Ҷиддияту сахтгирии падар дар кори тарбия ва назорати доимии модар дар донишандўзии ману бародаронам буд, ки мактабро бо медали тилло ба итмом расонда, соли 1982 донишҷўйи Донишкадаи педагогии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ шудам. Аслан, аз овони кўдакӣ ба касбу кори табибон меҳри беназир андўхта, ояндаи худро дар хилъати сафед тасаввур мекардам. Аз қазо, ҳини дар синфи 4-ум хондан, лаҳзаи тақдими ифтихорнома дар як ҷамъомади мактабӣ, директори вақти МТМУ №10 Ҳаким Қосимов маро ба минбар даъват бинмуда, эълон кард, ки Раъноҷон дар оянда аз беҳтарин омўзгорон ва ҳам роҳбари мактаби мо хоҳад шуд. Аз сўйи дигар, падари шодравонам гўӣ ҳама орзуҳояшро дар духтари ягонаи хонадонаш бароварданӣ буд, ки маро ба исми Духтари Ватан нидо мекард. Ин суханони ангезабахши устод ва падари бузургворам, гардиши бузурге дар ҳаёти минбаъдаам оварданд, ки ҳанўз аз овони мактабхонӣ роҳбарии Шурои духтаронро ба зимма доштам. Айёми донишҷўӣ ва пас аз он, фаъолиятҳои касбӣ низ бо завқу мароми пешоҳангӣ дар чорабиниҳои гуногун донишу маҳорати худро такмил дода, гузашти солҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ гаштаам.
Ҳамин сон, дуову ормонҳои бузургони зодгоҳ зеҳну замири ўро ба кори таълиму тарбия рўшанӣ бахшиданд, ки бо амри қисмат пайроҳаи омўзгориро пазируфта, имрўз дар қатори дигар собиқадорони хизмати давлатӣ миёни ҳамдиёрон соҳиби иззату эҳтиром аст. Ба пиндори «Баҳои беғаразро мардум медиҳад», баъди бознишастагӣ ҳамчун муовини аввали раиси Шурои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагиву ояндасозӣ саҳми пешоҳангӣ мегузорад.
Ба гоҳи суҳбат атрофи ҳаёту фаъолияти Раъно Раҳимзода, сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Фархор, аз заҳматҳои ватандўстонаи ў дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳаи хизмати давлатӣ ёдрас мешаванд, ки тули солҳои омўзгорӣ ва баъдан директори МТМУ №10 баҳри баланд бардоштани сифати таълим роҳнамоии духтарон ба идомаи таҳсилоти олӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ бинмудааст. Гузори обутоб дар зинаҳои роҳбарӣ, хоса, ба ҳайси муовини раис ва баъдан, раиси ноҳияи Фархор, ҷиҳати фаъолгардонии нақши бонувон дар ҷомеа ва роҳнамоии ҷавонони лаёқатманд ба соҳаи хизмати давлатӣ корҳои мондагор анҷом додааст, ки ҳузури кадрҳои хушсалиқа дар арсаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ далели гуфтаҳои болост.
- Тамоми дастоварду пешрафтҳои бонувон дар корҳои ҷамъиятиву зинаҳои роҳбарӣ аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин замина ба тасвибрасида сарчашма мегиранд, ки имкониятҳои бузургро барои иштироки занону духтарони лаёқатманд дар пешбурди давлатдорӣ фароҳам овард, - изҳор медорад Раъно Раҳимзода. – Бовариву эътимоди Президенти маҳбуби кишварамон ба неруи созандаи бонувон ба якояки мо эҳсоси худшиносиву тавонмандиҳои ҳангуфт бахшид, ки минбаъд бо азму талошҳои хастанопазир дар иҷрои масъулиятҳои касбиву роҳбарӣ муваффақ гардидем. Сухани Сарвар машъали роҳнамои мо, кадрҳои ҷавон, буд ва замоне фаъолиятро ба симати муовини раиси ноҳия аз ҳуҷраи холӣ оғоз бинмудам. Лавозимоти корӣ он сў истад, ҳатто як ҷузвдони одиву чанд дона варақи тоза надоштем, ки нақшаву барномаҳои дарпешистодаро тарҳрезӣ намоем. Ҳолиё, аз баракати ғамхориҳои Пешвои миллат рўзгори пурнишоте дорем, ки ин ҳама иқболу саодати зиндагӣ орзуву омоли ниёгони фарҳангпарварамон буданд.
- Ба инояти сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат ва дастгириву роҳнамоии собиқадорони хизмати давлатӣ мурури солҳои роҳбарӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштаам, ки намунаи барҷастаи онҳо дарёфту тарбияи кадрҳои соҳаи маориф ва ҷалби ҷавондухтарон ба хондан тариқи Квотаи президентӣ ва кор дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз 1 ба 10 адад расондани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва ҳалли мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, ба лигаи олӣ баромадани дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва таъсиси дастаи футболбоздухтарони «Ситора» мебошад, - бо шукргузорӣ бигуфт Раънобону.
Ба пиндори бонувони фарзонае, ба мисоли Раъно Раҳимзода, ки созандагиву ободии Меҳанро мароми худ дар зиндагӣ донистаанд, заҳмати шоиста ба онҳо нон доду ҳам ном ва обрўву мартаба. Бо ташаббусҳои ояндасози хеш дар замони раиси ноҳияи Фархор будан маҷаллаи «Бонувони Фархор» ва солҳои дар вазифаи сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон кор кардан маҷаллаи «Меҳровар»-ро асос гузоштааст ва бо ин амали фарҳангпарварона исми муътабари Раъно Раҳимзода дар саҳфаҳои таърихи матбуоти тоҷик ҷовидон сабт хоҳад гардид. Биноан, корномаи мондагори парвардаи даврони истиқлол мактаби муҳими тарбия барои наслҳои ояндаи ин гўшаи диёри рў ба ободон хоҳад буд, то дар пайравӣ ба шахсияти маъруфи зодбуми хеш хизмат ба халқу Ватанро рисолати ҳаётии худ дониста бошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Фархор
Мубодила:
Шарҳҳо











