Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Як барги гули сарзамин
Чеҳраҳо / СлайдерАшт яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дар нишебиҳои қаторкўҳи Қурама ва қисми шимолии водии Фарғона ҷойгир аст. Ноҳия 2790 километри мураббаъ масоҳат дошта, шумораи аҳолиаш 113 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия аз шаҳраки Шайдон ва ҳашт ҷамоати деҳот иборат аст.
Қуллаи Бобои Об нуқтаи баландтарини ноҳия ва қаторкўҳи Қурама буда, аз сатҳи баҳр 3768 метр баланд мебошад. Имрўз ноҳияи Ашт рў ба тараққӣ ниҳода, туфайли ободкориву созандагӣ бо маром симои худро пурҷило месозад.
Хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар самти пешрафту тараққиёти он бо муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.
- Ашт ноҳияест, ки таърихи куҳан, замини пурганҷ ва табиати бою рангине дорад.
- Оре, ноҳияи Ашт дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, 29-уми сентябри соли 1926 таъсис ёфтааст. Аз канданиҳои гуногуни фоиданок бой аст. Намаки Ашт дар кишвар маъруф буда, санги мармараш биною иншоотҳои гуногунро зебу зинат мебахшад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти муҳими фарҳангӣ бунёд гардида, дар рушди кишвар мусоидат менамоянд.
- Соҳаи фарҳангро сутуни худшиносии миллӣ ва бақои миллат мегўянд. Мегуфтед, ки барои густариши маънавиёти мардум дар ноҳия чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
- Соҳаи фарҳанг таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида мебошад. Дар ташкили фароғати мардум ва баланд бардоштани маънавиёти онҳо 58 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 18 клуб, китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагона, 27 китобхона дар бахшҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, мактаби рассомӣ, мактаби санъати бачагона, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи М. Воҳидов, Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Воҳидов хидмати шоиста доранд. Инчунин, дар ноҳия ансамблҳои рақсии «Малика», «Саодат» ва эстрадии «Садои Шайдон» фаъолият мебаранд.
Баҳри густариши маънавиёти мардум дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 дар миқёси ноҳия 2165 чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ-мусиқӣ, суҳбату вохўриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, барномаҳои консертӣ бо иштироки 162 ҳазору 463 нафар тамошобин гузаронда шуданд.
-Дар кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Дар ноҳия дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардиданд?
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин, эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва татбиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳоисаноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда, мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар соҳаи саноат ба маблағи 124,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 65 миллион сомонӣ кам буда, афзоиши истеҳсолот 65,8 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра аз 26 корхонаю коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият 24 адад фаъолият намуд ва 21 корхонаву коргоҳ нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд кард. Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар соҳаи саноат 5983,5 тонна коркарди намаки ошӣ, 861,1 тонна нахи пахта, 1360 тонна чигит, 47,5 тонна равғани рустанӣ, 345 тонна кунҷора, 96,8 тонна пахтаи кўрпабоб, 611,7 тонна маҳсулоти нонӣ, 81,9 ҳазор дона хишти сементӣ, 866,7 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ, 2399,9 метри мураббаъ тахтасанг, 19,3 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1202,3 тонна гўшт ва маҳсулоти дигар, 705 ҳазор ҷуфт маҳсулоти ҷўробу пайпоқ, 226 тонна ресмони пахтагин ва 70401 дона либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 коркарди намаки ошӣ 440,2 тонна, истеҳсоли нону маҳсулоти нонӣ 28,8 тонна, регу сангмайда 3328 метри мураббаъ, гўшт ва каллапоча 16,6 тонна, тахтасанг 1041,9 метри мураббаъ, ресмони пахтагин 226 тонна, мебел - 175,5 ҳазор сомонӣ, меваи хушк 214,4 тонна ва лўлаҳои пластикӣ 3900 метр зиёд шудааст.
Дар ҳашт моҳи соли 2025 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 4 коргоҳи саноатӣ таъсис дода шудааст, ки ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Далерони Ашт» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 1000 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ бо таъсиси 4 ҷойи корӣ, «Саноати Ашт» бо иқтидори истеҳсолии 1000 дона дар як шабонарўз намуди қуттиҳои пластикӣ бо таъсиси 6 ҷойи корӣ, «Суруш ва Самир» бо иқтидори истеҳсоли 2000м3 регу шағал дар як сол бо таъсиси 4 ҷойи корӣ, «Ашт–пласт», коргоҳи истеҳсолии лўлаҳои пластикӣ бо иқтидори аз 800 то 1200 килограмм дар як баст бо таъсиси 6 ҷойи корӣ мебошанд.
Бо назардошти захираи воситаҳои истеҳсолии табиӣ (канданиҳои фоиданок, пахта, меваҳои гуногун, қувваи корӣ) дар ноҳия бунёд намудани корхонаҳои коркарди ашёи табиии маҳаллӣ (санги хоро) ва пахтаву мевагиҳо ба мақсад мувофиқ аст.
- Маорифро пояи давлат меноманд. Дар ин самт чӣ тағйирот ба амал омада, чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ, ба вижа мактабҳои типи нав ва хусусӣ фаъолият доранд?
- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дар якҷоягӣ рўй ба ҷониби мактабу маориф биёрем». Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат хариди таҷҳизот ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таҳсили хонандагон имрўзҳо хуб ба роҳмонда шудаанд. Алҳол дар ноҳия 75 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, аз ҷумла 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, 4 Гимназия ва 1 мактаби хусусӣ. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 3342 нафар омўзгор фаъолият намуда, баҳри таълиму тарбияи насли наврас корҳои зиёде ба сомон мерасонанд.
Бо раҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони бинои шуъбаи маориф, синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 11, 29, 30, 34, 53, 55, 69 ва бинои нави муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Дўстии Ҷамоати деҳоти Пунук идома дорад.
Дар арафаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Хўҷамбердиев МТМУ № 69, ки иборат аз 4 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ, китобхона ва ҳуҷраи кории муовини директор оид ба таълим аст, сохта ба истифода дода шуд. Муассиса бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Долона бинои иловагии МТМУ №27 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ ва хонаи омўзгорон бо дастгирии соҳибкор Абдулҳамид Ҷўраев бо маблағи 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Ўрмонтол бинои иловагии МТМУ №34 иборат аз 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ, 1 хонаи омўзгорон барои 250 нафар ҷойи нишаст бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳли деҳа сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Инчунин, толори варзишии сохтмонаш нотамоми МТМУ №6 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Қаҳҳоров ба пуррагӣ азнавсозӣ шуд.
- Ҳифзи тандурустии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин самт чӣ пешравиҳои назаррасро моликед?
- Баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани сифати хидматрасонӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим корҳои зиёде ба сомон расонда мешаванд. Имрўз мардум аз усулҳои нави хидматрасонӣ баҳраманд аст. Дар беморхонаҳо барои сиҳатёбии маризон тамоми шароит муҳайёст. Шоёни зикр аст, ки 15- уми сентябри соли 2013 дар шаҳраки Шайдон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол табибон фаъолиятро дар бинои муҳташам бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва ҳолати меъёрии амалкунандаи санитарию эпидемиологӣ идома медиҳанд. Дар мавзеи беморхонаи марказии ноҳия шуъбаҳои таваллуд, эҳё, амрози кўдакон, калонсолон, дил, ҷарроҳии №1, осебшиносӣ ва раддодӣ, ташхисиву табобатӣ ва қабули беморон фаъолият менамоянд.
Дар доираи ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» дар ҳудуди шуъбаи ҷарроҳии №2-и беморхонаи марказӣ барои бо оби нўшокии доимӣ таъмин намудани шуъба чоҳи амудӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо ҷалби соҳибкорони саховатманд беморхонаи №5-и Ҷамоати деҳоти Понғоз, деҳаи Бободархон аз тарафи шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ таъмир ва навсозӣ шуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 бинои шуъбаи сироятии беморхонаи ноҳиявии №2, Ҷамоати деҳоти Ориён аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардид. Барои беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, сатҳи ташхиси беморон, инчунин, дур будани роҳ ба маркази вилоят ҳамкории судманд бо клиникаи «Баҳри Шифо» ба роҳ монда шуда, филиали клиникаи мазкур мавриди истифода қарор гирифт. Клиника барои гузарондани ташхиси беморон тариқи таҷҳизоти тибби муосири «Компютери томографӣ», таҷҳизоти ангеография бо се кати хоб муҷаҳҳаз буда, барои гузарондани ҷарроҳии дил таҷҳизоти стендгузорӣ ба варидҳои дил насб гашт. Аллакай чанд бемор бо ташхиси сактаи шадиди дил бистарӣ шуда, аз амалиёти стендгузорӣ баҳраманд гардиданд.
- Омодагии ноҳияи Ашт ба Ҷашни бузурги миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна ҷараён дорад?
- Баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ корҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд. Роҳҳо, корхонаҳои гуногуни фарҳангиву саноатӣ, биноҳои соҳаҳои маорифу тандурустии бунёдёфта бозгўи чунин гуфтаҳоянд. Мутобиқи нақшаи чорабинӣ давоми солҳои 2022– 2026 дар ноҳияи Ашт 744 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешавад. Ҳоло 994 иншоот бо арзиши 204778,6 миллион сомонӣ, бо ташкили 306 ҷойи кории нав ба истифода дода шуд, ки мутаносибан ба нақшаи умумии солҳои 2022–2026-ум 133,6 дарсадро ташкил медиҳад. Имрўзҳо бунёдгариҳо бо ҷўшу хурўш идома доранд ва то Ҷашни бузурги миллӣ ба ҳамаи ҳадафҳои созандаи худ хоҳем расид.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
ноҳияи Ашт
Мубодила:
Шарҳҳо











