Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шуҳрати бахтро аз меҳнат дарёфт
ЧеҳраҳоСаманди хаёл аз байни анбуҳи зиёди одамон суроби духтарчаи маҳину боназокат, зираку доно ва ҳам чусту чолокро меҷуст, ки бо лутфу меҳрубонӣ, ҳозирҷавобиву мушкилнописандӣ дар ҷомеа ангуштнамо бошад, аммо андеша на симои ҷавону дилбар, боназокату ҳозирҷавоб, балки чеҳраи нуронии як бонуи отифа, табиби ҳозиқу дилошноро дарёб менамояд, ки ба дарди ҳазорон бонувон шифо бахшида, садои нахустини тифлони зиёдеро бишнидааст.
Табиби ҳозиқ, бонуи соҳибдил, пизишки номвар Марҳамат Сайдуллоева аз ҷавонӣ туфайли заҳмат симои худро пайдо карда, чун табиби чашмикордон маъруфият касб кардааст. Ўро мардум бо номи Марҳамат Ҷумъаевна мешиносанд. Агар ба рўзгори ў назар афканем, хоҳем дид, ки басо пурпечутоб аст.
Рақам сухан мегўяд
Марҳамат Сайдуллоева 21-уми январи соли 1946 ба дунё омада, Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷандро соли 1964 бо дипломи аъло хатм намудааст. Қалби саршори ў туғёни орзуҳои худсозӣ, ҳушу ҳавсалаи кордониву корсозиҳои ояндадораш аз неруву тавонмандиҳои ҷавони пурдиле дарак медод, ки бо сабру таҳаммул ва саъю талошҳо ба мартабаи баланд бирасад. Барои амалӣ намудани орзуҳои хеш муҳассили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шуду аз устодони забардаст Саъдинисо Ҳакимова, Маҳкам Тоҳирова, Бахтиёр Аҳмадов сабақ гирифт.
Табиби дардошно
Пас аз хатми Донишгоҳ бо роҳхат ба таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд омад. Солҳои аввали фаъолият ҳамчун табиби ҷавон ба кадом ноҳияе фиристонанд, фаврӣ ба сафар мебаромад. Водии Зарафшонро сартосар гашт, бештар дар ноҳияи Айнӣ ба занон ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонд. Ҷасорат дошт, аз душвориҳо намеҳаросид. То аз дасташ меомад, баҳри нигаҳдории саломатии мардум талош варзид. Ў нозукиҳои касбро аз устодони намоёнаш Лидия Масаидова, Дилбар Раҳимова ва Анна Елисеева омўхт.
Имрўз низ аз деҳоти гуногуни ин водӣ занон ба суроғаш меоянду баҳри табобати фарзандони худ маслиҳат мепурсанд. Ҳамсари ҳаёт, ҳамсабақаш Насрулло Сайдуллоев (равонаш шод бод) баҳри пешрафти кори ҳамсари азизаш мададгор буд. Ҳолатҳое мешуданд, ки фарзандонро ба хушдоман монда, барои кумак ба бемор ҳамроҳи ҳамсари худ ба таваллудхонаи шаҳрӣ меомад, борҳо ҳамсари бонуи пизишк ба беморон хун додааст, то ҳаёти онҳоро аз марг наҷот диҳад…
Марҳаматро мудири шуъбаи физиологии таваллудхонаи мазкур таъин намуданд. Баъдтар ба ў вазифаи сармутахассиси калони момодоягон ва амрози занонаи шуъбаи ҳифзи тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супурданд. Ин боварӣ ба ў болу пар бахшиду баҳри ҳифзи саломатии модару кўдак корҳои зиёдеро ба сомон расонд.
Дере нагузашта ўро сардухтури таваллудхонаи навбунёди шаҳри Хуҷанд таъин карданд. Ба Марҳамат лозим омад, ки барои анҷоми сохтмон ва ҳам бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз намудани он ҷидду ҷаҳд намояд. Мекўшид, то аз донишҳои замони муосир бохабар гардад. Аз ин рў, барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Киев, Москва, Тошканд сафар намуд, дониши назариявию амалии худро сайқал бахшид, усулҳои нави ҷарроҳию табобатро омўхта, онҳоро дар амал татбиқ кард. Соли 1995 баҳри таҷрибаомўзӣ ба шаҳри Линколни ИМА сафари илмӣ намуд.
Ин табиби фарҳангиву зебописанд, дўстдори шеър дар таҷлили 675-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзида, аз пешрафти бонувони тоҷик дар кулли соҳаҳои иҷтимою фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухан ронд.
14 соли сарварӣ
Марҳаматбону14 сол роҳбарии таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро ба зимма дошт. Навъҳои табобати гинекологӣ ва намудҳои ҷарроҳии дохили шикаму пластикиро устод аст. Натиҷаи ҳамин корҳои самаранокаш буд, ки хадамоти тиббии таваллудхона аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии ЮНИСЕФ эътироф гашта, ба сертификати ин созмони бузург соҳиб гардид.
Марҳамат Сайдуллоева дар робита ба боло бурдани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла рушди тибби хусусӣ, аз нафарони аввалинест, ки барои ташкили Маркази ташхис ва табобат дар ҳудуди вилоят иқдом намуда, дар он табобати бемориҳои мухталифро бо навтарин усулҳо ба роҳ монд.
Соли 2012 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ–2012» чун беҳтарин соҳибкорзан эътироф шуда, дар соҳаи хидматрасонии тиббӣ ва маърифатӣ ҷойи аввалро сазовор гардид. Бо роҳхат барои таҷрибаомўзӣ ва иштирок дар семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Бонувони соҳибкор ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» ба давлати Исроил фиристода шуд.
Имрўз шогирдонаш Моҳира Рабиҷонова, Индира Исломовна, Манзура Темировна, Умия Арабовна, Шараф Нарзиевна номбардори устоди хешанд.
Вакили мардумӣ
Мавсуф ду навбат (2000–2005, 2005–2010) вакили халқ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд буда, раисии комиссия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занонро ба уҳда дошт. Ў соҳаи тандурустӣ, хосса муаммоҳои мавҷудаи миёни бонувонро омўхта, барои пешгирии маризиҳои паҳнгардида, махсусан камхунӣ, пешниҳодҳои ҷолибе манзур намуд, ки онҳо барои қабули барномаҳои дахлдори соҳа ва ҷустуҷўи роҳу усулҳои пешгирии бемориҳои музмин асос гардиданд. Маҳсули ҳамин омўзиш - таҷрибаи худро дар китоби «Танзими оила – рушди ҷомеа» инъикос кард, ки он барои табибон дастури хубест.
Марҳамат Ҷумъаевна 55 сол аст, ки дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи солимии модару кўдак фаъолияти пурсамар дорад, заҳматҳои ин табиби исавиҳуш бо медали Хизмати шоиста, нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали соҳавии «Авитсена», медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ифтихорномаю сипосномаҳои соҳавӣ, МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадр шудаанд.
Оилаи солиму солеҳ
– Сари баланди ҳар бонуи Тоҷикистон аз пуштибониву дастгирӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми занро боло бардоштанд, – изҳор медорад Марҳамат Сайдуллоева.
Ў дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Бо ҳамсари ҳаётиаш Насрулло Сайдуллоев дар боғи муҳаббаташон ду меваи ширини умр, гулдухтарони нозанинро ба воя расонданд, ки касби зодмандонро давом медиҳанд. Муқаддасхон мудири шуъбаи озмоишгоҳи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд аст, Муяссархон ҳамчун духтури амрози занона ва фаросадо дар клиникаи «Табибони шафқат» фаъолият мебарад.
Марҳамат Ҷумъаевна соҳиби 5 набера буда, Шерозхону Шаҳнозахон касби авлодиро интихоб намуда, аз таҷрибаҳои бою ғании модаркалон баҳра мебардоранд.
Месазад бигўем, ки Марҳамат Ҷумъаевна ба гуфти шоири ширинкалом Саидҷон Ҳакимзода: «Ў шуҳрату бахтро зи меҳнат дарёфт».
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо











