БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

8 нуқтаи муҳими зиндагии як бону

Чеҳраҳо

Қаҳрамони навбатии мо Гавҳар Одинаева ғолиби озмуни «Беҳтарин хидматчии давлатӣ аз ҳисоби бонувон» дар соли 2024 аст. Шарти аслии роҳ ёфтан ба озмун, ин доштани собиқаи даҳсолаи фаъолият дар соҳаи хидмати давлатист. Табиист, ки рақобату тобоварӣ дар чунин сабқате бо нафарони аллакай соҳибмавқеъ, таҷрибадорону соҳибномони соҳа кори саҳлу содае нест…

 

Соли 1998 Гавҳар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд ва мадрак дар даст роҳ ҷониби идораи Радиои Тоҷикистон пеш гирифт. Бо дониши мукаммалу садои форам зуд ба қалби ҳамкорону сомеон роҳ ёфт. Дар Идораи мусиқӣ таҳти роҳбарии сармуҳаррири кордону некназар Исматулло Саидов соле кор карду бо сабаби оиладориву дурии роҳ маҷбур шуд ба кори дигар гузарад. Иқрор аст, ки мактаби таҷрибаи қавиеро бо сарбаландӣ ва ифтихор дар ин боргоҳи муқаддас гузаштаасту ин даргоҳро самимона дўст медорад.

1.«Оиладор шудаму пайдарпай се фарзанди дўстрў ба дунё овардам. Бо каме бузургтар шуданашон корро дар боғчаи бачагона ҳамчун мураббия идома додам. Зиндагии орому осудае доштем ҳамроҳи шавҳари меҳрубон ва кўдакони ширинам, аммо сарнавишт барои ману фарзандон ҷудоӣ аз падарашонро рақам зада будааст. Соли 2009 ҷасади беҷони шавҳарамро, ки қотиле раҳм ба ҷони ҷавонаш накарда, аз зиндагӣ маҳрум кардааст, аз Россия ба Тоҷикистон оварданд. Дунёям дар як нафас барҳам хўрд, зиндагиям сиёҳу торик гашт. Фарзанди калониам синфи якро тамом мекард, кўдаки дуюмам нав мактабхон мешуд, тифлаки бағалам ҳанўз 3-сола буд…»

Баъди ин ҳодиса падару модар Гавҳарро бо кўдаконаш аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш, шаҳраки Шарора оварданд, то зиндагии сахташро бо ҳам қисмат кунанд ва дар тарбияи кўдакони хурдсолаш саҳим бошанд. Намехост бори зиндагиашро рўи шонаҳои зодмандони солдидааш зам намояд. Барои ба по  гузоштани фарзандони ноболиғаш дар мактаби шаҳраки Шарора муаллим шуд. Мактаби миёнаи рақами 14, мактабе, ки замоне худ онро бо баҳои аъло хатм карда, бо интизоми намунавӣ ва дониши аъло раиси шурои духтаронаш буд, коргоҳи дигаре дар зиндагиаш гашт.

2. «Дар вазифаи муовини директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ кор мекардам. Барои аз аттестатсия гузарондани муаллимон устодони солдидаву солор ба мактаб омаданд. Исрор меварзиданд, ки маро чун кадри ҷавону ояндадор дар шуъбаи маориф дидан мехоҳанд. Ҳамин тавр, коргоҳи дигари ман шуъбаи маорифи ноҳия гашт. Пас аз замоне раиси вақти Ҷамоати шаҳраки Шарора Атохўҷа Шамсов пешниҳоди корро дар Ҷамоат бароям ироа доштанд. «Ту духтари ҳамин шаҳракӣ, мо ба кадрҳои ҷавон ниёз дорем, чӣ мешавад, агар барои ободии шаҳрак камар барбандӣ?», - гўён фикрашонро асоснок мекарданд».

Соли 2011 барои вазифаи сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва расму маросимҳои мардумӣ се нафар вориди сабқат шуданд. Ў ягона бонуе буд байни ду мард, ки дар ишғоли воҳиди корӣ муваффақ гашт. Ба суоли «кор бо масоҷид ва имомхатибон барои Шумо чун зан мушкилӣ эҷод намекунад?». Бо эътимод ва ҷиддият гуфт: «Не!»

3. «Раиси ноҳия Маҳмадалӣ Тўхтаев (руҳаш шод бод!), маро ҳамроҳи роҳбари дастгоҳи раис ба ҳузур пазируфту андешамандона «мо дар фикр афтодем, ки як бону аз иҷрои чунин як вазифаи вазнин мебаромада бошад?», - гўён ҷонибам назар дўхт. «Аз иҷрои масъулият мебароям!», - гуфтам қотеъона. Табассум карданду «ҳеҷ гап не, озмунро, ки гузашта бошед, аз ҳамин рўз ба кор таъин мекунем», - гўён бароям муваффақият хост. Аз диди имрўз каме аз ҷасорати онвақтаам хиҷолат мекашам. Сарфи назар аз бетаҷрибагӣ ҷуръати ҷавонӣ маро ҷасур гардонда буд. Сифату хусусиятҳои ҷавонӣ аҷибанд».

Гавҳар Одинаева шаш сол дар ин вазифа сарбаландона кор кард. Баъзан барояш мушкил буд, баъзан сабуку осон, мисли ҳар як кори дигар, ки заҳмат дораду ҷое ифтихор ҳам, агар арзанда кор карда бошед! Соли 2015, бо сабаби таҳсили фарзандон дубора ба шаҳри Душанбе баргашту корро дар Радиои Тоҷикистон идома дод. Дарамалисозии барномаву лоиҳаҳои хуб саҳм мегирифт. Барномаи «Назарфиреб»-ро пешниҳоди шунаванда намуд. Таҷрибаи корашро дар самти хидмати давлатӣ ба эътибор гирифта муовини вақти раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоҳзода пешниҳод намуд бо сабаби зарурат ба бахши назоратии Кумита гузаронда шавад. То ин давра чун бонуи фаъол ба ҳайси вакили маҳаллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Шарора ҳам интихоб гардиду масъулият дубора ўро ба зодгоҳаш овард.

4. «Аз соли 2021 то соли 2025 дар вазифаи котиби Ҷамоати шаҳраки Шарора фаъолият доштам. Пас аз ғолибият дар озмуни «Беҳтарин хидматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», соли 2025 маро ба вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Шарора таъин намуданд. Мақсади аслии озмун дарёфт ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат дар вазифаҳои давлатӣ ва роҳбарӣ аз ҳисоби занони фаъол маънидод мегашт. Ташкилкунандааш Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар даври аввал, дар худи шаҳри Ҳисор ҷойи якумро гирифтам. Даври минтақавиаш дар ноҳияи Варзоб баргузор шуд, ки хушбахтона он ҷо ҳам ҷойи аввалро шарафёб шудам. Баъдан, дар ҷумҳурӣ ҳам зафарманду ҳайати ҳакамон ҷойи якумро ба ман лоиқ донистанд».

Лоиҳаи пешниҳоднамудаи Гавҳар ба унвони «Роҳнамои ҷуфтҳо» ба дастандаркорон ва ҳакамони озмун писанд омад. Ҳадафи он ташкили равзанаи ягонаи байни ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои бахши занон ва ҷавонон дар маҳал ба хотири ба ҳам овардани ҷуфтҳои мувофиқ аз ҳисоби ҷавонони оилавайроншуда бо маълумотҳои саҳеҳ маънидод мешуд. Шарти дигар забондонии хидматчии давлатӣ буд, ки Гавҳар забони русиро хуб баладу бо забони англисӣ низ ҳарф мезад. Дар суҳбат нисбат ба ҳарифон озод буд. Беҳтарин хидматчии давлатӣ аз нигоҳи қаҳрамони мо онест, ки бонуи муваффақу зани оқила, дар оиладорӣ намуна, дар тарбияи фарзанд ҷиддист. Дар маҳал байни мардум эътирофгардида будан ҳам муҳим аст.

5. «Баъди солҳои каме беҷуръативу камфаъолӣ озмун маро такони дубора дод. Ҷуръату шавқи дигар дар худ эҳсос кардам. Қадамам устувор гашт. Ба худ таъкид доштам, ки «ин хоки Ватани ман аст! Бояд бо ҷасорату садоқат хидматашро ба ҷо орам!». Корро боз ҳам ҷоннок кардам, то сазовори мартабаи «Беҳтарин хидматчии давлатӣ» бошам. Имрўз корҳои сохтмону ободонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳраки Шарора бо тамоми қувва ба роҳ монда шудааст. Аз сохтмону таҷдиди 91 иншооти мувофиқи нақша тарҳрезишуда, 76-тоаш ба интиҳо расид».

Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора 3500 хоҷагӣ ва зиёда аз 23 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аз 12 ҷамоати дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ҷойгирбуда, пас аз шаҳри Ҳисор, Шарора ягона мавзеест, ки мақоми шаҳракро дорад. Дар ҳудуди Шарора 6 корхонаи хиштбарорӣ, корхонаи саноатии «Қоғази Шарора», коргоҳе бо номи «Мурғи Шарора» амал мекунад. Соли 2025 бо дастгирии МИМҲД шаҳри Ҳисор ва шахсони саховатманд дар маҳаллаи навбунёди Ўртабуз як мактаби замонавии сеошёна мавриди истифода қарор гирифт. Маркази саломатии Шарора аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

6. «Бо ташаббуси раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва шахсони саховатманди шаҳрак 4 километр роҳи валангоре, ки Чимтеппаро бо Ҳисор мепайваст, мумфарш гардид. Бо ташаббуси сокинони шаҳрак роҳи валангори Шарора-Душанбе аз нав бо сифати баланд сохта шуд. Моҳи октябри соли 2025 роҳи мумфаршшуда мавриди истифода қарор гирифт, он рўз пиру барнои Шарора тўй доштанд. Нақша дорем моҳҳои наздик 700 метр роҳи фарсудаи маркази шаҳракро ҳам мумфарш ва аз таъмир барорем. Ин кори хайрро ҳам бо дастгирии аҳолӣ анҷом доданием. Мардум барои ободии хонаву маҳалла, маркази шаҳрак ва Ҳисори шодмон ҳавасманданд».

Дар назди мазори шаҳидони заминларзаи Шарора қарор дорем. Ҳаводиси мудҳише, ки ҷони 156 нафарро рабудааст. Атрофи мавзеъро деворҳои начандон баланд иҳота карда бошанд ҳам, бо сабаби дар нишебӣ ҷой гирифтани қабристон ҳар раҳгузаре онро дидаву аз рози ниҳонаш дар андеша меафтад…

…Он рўз нафарони ангуштшуморро аз зери хоку лой берун оварда бошанд ҳам, диққати ҳамаро муъҷизаи аз зери харобаҳо зинда берун овардани навзоде бештар ба худ мекашид. Аз хонае дар маркази офат, ки пурра зери лой мондаву ҳама ҳалок гаштанд, танҳо тифле бо исми Парвина зинда монд. Фарзия аст, ки ҳангоми сахт такон хўрдани замин падари навзод гаҳвораро бардошта берун медавад, ки хок якбора ўро пахш месозад. Тифл дар гаҳвора рўи дастони болои падар наҷот меёбаду падар зери хок мемонад. Баъдан кўдакро Шарора ном мениҳанд. Шарора дар Ҷамоати деҳоти Дурбати Ҳисор дар хонаи амакаш ба воя мерасад. Хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода аст. Муддате ҳамчун мутахассиси кор бо занон ва оила дар Ҷамоати шаҳраки Шарора кор кардааст. Шарора оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

7. «Ду кўча он сў аз ҷойи ҳодиса, дар маҳаллаи Фирдавсии шаҳраки Шарора зиндагӣ мекардем. 23-юми январи соли 1989, соати 5:12-и субҳ замин сахт такон хўрд. Чунон сахт ларзид, ки ҳатто мо, кўдакон, аз хоб бедор шудем. Дар синфи 8 мехондам. Садои баланди номафҳум, аккоси сагҳо авзои муҳитро даҳшатноктар мегардонд. Моро рўйи ҳавлӣ бароварда, дохили мошин ҷо намуда, падару модарам барои бохабар шудан аз аҳволи ҳамсояҳо ба берун баромаданд. Он лаҳза ҳанўз касе хабар надошт, ки ду кўча он тарафтар одамони зиёде зери хоку лой мондаанд. Каме баъд аз ҳодисаи даҳшатнок хабар ёфтем…»

Гавҳарбону соҳиби як писару ду духтари нозанин аст. Писараш Умедҷон ҳуқуқшинос, корманди МИМҲД шаҳри Ҳисор мебошад. Духтараш Абрина ҳам ДМТ-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, таҳсилро дар риштаи магистратура идома медиҳад. Абрина новобаста аз он ки таҳсилдидаи дабистон бо забони русист, ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик аст. Духтари хурдиаш Сайёра ҳоло донишҷўи соли сеюми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

8. «Гўям», ки дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ будам, хато мекунам. Аммо бо тамоми шебу фарозаш аз зиндагӣ розиам. Шукри фарзандони гулам, волидони некному меҳрубонам, ки ману ҷигарбандонамро дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо нагузоштанд. Падарам Ҳаким Одинаев додраси шоистаи ҷумҳурӣ, солҳо дар вазифаи муовин ва раиси суд фаъолият бурдаанд. То имўз дар зиндагӣ пуштибону дўсту маслиҳатгарам ҳастанд. Модарам зани хонашин ва донишманде буданд, равонашон шод бод! Ҳамеша талош менамуданд, ки мо, фарзандон, соҳибмаълумот бошем…

Имрўз, вақте ҳар нафаре узре пеш меораду барои дарёфти иҷозати издивоҷи барвақтии духтарон дари ҷамоатро мекўбад, бо мисолҳо аз зиндагии шахсиам мефаҳмонам, ки чи саргузаштҳое метавонанд фардо ин духтарони наврасро интизор бошанд. Хоҳишу илтиҷо менамоям, ки аввал духтаронро хононанд, соҳибмаълумот намоянд, пас ба зиндагии мустақилона равона созанд. Барои созмони зиндагии босаодат, соҳибҳунару соҳибдониш будани зан ҳатмист!».

                                                                              Гулноза БОБОМУРОДОВА,

                                                                                              шаҳри Ҳисор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон