БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Раҳнаварде дар масири худсозӣ

Чеҳраҳо / Слайдер

Модар дар андешаи чӣ гуна гузарондани маросими ёдбуди падар сари танӯр ба фикр фурӯ рафта буд, ки садои саршори эҳсосоти духтаргули хонадон ӯро ба худ овард.– Очачон, ман гирандаи идрорпулии раиси ноҳия шудам, — гӯён Назокат худро ба оғӯши модар андохт.

 

— Он лаҳзаҳои ширини наврасӣ ҳеҷ аз ёдам намераванд, ки модарҷон дар як каф нони аз танӯр кандаву бо дасти дигар маро ба оғӯш гирифта, аз ғояти хурсандӣ мегирист. Аз шамими ҳаври нони гарму бӯсаҳои ашколудаи модар ба илҳом омада, он рӯзи чорабинии тантанавӣ ва дар ҳузури садҳо нафар фаъолони ноҳия ба минбар баромаданамро мӯ ба мӯ қисса мекардам, — риштаи суҳбатро во намуд ҳамсуҳбати мо.— Дар он солҳо идрорпулиҳо на танҳо василаи завқмандии хонандагон ба илму донишандӯзӣ, балки дастгирии хоссаи хонаводаи мо буд, ки модари яккаву танҳоам тарбияи фарзанду таъмини рӯзгорро бар уҳда дошт.Зани муштипар, ки алорағми ҳама қолабҳои кӯҳнаву моҷарои идомаи таҳсилоти касбии духтарон, ягона бонуи таҳсилдида дар шаҷараи аҷдодиашон буд, кунун дубора эътимод дошт, ки рӯ ба илму касбомӯзӣ овардани духтарбачаҳо кафили хушбахтӣ ва зиндагии шоистаи хонаводаи онҳост.

Назокат бо ҳама дониши аъло ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии мактаб, имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳро надошт, зеро баъди ҳодисаҳои номатлуби шаҳрвандӣ аз як сӯ, муҳимтарин масъулияти падару модарон ҳарчи барвақттар ба шавҳар додани духтарон арзёбӣ мегардид. Аз сӯи дигар, баъди аз даст додани падар модар ягона духти оилаи бесарпаноҳашро ба тарбияи падарбузургаш вогузошта, худ дар баробари таҳсилоти олӣ дар соҳаи савдо ба фаъолият пардохта буд.

— Модарам, ки ҳанӯз аз овони ҳабдаҳсолагӣ бо роҳнамоии қиблагоҳашон ба Регистони Самарқанд рафта, аз хешовандони ӯ зиёд ҳунарҳои мардумиро аз бар намуда буд, дар баробари духтари қадраси худ метавонист чандин занону духтарони деҳаро ба ҳунарҳои даромадовар фаро гирифта бошад. Ҳамзамон, устодони мактабиам бахусус Насиба Назирова, ки дар баробари омӯзгори фанни забон ва адабиёти Мактаб-литсейи давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳамвора дар ҳамкорӣ бо бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар тарбияи маънавӣ ва бедории фикрии ҷавондухтарон нақши бузург доштанд, — ба хотир меорад Назокат.— Ҳини таҳсил дар бахши дувуми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштам ва аз ин рӯ, таҳсилро дар шуъбаи ғоибона идома бахшидам. Ҳамин сон, фаъолиятро ҳамчун муҳаррири радиои маҳаллӣ оғоз намуда, сар аз соли 2007 ба вазифаи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шудам.

Собиқаи корӣ дар соҳаи радио ва баъдан телевизиони вилояти Хатлон дар рушди ҷаҳонбинӣ, такмили донишҳо ва салиқаи суханвариаш нақши меҳварӣ гузошта буд, ки гузори солиёни фаъолият дар бахшу шуъбаҳои гуногуни МИМҲД ноҳия ҳамчун ҷавони лаёқатманд обутоб меёфт. Дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ки тақозои тақвият бахшидани чорабиниҳои оммафаҳмонӣ дар тамоми деҳот ба миён омада буд, ҳузури бонувони мардумписанд дар сафҳои аҳзоби сиёсӣ аз муҳимтарин зарфият маҳсуб меёфт. Ин буд, ки дастпарвари Созмони Созандагони Ватан ва ҳамчунин мактаби ҳизбӣ ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пазируфта шуд.

Азбаски дар пайроҳаи рӯзгор ба ҷуз иродаву донишу тавонмандиҳои худ дастгиру такягоҳи дигар надошт, ҳамеша баробари зарфиятҳои ҳунармандӣ дар ду ҷода заҳмат мекашид. Ҳанӯз аз овони фаъолияти рӯзноманигорӣ ва пасон масъулиятҳои ҳизбиву дар соҳаи хизмати давлатӣ, инчунин ҳамчун омӯзгор дар коллеҷҳои гуногуни шаҳри Бохтар фаъолият дошт. Бо аз бар намудани таҷрибаи фаъолият дар ҲХДТ ва самти таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои фарҳангу маънавиёт аз соли 2021 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД ноҳия таъин гардид.

— Соли 2022 андар ҷараёни чорабиниҳои маърифатнокӣ миёни занону духтарони деҳу маҳаллаҳои ноҳия, дар ҳаёти ман гардиши ғайриинтизоре ба вуҷуд омад, ки дар конфронси ҳизбӣ ба маснади ниҳоят пурмасъулият — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ пешбарӣ гардидам, — ба ёд меорад Қосимӣ Назокат.

Соли сипаришуда барои Қосимӣ Назокат як соли пур аз дастоварду муваффақиятҳои бузург ва соли эътимод ба неруи зан арзёбӣ мегардад, ки дар сафи 28 тан, аз ҷумла 11 нафар фаъолзанони ҳизби ояндасоз ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҲХДТ пешбарӣ гардида буд. Баъди суҳбати рӯ ба рӯ бо Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвар дар Анҷумани Ҳизб, ҳамакнун Назокат ҳамроҳи фаъолону зиёиёни ноҳия бо диду тадбирҳои ҷадид суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон дар саросари деҳу маҳаллаҳои ноҳия роҳандозӣ карда истодаанд…

Дар ин росто, василаҳои таконбахши ҷомеа ва роҳнамоии мардум ба корҳои бузурги ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашвораи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ин иштироки ҳайати роҳбарикунанда ва аъзову ҷонибдорони ҳизб дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ҷамъоварии ҳосил буд. Ин гуна ташаббусҳои наҷиби ҳизбиён тамоми сокинон, хосса вилояти Хатлонро ба корҳои ободониву созандагӣ таҳрик бахшид.

                                                                                       Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                        ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон