Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Таманно- бонуе тавоно
Чеҳраҳо / СлайдерТаманно Сафарова баъд аз солҳои тулонӣ фаъолият намудан дар вазифаҳои гуногун дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба вазифаи котиби Ҷамоати шаҳраки Хоҷамастон таъин гардид, ки масъулияташ кам нест.
Дар озмуни «Кӯчаи беҳтарин», ки охири соли 2025 ҷамъбаст гардид, кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миёни кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо афзалият мақоми аввалро молик гашт. Суҳбати мо аслан сари ободиҳои ҳамин кӯча шурӯъ шуд. Таманно аз сарҷамъиву ободкориҳои анҷомшуда, ки ин кӯчаро дар озмуни вилоятӣ ба ғолибият овард, бо ифтихор сухан мегуфт.
-Сокинони кӯчаи Сомониён, ки маркази ноҳияро ба кӯчаҳои дигари шаҳрак мепайвандад, аҳлу тифоқ ва ободкоранд. Бо дастгирии мардум дар кӯчаи марказӣ соли гузашта 6 ҳазор бех гулҳои ороишӣ шинонда шуд. Имсол низ онҳо ин иқдомро бо шинондани 4 ҳазор бехи дигар идома доданд. Ҳаммоми замонавӣ, биноҳои баландошёна, марказҳои маданию маърифатӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ маҳз бо мадади соҳибкорон ва мардуми маҳал бунёд шудаву ҳусни маркази ноҳияро афзун намудааст. Соли ҷорӣ бо сокинони шаҳрак ниятҳои дигарро рӯи даст гирифтаем, ки ин ҳама ба ифтихори Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастоварди арзандае хоҳад шуд, - бо хушнудӣ иброз медорад Таманно.
Андешаҳои бонуро корманди МИМҲД ноҳияи Хатича Абдуллоева гӯш додаву тасдиқ мекунад, ки дар саргаҳи ин пешравию ободкориҳо ва сарҷамъии мардум кӯшишҳои бевоситаи Таманно чун котиби Ҷамоат нақши созгор дорад ва моро таҳрик ба васфи кору рӯзгораш медиҳад. «Ӯ бонуи донишманду ҳунарманд ва ба ҳар амали неку чорабиниҳои Ҳукумат дастрасӣ дораду бонуест қобилу тавоно», - хулоса мекунад бону Хатича....
Зодгоҳаш ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, бо он ки падар корманди мақомот буд, дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Ҷайҳун рӯзгори мактабию ҷавониаш сипарӣ шудаанд. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Ҷайҳун хатм намуда, соли 2004 таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо квотаи Президент ба охир расонд. Фаъолияти меҳнатиашро дар бахши маънавиёти МИМҲД оғоз намуд.
Таманно ба овони мактабиаш назар дод, худро дар оғӯши китобу дафтар дида, падари азизашро бо маърифати воло, бо растаҳои китобу китобхонааш ва талқини фарзандонро ба китобхонӣ ёдовар мешавад. Ва то ҳанӯз аст, ки падар аз нафақаи гирифтааш моҳе се-чор китоб мехарад ва рафҳои китобхонаи шахсиашро зиёд менамояд.
– Мо, фарзандони хона, бо сахтгирии падар одат карда будему ҳафтае камаш як китоб мехондему аз имтиҳони падар бо сарбаландӣ мегузаштем, - ба хотир меорад Таманно. - Имтиҳон ба ин маънӣ, ки падар худ ин китобҳоро хонда буд ва аз дилхоҳ саргузашти воқеаю ҳикоя фарзандонро мепурсид.
Хондану донистани саргузаштҳои аҷоиб меҳри китобро дар дили духтарак он қадар афзуд, ки то ҳанӯз рӯзгори худро бе китобу бе мутолаа тасаввур карда наметавонад.
Таманно Сафарова 18 сол аст, ки дар вазифаҳои гуногун дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бахшҳои занон, дин, кор бо кадрҳо ва шуъбаи умумӣ фаъолият намуда, як даъват вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия низ интихоб гардидааст. Дар мураттаб сохтани оиннома ва ба расмиятдарории тамоми ҳуҷҷатҳои масоили ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми бону ҳамчун мутахассиси шуъбаи дини мақомот бузург аст. Соли 2022 бонуи коромӯда ба остони Ҷамоат қадам гузошт.
– Бурди муваффақиятҳоям ин аст, ки дар ҳама лаҳзаҳои душвори кору рӯзгориам, хусуру хушдоман ва шавҳарам дар барам буданд. Маҳз онҳо имкон фароҳам оварданд, ки ман ба ҳама кору бори худ расидагӣ кунам, яъне ҳам бонуи хона ва ҳам модари меҳрубони фарзандҳо буда, дар баробари ин сари вақт дар ҷои кор ҳозир шавам, то гапшун набошам, - мамнун аз рӯзгори хеш нақл мекунад бону. Дар хусуси фарқи кор миёни МИМҲД ва Ҷамоат ҷӯё шудем. Ӯ гуфт:
- Дар мақомот назди роҳбарият масъулият доред ё ба таври дигар ҷавобгӯ ҳастед, аммо дар Ҷамоат масъулияти шуморо халқ, мардум баҳогузорӣ мекунад. Дар Ҷамоат бештар бо мардум кор мегирем, бо одамони касбу кори гуногун ва зиндагии рангоранг рӯ ба рӯ меоем, сарнавишти инсонҳо якранг нест. Ба ин хотир, кори Ҷамоат шавқовару ҷолиб аст. Мардуми шаҳрак аҳли фаҳманд, натиҷаи корбарии мо дар вохӯрию суҳбатҳо бо мардум, гардишҳои усули хона ба хона самари нек дод. Шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона аз байн рафта, шумораи пошхӯри оилаҳо коҳиш ёфт ва сафи занону духтарони коргар дар ташкилоту муассисаҳо ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Оянда мекӯшем, то шумораи духтарони донишҷӯ дар мактабҳои олӣ ва ҳунаристонҳо зиёд шавад, зеро баробари оила барпо намудан духтарон ақаллан ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонанд.
Таманнобону дар чорсӯи зиндагӣ мондани бонувони ҷавонро дида, чун котиб ва бонуи қобилу тавоно назди зодмандон шарт гузошт, ки то соҳибкасб шудани духтаронашон онҳоро ба шавҳар надиҳанд, худдорӣ намоянд. То кай «тақдир ҳамин будаст», «хайр нашуд, нашуда», - гӯён духтарҳоро дар айни шукуфтанҳо рӯҳафтода ва аз зиндагӣ дилсард месозем, - рӯ ба рӯ хитоб менамуд ба падару модарон. Хушбахтона, кӯшишҳои ӯ бино ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мусозода самари хуб додааст, ки нисбат ба дигар ҷамоатҳои деҳот дар шаҳраки Хоҷамастон беҳбудӣ дар ҳамаи самтҳо чашмрасанд.
Зиндагии Таманнобону мисли кораш ҷилои тоза дорад. Имрӯз ду писараш ҳадафи низомӣ шуданро намуда, яке дар Академияи ҳарбии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва дигаре дар Академияи ҳарбии Ҷумҳурии Чин мехонад. Муҳаббати илму дониш, хондани китобу асарҳои бадеӣ аз падар ба вай ва аз ӯ ба фарзандон мерос монда, ки ҳамагӣ лаҳзаҳои фориғ китобе рӯи даст мегиранд.
Бо он ки Таманно Сафарова бонуи кордон ва тавоност, пай бурдем, ки масъулияти хештанро чи дар кору вазифа ва чи дар рӯзгори хонаводагӣ афзал медонад.
Рустами НАЗИР,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











