БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қадамҳои устувори бонувони бахтиёр

Чеҳраҳо / Слайдер

Бо ҳама мушкилу монеаҳои замони нооромиҳо, ки боиси ранҷу азият ва гардишҳои ғайриинтизор дар ҳаёти бонувон мегардид, ҳанӯз ҳам, он ҳама орзуҳои ҷавонӣ монанди шуълаҳои ишқи пок дар дили ӯву насли ҳамсолаш побарҷост. Мисли ҳама фаслҳои паси сар бинмудааш, андар ин баҳори нозанин ҳам саршори хаёлоти сабз асту фараҳу шодмонӣ. Шукронаи истиқлол ва ваҳдату осоиштагӣ дар Тоҷикистонро дорад, ки ҳамсафи пешоҳангони замон дар сарҷамъиву роҳнамоии ҳамдиёронаш ба иқдомҳои созандагӣ ҳиссаи худро мегузорад. Хусусан, дар ин соли таърихӣ, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудааст.

 

Дар зимн, мусоҳиба бо муовини раиси ноҳияи Қубодиён дар рӯзу соатҳое рост омад, ки фаъолзанони ноҳия барои ташкилу баргузории чорабиниҳои бошукӯҳи Ҷашни Наврӯзи бостонии байналмилалӣ омодагӣ медиданд.

– Барои мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, ки аз гузаштагони худ фарҳангу тамаддуни воло, илму ҳунарҳои оламафрӯз, забону адабиёти беназир ва расму оинҳои муқаддасро мерос гирифтаанд, истиқболи арзанда аз ҷашнвораи Наврӯзи ҷаҳонӣ рисолати таърихӣ ва ҳам боиси ифтихору сарбаландист, – иброз дошт дар оғоз Фирӯза Асадуллоева.– Аз сӯйи дигар, ҷалб ва иштироки занону духтарони маҳал дар чорабиниҳои наврӯзӣ, дигар маросимҳои оммавӣ дар такмили ҳунару истеъдод ва рушди ҷаҳонбинии онҳо, ки меҳвари пешбарандаи оила ва мактаби намунавии тарбияи фарзандон дар рӯҳияи арзишҳои ҳаётанд, нақши муҳим дорад.

Ба иқрори Фирӯза, шурӯъ аз имкони хатми ду ихтисоси олӣ, аз ҷумла таҳсил дар риштаи сиёсатшиносӣ ва кулли муваффақиятҳояш дар ҷодаи омӯзгориву пасон, дар зинаҳои роҳбарии самтҳои гуногуни идоракунии МИМҲД, аз тарбияи хонавода ва муҳити маънавии мактабу Коллеҷи зодгоҳаш сарчашма мегирад, ки фориғ аз донишандӯзӣ дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ маҳорату истеъдоди хешро сайқал медод.Бинобар вазъи ноороми оғози даврони соҳибистиқлолӣ ӯ таҳсилро дар филиали Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа дар ноҳияи Қубодиён идома дода, баъди хатми он дар МТМУ №1-и зодгоҳаш ва баъдан Литсейи №1 ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият кард.Аз соли 2001 тибқи квотаи Президент ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори илмҳои сиёсӣ ба итмом мерасонад.

– Дар ҷодаи хизмати давлатӣ роҳнамоям собиқадори соҳа Тоҷинисо Шарифова мебошад, ки маро ба вазифаи котиби масъули Комиссияи кор бо ноболиғон ба кор гирифта, дар такмили донишу таҷрибаи корбариам ёриву маслиҳатҳои судмандашро дареғ намедошт, – ба ёд меорад Фирӯза.– Воқеан ҳам, ин бонуи сиёсатпеша дар тарбияи кадрҳои ҷавони ноҳияи Қубодиён нақши бағоят муҳим дорад. Дар он солҳо фаъолият дар бахшҳои тобеи муовини раиси ноҳия ба мо, ҷавонон, имкон медод, ки аз донишу таҷрибаи сиёсӣ, малакаи роҳбариву ташкилотчигии бонуи кордон баҳравар гардем.Мурури солҳои баъдӣ дар зинаҳои роҳбарии бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва мудирияти шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон ба МИМҲД, дар симои муаллим Тоҷинисо Шарифова роҳнамои мушфиқу уҳдакушои мушкилу муаммоҳоеро медидам, ки дар ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи мо, шогирдонаш, пеш меомаданд.

Фирӯза Асадуллоева дар марҳалаи нави ҳаёти оилавӣ ва фаъолиятҳои роҳбарӣ итминон дорад, ки дар баробари модар будану рисолатҳои оиладорӣ, ормонҳои касбии худро низ ба канор нахоҳад гузошт.Бо ин азму маром ва неруи хастагинопазир, фориғ аз фаъолиятҳои касбиву роҳбарӣ, дар масоили оиладорӣ низ намунаи ибрати ҳамкорон буда, дар сояи таваҷҷуҳу дастгирии ҳамсари оқил фарзандони солеҳу хушсалиқаро ба воя мерасонад, ки яке донишҷӯи бахши дувуми Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ ва ду нафари хурдӣ дар Гимназияи №1-и ноҳия таҳсил доранд.

Ба андешаи ӯ, ҳузури фаъоли занону духтарони лаёқатманд дар ҳаёти сиёсӣ на танҳо талаботи замон, балки ҳақиқати зиндагӣ ва масъулияти бонувон аст, ки барояшон бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам овардааст.Ин буд, ки минбаъд сарфи назар аз ноҳамвориҳои зиндагӣ ӯ бо сабру бардошти модарона аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ канор нарафт.Замони оғози фаъолият дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, ки ҳизбиён суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро то рустоҳои дурдаст рӯи даст гирифта буданд, барои Фирӯза фурсати муносиб фароҳам омад, то рӯзгори воқеии бошандагони деҳкадаҳо ва мушкилу масоили ҳалталаби онҳоро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад.

– Тайи чор соли фаъолият ба сифати мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва баъдан, масъули шуъбаи иттилоот, матбуот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бароям, ки ихтисосманди риштаи сиёсатшиносӣ мебошам, мактаби бузурге ба ҳисоб меравад. Чаро ки маҳз дар ин давра баробари такмили донишу таҷрибаи сиёсӣ аз вазъи иҷтимоӣ ва афкору хостаҳои мардум огоҳӣ пайдо кардаам, ки ин барои хизматчии давлатӣ, ба вижа, аъзои ҳизбе, ки роҳбариашро Президенти кишвар ба зимма доранд, бағоят муҳим аст, – изҳор медорад Фирӯза Асадуллоева.– Ба ростӣ, баъди таъин ба вазифаи муовини раиси ноҳия ва дар таҷрибаи пешбурди самтҳои тобеи соҳаи иҷтимоиёт ва идеология дарк кардам, ки барои кадрҳои роҳбарикунанда то чӣ ҳад таҷрибаи фаъолият дар мактаби ҳизби пешбарандаи ҷомеа муҳим аст.Ҳамакнун, аз соли 2023 дар доираи такмили сохтори мақомоти иҷроия ва таъсиси вазифаҳои муовинон оид ба самти идеологӣ, ки тақозои замон буд, банда роҳбарии соҳаҳои иҷтимоиётро пеш бурда истодаам.

Фирӯза асоси пирӯзиву камолёбии бонувонро дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳамсарон, дастгирии хонавода ва хосатан сабру таҳаммулпазирии бонувон дар шебу фарози зиндагӣ марбут медонад.Ба гуфти ӯ, сол ба сол иштироки занон дар корҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарӣ афзуда истода, ҳатто солҳои охир дар қиёс ба ҷавонписарон шумораи духтарони рӯ ба илму донишандӯзӣ оварда зиёд аст.Имрӯз ҳамроҳи ӯ боз ду тан бонуи ноҳия вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва як нафар вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ мебошад.Пайки хушоянд аз фаъолгардии занону духтарони лаёқатманди ноҳия дар соҳаи хизмати давлатӣ ин аст, ки ҳамасола аз ҳисоби ҷавондухтарони маҳаллӣ довталабони таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон афзудан доранд.

– Дар ин марҳалаи сарнавиштсоз ва вусъати ташаббусҳои ободониву созандагӣ, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон гомҳои устувор гузошта истодаем, мо, дастпарварони Мактаби давлатдории ин абармарди арсаи сиёсатро мебояд, ки ба тарбияи насли худогоҳу давлатсоз тамаркуз намоем, то пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол пояндаву устувор бошанд, – меафзояд муовини раиси ноҳияи Қубодиён Фирӯза Асадуллоева.

                                                                                 Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                          ноҳияи Қубодиён

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 9)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон