Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чормағзшакароб, қандотала, талқон
ДастархонСоли 2022 Ҷамила Аъзамова дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ки байни бонувони чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат варзид. Ӯ бо омода намудани ғизоҳои тезтайёри тоҷикии суннатӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуд. Чанд намунаи хӯрокҳои тезтайёри тоҷикии ин бону чунинанд:
ЧОРМАҒЗШАКАРОБ
Маҳсулоти зарурӣ:
Чормағзи кӯфта – 1 коса
Ҷурғот ё чакка – 1 коса
Фатири гандумӣ – 1 дона
Тарзи тайёрӣ:
Чормағзи кӯфтаро ба табақи чӯбӣ андохта, болои он ҷурғот ё чакка мерезем ва мувофиқи табъ намак илова намуда, мекобем. Сипас, фатирро реза карда, онро якҷоя мекунем. Дар тобистон метавонем болои онро бо помидор ва бодиринги резашуда оро диҳем.
ШИРБАТУХМ
Маҳсулоти зарурӣ:
Шир – 1 литр
Тухм – 4 дона
Зилол – 1 қошуқча
Асал ё набот – 200 грамм
Тарзи тайёрӣ:
Ширро пухта, ба даруни он ҳамаи маҳсулотро андохта, болои оташи паст муддати 20 дақиқа мешӯшонем. Ширбатухм ҳам як навъ ғизои тезтайёр аст, ки бонувони кӯҳистон ҳоло ҳам онро барои занҳои навзоида ва онҳое, ки аз зарби бадан азият мекашанд, омода менамоянд.
ТАЛҚОН
Маҳсулоти зарурӣ:
Орди гандуми бирёншуда – 1 пиёла
Орди нахӯди бирёншуда – 1 пиёла
Тарзи тайёрӣ:
Ба ҳамин миқдор орди гандум ва нахӯди бирёншуда каме намак ва об илова намуда, мисли ќурут кӯлула карда, рӯи табақча мечинем. Дар баъзе маҳалҳо ба ҷои об шир ё равғани зард низ ҳамроҳ мекунанд.
ҚАНДАТОЛА
Маҳсулоти зарурӣ:
Орд – 1 пиёла
Равған – 0,5 пиёла
Ширинии тут ё ангур – 1 коса
Тарзи тайёрӣ:
Ордро дар равған дар оташи паст таф медиҳем. Вақте гард сурх шуд, ба ширинии тут ё ангур каме об илова карда, ба дег меандозем ва то ҷӯш омадан мекобем. Баъди ин дегро 10 дақиқаи дигар кофтан зарур аст, то қандатола омода гардад.
Таҳияи ҚУТБИЯ
Мубодила:
Шарҳҳо











