БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Хӯрокҳои тобистон

Дастархон

 Дар фасли  тобистон, парҳез бояд сабук буда аз сабзавот, меваҳо ва кабудиҳои мавсимӣ бой бошад. Бодиринг, помидор, карам, қаламфур ва дигар сабзавот витамин, минерал  ва антиоксидантҳоро таъмин мекунанд.

 

Дар ҳавои гарм хӯрокҳои вазнин ва равғанӣ номатлуб ба ҳисоб мераванд. Истеъмоли маҳсулоти нонӣ, гӯштӣ ва лӯбиёгиро муътадил карда аз хӯрокҳои тезтайёр худдорӣ кунед.

Дар гармо нӯшидани  оби хунук ба сардшавии бадан оварда мерасонад. Ҳангоми дар ҳавои гарм  дар кӯча будан, ҳарорати бадани инсон табиатан барои мубориза бо гармӣ баланд мешавад. Нӯшидани оби хунук системаи гармидиҳии баданро фишор медиҳад.

Дар гармо ҳатто агар ташнагиро ҳис накунед, бояд бештар об нӯшед. Кӯшиш намоед  то либоси сабук ва озод ба бар намоед. Барои кам кардани хатари гармӣ, аз  кулоҳ ё чатр истифода баред. Дар гармии аз ҳад зиёди нисфирӯзӣ бикӯшед, то берун набароед. Фаъолияти ҷисмониро низ метавонед, дар гармии аз ҳад зиёд маҳдуд кунед. 

Ҳангоми гармӣ беҳтарин нӯшокӣ оби оддӣ буда,  беҳтар аст, ки шахс аз нӯшокиҳои ширин, кофеин ва машрубот худдорӣ кунад.

Дар фасли тобистон аз ҳисоби кам шудани  иштиҳо, арақи зиёд кардан, гузаштан ба ғизои сабук ва афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ, талафоти вазн зудтар ба амал меояд.

Барои паст кардани ҳарорати бадан дар гармо аз  нӯшокиҳои хунук, аз қабили об, шарбати мева, чойи хунук  ё оби лимӯро бинӯшед. Ин нӯшокиҳо барои баданро аз дохил хунук кардан муфид мебошанд.

                                                                                          Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 19)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон