Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тарзи омода намудани самбӯсаи гӯштӣ ва Хӯриш аз лаблабу
ДастархонСАМБӮСАИ ГУШТӢ
Маҳсулоти зарурӣ:
Орд — 500 гр.;
Об — 250 мл;
Намак — 1 қошуқча;
Равған — 100 гр. (гудохташуда ё маргарин);
Гӯшт — 700 гр.;
Равғани дунба — 500 мг;
Пиёз — 500 гр.;
Намак, занҷабили кӯфта, зира — мувофиқи табъ;
Зардии тухм;
Кунҷит.
Аз орд, об, намак ва равған хамир омода намуда, ба муддати 20–30 дақиқа онро мемонем.Сипас хамирро тунук карда, ба рӯяш равған мемолем ва мепечонем. Баъд хамири печонидашударо ба қисмҳои баробар бурида, муддате дар яхдон мегузорем. Гӯштро майда реза карда, пиёзро ба шакли чоркунҷа мебурем. Ба он намак, занҷабили кӯфта ва зираро мувофиқи табъ илова менамоем. Хамирро доирашакл тунук карда, қимаро дар мобайнаш гузошта, кунҷҳояшро мечинем ва миёнаашро кушода мемонем. Болояшро бо зардии тухм молида, сипас кунҷит мепошем ва дар тафдон мепазем.
ХӮРИШИ ЛАБЛАБУ
Маҳсулоти зарурӣ:
Лаблабуи сурх — 2 дона;
Тухм — 2 дона;
Панир — 700 гр.;
Сметана — 400 гр.

Тарзи таҳия:
Таҳияи ин хӯриш хеле осон буда, вақти зиёдро намегирад. Сараввал лаблабу ва тухмро обпаз карда, онҳоро ҳамроҳ бо панир аз дандонаҳои калони турбтарошак мегузаронем. Ба омехта сметана ҳамроҳ карда, болояшро бо панири резакардашуда ё зардии тухм зеб медиҳем.
Таҳияи Саъдиниссои Оқилҷон
Мубодила:
Шарҳҳо











